Дания бо мақсади таҳкими неруҳои мусаллаҳ дар шароите, ки таҳдиди Русия меафзояд, аз соли 2026 хидмати ҳатмии ҳарбиро барои занон ҷорӣ мекунад.
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба такмили минбаъдаи низоми дастгирии оила ва занон» (№ ЦП-103 аз 14.03.2025) қабул гардид.
11 феврал, дар Рӯзи байналмилалии занон дар илм, дар шаҳри Тошканд Форуми занони олими Ӯзбекистон баргузор шуд. Ёвари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева зимни суханронии худ дар форум изҳор дошт, ки занон 48 фоизи ҷомеаи илмии кишварро ташкил медиҳанд.
27 декабри соли равон маросими супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни миллии «Зани сол» баргузор гардид.
Дар соли таҳсили 2024-2025 ҳокимияти шаҳри Тошканд аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллӣ 920 миллион сӯмро барои пардохти таҳсили шартномавии 102 донишҷӯдухтар, ки ба гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазир тааллуқ доранд, ҷудо намуд.
14 ноябр мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Нодира Шотурсунова бо муовини раиси Раёсати Бонки халқии Ӯзбекистон Гулзода Рашидова ва коршиноси гендерии Бонки осиёии рушд Зайнаб Саид баргузор гардид.
Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 24 августи соли 2024 № 527 "Дар бораи чораҳои ҳавасмандгардонии бонувони фаъол ва аъзои ҳаракати бонувони "Оқила аёл" дар маҳаллаҳо" қабул гардид.
14 майи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷроияи СММ-занон Сима Сами Искандар Бахус, ки барои иштирок дар Форуми занони Осиё дар Самарқанд ба Ӯзбекистон омадааст, мулоқот кард.
Имрӯз дар Самарқанд Форуми занони Осиё таҳти мавзӯи «Муносибати минтақавӣ ба тавонмандсозии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии занон» ба кор шурӯъ кард.
Дар чаҳорчӯби Форуми занони Осиё, ки дар Самарқанд баргузор мегардад, Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафарова мулоқот анҷом дод.