Тибқи қарор, ки Комиссияи марказии интихоботӣ дар ҷаласаи 26 августи соли 2024 қабул кардааст, дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва дигари Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ барои баргузор намудани интихоботи депутатҳо ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи ҳавзаи ягонаи интихоботӣ қитъаҳои интихоботӣ ташкил карда шуданд.
31 июл дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботӣ масъалаи бақайдгирии намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ шуд.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон, ки имрӯз, 26 июл баргузор шуд, Олий Маҷлис доир ба интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва вакилони Шӯроҳои маҳаллӣ як қатор қарорҳо қабул кард.
Ҳайати Ӯзбекистон таҳти раҳбарии муовини раиси Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон Баҳром Қӯчқоров дар интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар ба ҳайси нозирони байналмилалӣ ширкат кард.
Комиссияи марказии интихоботӣ рӯзи душанбе, 10 июл дар нишасти хабарӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро эълон кард. Тибқи иттилои КМИ, 87,05 дарсади интихобкунандагон ба ҷонибдории Шавкат Мирзиёев овоз додаанд.
6 июл дар Комисссияи марказии интихоботӣ бо намояндагони ҳайати вакилони Ҳиндустон, ки барои мушоҳида намудани рафти тайёрӣ ба интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баргузории он ба кишвари мо омадаанд, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботӣ, ки имрӯз баргузор шуд, сана ва вақти овоздиҳии пеш аз мӯҳлат дар интихоботи Президенти Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.
14 июни соли 2023 дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботӣ, ки ба интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида шудааст, масъалаҳои таъмини ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд, вазъи баррасии аризаҳо, ки ба Комиссияи марказии интихоботӣ дар давраи омодагӣ ба интихобот расидаанд, аккредитатсияи нозирони байналмилалие, ки дар интихоботи президентӣ иштирок мекунанд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баррасӣ шуданд.
Бо мақсади баррасии босамари муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯби маъракаи интихоботии президентӣ, ба шаҳрвандон додани тавзеҳот ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дар назди Комиссияи марказии интихобот "Call-center" ба кор даромад.
24 май ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботӣ барпо гардид. Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ таъсис додани участкаҳои интихоботӣ ва ташкили гурӯҳҳои коршиносӣ ҷиҳати санҷиши дурустии варақаҳои имзои аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодшуда баррасӣ шуданд.