Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ӯзбекистон ва Словакия 1 январи соли 1993 барқарор шуданд. Гарчанде ки барои муддати тӯлонӣ ин муносибатҳо дар сояи форматҳои калонтар қарор доштанд, имрӯз мо шоҳиди пешрафти устувор дар самти институтсионализатсия ва мунтазамсозии муколама ҳастем. Дар заминаи фаъол гардидани сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ва афзоиши таваҷҷуҳи Иттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ муносибатҳои байни Тошканд ва Братислава такони нав пайдо карданд.

Дар арсаи байналмилалӣ ду кишвар дар доираи СММ, САҲА, Шӯрои Аврупо ва дигар сохторҳои марбут ба рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор ҳамкорӣ мекунанд. Словакия анъанавӣ аз ташаббусҳои Ӯзбекистон ҷонибдорӣ мекунад, ки ба таъмини амнияти минтақавӣ, ҳамкории обиву экологӣ дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаҳо дар соҳаи маориф нигаронида шудаанд.

Ба таври мушаххас, дар доираи иҷлосияи 75-уми Маҷмаи умумии СММ, Словакия аз қатъномаи пешниҳодкардаи Ӯзбекистон оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ пуштибонӣ кард. Дар навбаи худ Ӯзбекистон талошҳои Словакияро дар доираи САҲА, аз ҷумла раёсати он дар соли 2019, ки таваҷҷуҳи махсус ба шаффофият, волоияти қонун ва муколамаи байнифарҳангӣ равона шуда буд, баҳои баланд дод — ин мавзӯъҳо бо авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тошканд мувофиқ меоянд.

Муколамаи байнипарлумонӣ низ пайваста мустаҳкам мешавад.

Моҳи апрели соли 2023 ҳайати парлумонии Словакия таҳти роҳбарии раиси Шӯрои миллӣ Борис Коллар ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом дод. Мулоқотҳо дар Сенат ва Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис, инчунин дар Девони Вазирон баргузор гардиданд.

Дар моҳи марти соли 2025 дар Олий Маҷлис гурӯҳи байнипарлумонии ҳамкорӣ бо Шӯрои миллии Словакия таъсис дода шуд, ки аз 13 вакил иборат аст. Дар парлумони Словакия низ гурӯҳи ҳамсон барои ҳамкорӣ бо Олий Маҷлиси Ӯзбекистон фаъолият мекунад.

Муколамаи фаъол миёни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад.

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар борҳо дар Тошканд ва ҳамчунин дар ҳошияи ҳамоишҳои байналмилалии бузург мулоқот анҷом додаанд.

Тарафҳо мунтазам дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷӣ машваратҳои сиёсӣ баргузор мекунанд, ки дар онҳо ҳам масъалаҳои дуҷониба ва ҳам ҳамоҳангсозӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ муҳокима мешаванд. Даври панҷуми чунин машваратҳо 14 январи соли 2025 дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Бар асоси Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, дар тиҷорати дуҷониба байни Ӯзбекистон ва Словакия низоми муносибатҳои баробар бо мақоми «режими муносибтарини савдо» татбиқ мегардад. Гарчанде ҳоло ҳаҷми савдои байни ду кишвар калон нест, ҳар ду ҷониб ба таҳкими робитаҳои устувори иқтисодӣ таваҷҷуҳ доранд.

Аз ҷумла, соҳаҳои дорои манфиати муштарак — муҳандисӣ ва саноати мошинсозӣ, фармасевтика, энергетика, телекоммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо мебошанд.

Пешомаднок будани ҳамкории иқтисодӣ дар сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Словакия дар моҳи августи соли 2023 низ тасдиқ ёфт. Дар доираи ин сафар форуми тиҷоратии Ӯзбекистону Словакия ва мулоқотҳои дуҷониба бо котиби давлатии Вазорати иқтисоди Словакия Петер Швец, директори генералии Оҷонси рушди сармоягузорӣ ва савдои Словакия Роберт Шимончич, раиси Палатаи савдо ва саноат Петер Михок ва роҳбарони бузургтарин ширкатҳои словакиро метавон барҷаста арзёбӣ кард. Ин чорабиниҳо ба наздикшавии робитаҳои доираҳои соҳибкорӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Ширкатҳои словакиро бозори Ӯзбекистон ҳамчун макони эҳтимолӣ барои маҳаллигардонии истеҳсолот бо имкони ворид шудан ба бозорҳои ИДМ ҷалб мекунад. Дар навбаи худ, истеҳсолкунандагони ӯзбекистонӣ ба дастрасӣ ба технологияи муосир ва сармоягузориҳо аз ҷониби Словакия манфиатдор ҳастанд.

Дар айни ҳол, дар Ӯзбекистон 6 корхона бо иштироки сармояи Словакия фаъолият доранд, ки аз онҳо 4-тоаш бо сармояи 100% хориҷӣ таъсис ёфтаанд.

Пештар танзими робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ тавассути Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Словакия амалӣ мешуд. То имрӯз се ҷаласаи ин комиссия баргузор шудааст.

5 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ҷаласаи аввали Комиссияи нави байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Словакия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки Сарвазири Словакия Роберт Фитсо ва ҳайати намояндагии баландпояи доираҳои тиҷоратии ин кишвар дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд (IV Tashkent International Investment Forum), ки дар рӯзҳои сафараш дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Ин аломати возеҳи иродаи сиёсӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад, ки бешубҳа ба ташкили робитаҳои устувор ва манфиатбахши иқтисодӣ хидмат хоҳад кард.

Ҳамзамон, ҳар ду кишвар ба рушди ҳамкории нақлиётӣ ва логистикӣ манфиатдор мебошанд. Словакия метавонад ба як гиреҳи муҳими транзитӣ барои содироти Ӯзбекистон дар доираи Роҳи Транскаспӣ ва ташаббуси Global Gateway табдил ёбад.

Дар доираи сиёсати «дарҳои кушода»-и Ӯзбекистон ва бо мақсади густариши мубодилаи тиҷоратӣ ва сайёҳӣ, аз соли 2019 барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Словакия тартиби бидуни раводид барои то 30 рӯз ҷорӣ гардидааст.

Тайи солҳои охир яке аз самти нави ҳамкорӣ байни ду кишвар ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мебошад. Аз 3 то 6 марти соли ҷорӣ ҳайати Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Словакия сафари расмӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар, бо намояндагони Вазорати маорифи Словакия ва форуми Ӯзбекистону Словакия баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати иқтисод, Палатаи савдо ва саноат ва доираҳои соҳибкории Словакия иштирок карданд.

Ҳамчунин, ҳайат бо ширкатҳои рекрутингии Словакия мулоқот анҷом дода, дар натиҷаи он бо Федератсияи корфармоён ва Ассотсиатсияи агентии кадрии Словакия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар асоси Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, ки моҳи ноябри соли 1997 миёни Ӯзбекистон ва Словакия имзо шудааст, мубодилаи ҳайатҳои фарҳангӣ ва иштироки намояндагони ду кишвар дар чорабиниҳои байналмилалии фарҳангии якдигар мунтазам амалӣ мегардад.

Аз соли таҳсили 2014–2015, ҳукумати Словакия Ӯзбекистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил намудааст, ки шаҳрвандони онҳо метавонанд барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Словакия бурсия (стипендия) ба даст оваранд. Дар ин барнома донишҷӯён, таҳқиқгарони ҷавон ва кормандони муассисаҳои илмии Ӯзбекистон метавонанд иштирок намоянд.

Рӯзҳои кино ва консертҳои муштарак, ки дар ҳар ду кишвар баргузор мешаванд, ба наздикшавии мардум ва тақвияти муколамаи байнифарҳангӣ мусоидат мекунанд.

Хулоса, муносибатҳои миёни Ӯзбекистон ва Словакия, ки дорои иқтидори бузург мебошанд, ба як марҳилаи нави рушд ворид шудаанд ва метавонанд ба намунаи равшани муколамаи муосири байнидавлатии мутақобилан судманд табдил ёбанд.

Дар ин замина, сафари дарпешистодаи Сарвазири Словакия Роберт Фитсо ба Ӯзбекистон интизор меравад, ки ба густариши муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддие бахшида, онҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ барорад.

 

АИ “Дунё”.