Комиссияи марказии интихоботӣ рӯзи душанбе, 10 июл дар нишасти хабарӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро эълон кард. Тибқи иттилои КМИ, 87,05 дарсади интихобкунандагон ба ҷонибдории Шавкат Мирзиёев овоз додаанд.
Гурӯҳи нозирони байналхалқӣ, ки ба ҳайати он раиси Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Палатаи намояндагони Ҷумҳурии Индонезия доктор Фадли Зон дохил буд, аз Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ дидан кард.
6 июл дар Комисссияи марказии интихоботӣ бо намояндагони ҳайати вакилони Ҳиндустон, ки барои мушоҳида намудани рафти тайёрӣ ба интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баргузории он ба кишвари мо омадаанд, вохӯрӣ баргузор гардид.
20 июни соли 2023 дар доираи мониторинги дарозмуддати интихоботи пеш аз муҳлат ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳи нозирон аз кишварҳои ИДМ ба комиссияи ҳавзаи интихоботии 14-уми Тошканд ташриф оварданд.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботӣ, ки имрӯз баргузор шуд, сана ва вақти овоздиҳии пеш аз мӯҳлат дар интихоботи Президенти Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.
14 июни соли 2023 дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботӣ, ки ба интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида шудааст, масъалаҳои таъмини ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд, вазъи баррасии аризаҳо, ки ба Комиссияи марказии интихоботӣ дар давраи омодагӣ ба интихобот расидаанд, аккредитатсияи нозирони байналмилалие, ки дар интихоботи президентӣ иштирок мекунанд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баррасӣ шуданд.
Бо мақсади баррасии босамари муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯби маъракаи интихоботии президентӣ, ба шаҳрвандон додани тавзеҳот ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дар назди Комиссияи марказии интихобот "Call-center" ба кор даромад.
30 май дар съезди XI Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либералию демократӣ (OzLiDeP) дар Тошканд қарор қабул кард, ки сарвари давлатии феълӣ Шавкат Мирзиёев ба унвони номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати 9 июл тасдиқ карда шавад.
Дар Анҷумани XIII Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (ҲХДӮ) 29 майи соли равон дар шаҳри Тошканд қарор қабул намуд, ки ба сифати номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати 9 июл раҳбари ин ҳизб Улуғбек Иноятов тасдиқ карда шавад.
24 май ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботӣ барпо гардид. Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ таъсис додани участкаҳои интихоботӣ ва ташкили гурӯҳҳои коршиносӣ ҷиҳати санҷиши дурустии варақаҳои имзои аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодшуда баррасӣ шуданд.