Манбаи нирӯи маънавии халқ

    Ҳукумат 31 Avgust 2021 9533

    Нутқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавии кушодани боғи «Янги Ӯзбекистон» ва Муҷассамаи истиқлолият

    Ҳамватанони азиз!

    Дар ин рӯзҳо ҳамаи мо, тамоми мардуми бисёрмиллатамон бо хушнудии бузург, бо тантана 30-солагии истиқлолияти Ватанро ҷашн мегирем.

    Мардуми меҳнатдӯст ва шарафманди Ӯзбекистон аз қадим бо истеъдоди бунёди шаҳрҳои бузургу зебо, ёдгориҳои меъморӣ ва мадании нотакрораш машҳур аст. Имрӯз низ сарфи назар аз оқибатҳои пандемия ва буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ он ин санаи таърихиро бо ғалабаҳои муносиби меҳнатӣ истиқбол менамояд.

    Дар тамоми минтақаҳои мамлакат корхонаҳои нав, мавзеъҳои иқоматии замонавӣ, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, тандурустӣ, маданӣ ва варзишӣ, роҳу пулҳо сохта, боғу роғ бунёд менамоянд.

    Даҳҳо лоиҳаҳои бузург ва барномаҳои иҷтимоие, ки ба баланд бардоштани некӯаҳволӣ, дараҷа ва сифати зиндагии мардум нигаронда шудааст, татбиқ мегарданд.

    Дар ин лаҳзаҳои ба ваҷдоваранда мо боз дар як рӯйдоди таърихӣ – маросими тантанавии кушодани боғи «Янги Ӯзбекистон» ва Муҷассамаи истиқлолият иштирок дорем, ки ба шарафи Ҷашни бузурги Ватан бунёд гаштаанд.

    Тавре ки медонед, мо якҷоя моҳи май бо ҷомеаи васеъ бо нияти нек дар ин ҷо дар ҳудуди боғи оянда аввалин ниҳолҳоро шинонда, хишти аввали таҳкурсии маҷмуаро гузошта будем.

    Ба туфайли меҳнати шуҷоатноки мардуми бунёдкорамон ба мо ноил гардид, ки дар муддати кӯтоҳ дар ин ҳудуди хеле васеъ боғи зебо ба вуҷуд оварда, маҷмӯи Муҷассамаро бунёд намоем.

    Пеш аз оғози сохтмон мо бо таърихшиносон, намояндагони зиёиёни эҷодкор, насли куҳансол ва ҷавонон доир ба хусусияти маҷмӯаи «Янги Ӯзбекистон» нисбати меъморӣ ва бадеии он эътибори алоҳида дода, машварат намудем. Ҳамин тариқ агар ба боғ аз баландии парвози гунҷишк назар афканем, он дарахти азимеро ба ёд меорад, ки аз он панҷ шох сар зада, панҷ самти бартариноки Стратегияи ҳаракатро таҷассум менамояд.

    Дар ин ҷо замонавитарин шароит барои аҳли пойтахт, вилояти Тошканд, дигар минтақаҳои мамлакатамон ва меҳмонони хориҷӣ барои истироҳати бомазмун бо тамоми хонавода ва фарзандон ба вуҷуд оварда шудааст.

    Дар ин ҳудуди доманфарох кӯли сунъӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бачагона, амфитеатр, фаввораву биноҳои савдо ва хидматрасонӣ, пештоқҳои ҳунармандон ҷой хоҳанд гирифт. Намудҳои нодири дарахтҳои ороишие, ки маҷмӯи боғро оро медиҳанд ва ҳамчунин қаторҳои зиёди гулзор ба чашмҳо завқ мебахшад ва ҳамзамон ёдрас менамояд, ки табиатро ҳифз ва эҳтиёт намуда, бо он дар ҳамоҳангӣ зиндагӣ намудан зарур аст.

