Дар мулоқот аз ҷониби ИМА муовини якуми котиби давлатии кишвар Кристофер Ландау ва дигар шахсони расмӣ низ ширкат варзиданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва ИМА дар доираи иҷрои тавофуқоти дар сатҳи олӣ 23 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк бадастомада мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози мулоқот Серҷио Гор паёми самимӣ ва таманниёти некро аз номи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба Сарвари кишвари мо расонд.

 

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун босуръат рушд мекунад, робитаҳои тиҷоратӣ густариш меёбанд. Ҳаҷми гардиши мол афзуда, аввали моҳи октябр сафари ҳайати Палатаи тиҷоратии ИМА ба Ӯзбекистон бомуваффақият баргузор гардид.

Зимни мулоқот ба аҳамияти пешбурди лоиҳаҳо дар бахшҳои саноат, молия, маъданҳои муҳими стратегӣ, энергетика, рақамисозӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар асоси “харитаи роҳ”-и қабулшуда таъкид шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкории амниятӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин муҳоҷирати ғайриқонуниро муҳокима намуданд.

Дар вохӯрӣ табодули назар оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои дарпешистода, аз ҷумла нишаст дар формати “C5+1”, ки ҳафтаи оянда дар шаҳри Вашингтон баргузор мегардад, баррасӣ шуд.