Сафари Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон марҳалаи нави таърихии равобити дуҷониба гардид...
Барномаи чорабиниҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба анҷом расид.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафар ба Душанбе ҳамроҳ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи саноатии Ӯзбекистон, ки дар Экспомаркази пойтахт ташкил шудааст, дидан кард.