    Дар шафат аз рӯи стандартҳои замонавӣ бо истифода аз технологияи пешқадам Маҷмӯи олимпӣ сохта мешавад. Дар ин ҷо мусобиқаҳои асосии Бозиҳои осиёии ҷавонон барпо мегардад, ки онро мамлакатамон соли 2025 қабул менамояд.

    Ғайр аз ин шаҳраки нав бунёд мегардад, ки дар он биноҳои нави муассисаҳои таълими олӣ, клиникаҳои тиббӣ, марказҳои намоишгоҳии байналхалқӣ ва иншоотҳои дигар ба вуҷуд оварда мешаванд.

    Дар қисми марказии боғ, ба таври дигар ифода намоем, дар қалби он, намунаи беҳтарини санъати монументалӣ – Муҷассамаи азими истиқлолият қарор дорад.

    Имрӯз мо 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро васеъ ҷашн менамоем. Аммо таърихи давлатдории миллиамон беш аз се ҳазор солро ташкил менамояд. Ин далели илмие, ки дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Зимни бунёди Муҷассама мо кӯшиш кардем, ки ин ғояи консептуалиро таҷассум намоем.

    Тавре ки маълум аст, мамлакатамон дар таърихи қадимии худ бисёр рӯйдодҳои дурахшону хотирмон, озмоиш ва машаққатҳои мухталифро аз сар гузарондааст. Аммо бояд таъкид кард, ки ҳар як давлатдорие, ки дар ҳудуди Ватанамон вуҷуд доштааст, ҳар гуна ҷараёнҳои иҷтимоӣ, дастовард ва нокомӣ, тараққиёт ва ё буҳронро мардумамон аз сар гузарондааст, ки он ҳама қисми ҷудонопазири роҳи мураккаби таърихӣ мебошад. Аз ин рӯ ҳар марҳалаи таърихамон бояд амиқ омӯхта шуда, онҳо чун як ҳалқаи воҳид баррасӣ гарданд.

    Халқе, ки аз ғалаба ва дастовардҳои гузаштааш нирӯ мегирад, аз иштибоҳоти худ сабақ мебардорад, қодир аст, ки роҳи тараққиёт ва самташро барои оянда дуруст муайян намояд.

    Аз ин нуқтаи назар мо қарор намудем, ки дар Муҷассама рӯйдодҳои муҳимтарин аз давраи қадим то таърихи нави Ӯзбекистонро сабт намоем, кӯшиш кардем, ки маданият ва мероси маънавӣ, образҳои ҷовидонаи сарлашкарҳо ва ҷанговарони бузург, олимон ва мутафаккирон, ҷадидони маърифатпарварро таҷассум намоем.

    Ҳаёти мураккаби Ӯзбекистон дар замони низоми тоталитарӣ, озмоишҳои мураккабро, ки сарнавишт ба сарамон овардааст, даврони қатағон, мардонагӣ ва истодагарии халқамон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар композитсияи меъмории Муҷассама барало сабт гаштаанд. Инчунин марҳалаҳои асосии ҳаёти арбобони маъруфи давлатӣ, ки барои Ватан дар мураккабтарин шароит барои тараққиёт, сулҳ ва фараҳмандии мамлакат ва халқ хидмат намудаанд, нишон дода шудаанд.

    Ба роҳи даст ёфтан ба истиқлолияти миллӣ, ки зери роҳбарии Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримов тай гаштааст, эътибори алоҳида нигаронда шудааст.

    Шоистаи таъкид аст, ки ин ёдгории нодир дар ҳамоҳангӣ бо ғояи ба вуҷуд овардани таҳкурсии Ӯзбекистони нав ва Эҳёи сеюм бунёд гаштааст. Дар симои Муҷассамаи истиқлолият гузашта, имрӯз ва оянда ҳамоҳангӣ пайдо намудааст.

    Дар назари мо бо тамоми ҳашамат гунбази нилгуни империяи Соҳибқирон Амир Темур чун пойгоҳи давлатдории миллиамон, расадхонаи Мирзо Улуғбек дар партави осмони ситорагин намудор гардида, ихтироъҳои муҳимтарини олимон ва мутафаккиронамон, ки ба илм ва тамаддуни ҷаҳон саҳми беназир гузоштаанд, пешкаш гаштаанд.

    Муҷассама мурӯи Ҳумоеро, ки болҳояшро мағрурона кушода, баланд парвоз намудааст, азми моро ба сулҳ ва озодӣ, некӣ ва фараҳмандӣ ҷило медиҳад.

    Хуллас, Муҷассамаи истиқлолият ин рамзи бузурги таърихи қадимӣ ва маданияти ғанӣ, инсонпарварӣ, мардонагӣ ва шуҷоати халқамон мебошад.

    Дар назди Муҷассама кошине бо навиштаҷоти: «Ёдгории абадӣ аз гузаштагоне, ки дар таърихи халқ нақши дурахшон гузоштаанд, ҳамеша дар қалбамон зинда хоҳад буд».

    Бояд аз он хусус сухан ба миён овард, ки дар шафати боғи «Ӯзбекистони нав» аэропорти байналхалқии замонавӣ сохта мешавад. Минбаъд меҳмонони олирутба, ки ба мамлакатамон аз хориҷ меоянд, маҳз дар ҳамин ҷо ба халқ ва давлатамон арзи эҳтиром ба ҷо меоранд. Аз ин баъд мо Наврӯз, Рӯзи истиқлолият, дигар ҷашнҳои давлатӣ, чорабиниҳои доманфарохи маданӣ, сайрҳои халқиро дар ин маҳалли зебо, ки барои он тамоми шароит фароҳам аст, барпо хоҳем кард.

    Таъкид бояд кард, ки дар муддати кӯтоҳ сохтани маҷмӯи боғи «Ӯзбекистони нав», ки имрӯз боиси ҳушҳолӣ ва эҳтирос мегардад ва қалбҳоямонро аз ҳисси ифтихор лабрез месозад, осон набуд, хусусан дар шароити пандемияи мураккаб. Аммо сарфи назар аз тамоми машаққатҳо, бинокорон ва меъморони моҳирамон, муҳандисон ва боғпарварон, пайкарасозон ва рассомони бомаҳорат, мутахассисон ва роҳбарони соҳаҳои мухталиф, ҷавонони аҷоибамон шабу рӯз меҳнат намуданд, ки ба мардуми Ӯзбекистон дар арафаи ҷашн ин маҷмӯи нотакрорро ҳадя намоянд.

    Аз фурсат истифода намуда, аз номи мардумамон ва шахсан аз номи худам ба ҳамаи ҳамватанонамон ва шарикони хориҷиамон, ки ба чунин кори муҳим ва шарафнок ҳисса гузоштаанд, миннатдории амиқ изҳор менамоям.

    Бешубҳа, ин маҷмӯа рамзи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ёдгории муқаддас, маркази нодири маданӣ ва ирфонӣ, мактаби тарбияи насли наврас мегардад.

    Боварӣ дорам, ки ҳар касе, ки аз боғи «Ӯзбекистони нав» боздид мекунад, натанҳо хуб истироҳат мекунад, аммо пеш аз ҳама эҳсосоти наҷибу зеборо бо худ дошта, ба сарчашмаи қувваи бузурги маънавӣ ворид гардида, нирӯ ва илҳом мегирад.

    Ҳамаи шуморо, тамоми халқамонро бо ифтитоҳи боғи «Ӯзбекистони нав» ва Муҷассамаи истиқлолият табрик мегӯям.

    Бигзор, мамлакатамон шукуфон бошад, халқи бошараф ва меҳнатқаринамон хушбахт бошад!

    Барои эътиборатон ташаккур.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates