Равандҳои трансформатсия дар низоми бонкӣ баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 20 Noyabr 2023 3150

    Президент Шавкат Мирзиёев 20 ноябр бахшида ба равандҳои трасформатсия ва хусусигардонӣ дар низоми бонкӣ ҷаласа баргузор кард.

    Дар натиҷаи корҳои дар самти ислоҳоти ин сектор анҷомдодашуда дар се соли охир сармояи бонкҳо 1,8 баробар ва ҳаҷми солонаи қарздиҳӣ 2 баробар афзуд. Чаҳор бонк бори нахуст евробонд бароварда, дар бозори байналмилалии сармоя як миллиард доллар ҷалб кард. Ба «Ипотека банк» сармоягузори стратегии хориҷӣ ҷалб карда шуд. 13 банки нави хусусӣ кушода шуд, дар мамлакат банкҳои пешқадами Венгрия, Қазоқистон ва Грузия ба кор cap карданд. Ҳаҷми хизматрасониҳои онлайн-банкинг 2,7 баробар афзуд.

    Дар баробари ин, рақобат дар бахши бонкӣ ва ҳамчунин талабот ба хидматрасонии он рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Ин тезонидани равандҳои дигаргунсозӣ ва муайян кардани вазифаҳои афзалиятноки ояндаро талаб мекунад. Дар ҷаласа пешниҳодҳо оид ба омодасозии бонкҳо ба хусусигардонӣ, ташкили IPO-и коғазҳои қиматноки онҳо ва ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ ба соҳа пешниҳод карда шуданд.

    Вазифа гузошта шуд, ки ҳамкориҳо бо ширкатҳои рейтингии байналмилалӣ пурзӯр карда, барои беҳтар намудани рейтинги бонкҳо тадбирҳои миёнамуҳлат таҳия карда шаванд. Зарурати ба талаботи замон мутобиқ кардани системаи тайёр кардани кадрҳои ихтисоснок қайд карда шуд.

    Дар ҷамъомиад роҳбарони бонкҳо нақшаҳои худро оид ба дигаргунсозӣ ва омодагӣ ба хусусигардонӣ, омӯзиши кормандон ва татбиқи қарорҳои пешрафтаи IT дар соҳа муаррифӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳар як бонк бояд лоиҳаҳоро амиқ таҳлил намуда, то анҷоми татбиқи онҳо ҳамроҳӣ кунад, дар минтақаҳо ва соҳаҳо лоиҳаҳои самарабахш таҳия намояд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates