Аспсаворони дастаи яккачини Ӯзбекистон оид ба ҷаҳидан дар мусобиқаҳои байналхалқӣ дар Бишкек як қатор ғалабаҳои дурахшон ба даст оварданд. Дар Қирғизистон марҳилаи 2-юми Ҷоми ҷаҳон ва марҳилаи Ҷоми миллатҳои Лигаи Авруосиё ба анҷом расид.
Дар шаҳри Ираклиони Юнон Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар вазнбардорӣ анҷом ёфт. Дар рӯзи охирини мусобиқоти сайёра дар вазни беш аз 109 килограмм ҳамватани мо Мирҳосил Мирзобоев, ки се медали нуқра гирифт, ба зинаи шоҳсуфа баромад.
Дар Барселона мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷаҳиш баргузор гардид, ки дар он қавитарин аспсаворони ҷаҳон барои унвони беҳтаринҳо мубориза бурданд. Дар мусобиқаҳои бонуфуз ҳамватани мо низ ширкат карда, натиҷаи аъло нишон дод.
Раиси Федератсияи асппарварӣ ва варзиши аспдавонии Ӯзбекистон Баҳромҷон Ғазиев ва роҳбари Федератсияи аспдавонии Италия Марко ди Паоло ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд. Дар ин санад гуфта мешавад, ки ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ сурат мегирад.
Сафина Саъдуллоева, ки ҳайати мунтахаби атлетикаи сабуки Ӯзбекистонро намояндагӣ мекунад, иштирокро дар мусобиқоти Аврупо идома медиҳад. Имсол ҳамватани мо дар мусобиқаҳои Словакия қувва озмуд.
Дар Абу-Дабӣ мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба варзиши аспдавонӣ ташкил карда шуданд. Дар оғози соли равон варзишгарони номдор ширкат доштанд, ки таҷрибаи бойи бозӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ доранд.
4 феврали соли равон дар шаҳри Пекини Чин Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ оғоз мешаванд. Дар онҳо дар баробари 90 кишвари ҷаҳон ҳайати Ӯзбекистон низ ширкат хоҳад кард.
Бо даъвати кумитаи тадорукоти Бозиҳои осиёии Ҳанҷоу-2022, ки соли оянда баргузор мешавад, тарроҳони Ӯзбекистон дар намоишгоҳи байналмилалии Тси Паo иштирок карданд. Қобили зикр аст, ки ҳамватани мо, ки дар ин чорабинӣ бо лоиҳаҳои худ баромад намуд, ба ҷои аввали фахрӣ сазовор дониста шуд.
Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (AИБA) Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занонро, ки мебоист моҳи оянда баргузор мешуд, ба таъхир мегузорад.
Дар айни замон, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон бо мақсади ҳамоҳанг сохтани футболи бачагонаву наврасон ва фаъолияти академияҳои футбол дар минтақаҳо корҳои муназзам анҷом медиҳад.