Вазифаи фароҳам овардани низоми идоракунии ихчам ва самарабахш гузошта шуд

    Ҳукумат 4 Avgust 2022 6331

    4 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои ислоҳсозии хидмати давлатӣ ва баланд бардоштани самарабахшии идоракунӣ ҷамъомад видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Ин идомаи мантиқии ислоҳоти маъмурие мебошад, ки дар солҳои охир гузаронида шуд. Ба шарофати курси гузаронидаи Президент хидматчиёни давлатӣ ба шаҳрвандон хеле наздиктар шуданд. Низоми мулоқот бо мардум, тақсими як қисми маблағҳои буҷет аз рӯи ташаббуси аҳолӣ, кор дар шароити маҳаллаҳо ба роҳ монда шуданд. Барои кори пурсамари хидматчиёни давлатӣ шароити мувофиқ фароҳам оварда шуд.

    Сарвари давлатамон дар суханронии худ дар ҷамъомади муштараки Олий Маҷлис таъкид намуд, ки “вазифаи муҳими навбатӣ - бо роҳи трансформатсияи идораҳои марказӣ созмон додани низоми идоракунии ихчам ва самарабахш мебошад, ки ба эҳтиёҷоти шаҳрвандон нигаронда шудааст”.

    Ҳоло дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 118 ҳазор кас кор мекунад. Аммо хизмати давлатӣ ҳанўз ба як низоме табдил наёфтааст, ки ба интизории мардум ҷавобгў бошад.

    Масалан, соли гузашта ба қабулгоҳҳои халқӣ дар бораи нотавонӣ ва бемасъулиятии коркунони вазорату идораҳо 25 ҳазор, дар бораи паст будани маданияти муошират 7 ҳазор шикоят расидааст.

    Баъзе шахсони мансабдор аз сабаби мавҷуд набудани низоми мукаммали муайян кардани салоҳият, омӯзиш ва такмил додани кор аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳояшон баромада наметавонанд. Умуман, набудани низоми хоста гирифтан, тайёр кардан ва ҳавасмандгардонии роҳбарон яке аз сабабҳои асосии паст будани сифати идоракунӣ мебошад.

    Пас аз коркарди дусола бо ҷалби коршиносони ватаниву хориҷӣ дар асоси баррасии ҳамаҷониба Қонун «Дар бораи хизмати давлатии давлатӣ» омода гардид.

    Дар маҷлис вазифаҳои аввалиндараҷаи дар назди мақомоти давлатӣ қароргирифта дар асоси талаботи қонуни мазкур муайян карда шуданд.

    Пеш аз ҳама, низоми ошкоро ва шаффофи қабул ба мақомоти давлатӣ ҷорӣ карда мешавад. Барои ин то охири сол ҳамаи ҷойҳои холӣ дар платформаи ягонаи электронии кушод ҷойгир карда мешаванд. Талаботи пешниҳоди 16 ҳуҷҷат барои иштирок дар озмун бекор карда шуда, тамоми равандҳо ба шакли электронӣ гузаронида мешаванд. Дониш, таҷриба ва зарфияти номзад дар озмуни кушод баҳогузорӣ карда мешавад.

    Низоми мазкур ба тариқи таҷриба дар вилояти Самарқанд ва Кумита давлатии андоз аз озмоиш гузаронда шуд. Дар ҷамъомад масъулон дар бораи натиҷаҳои таҷриба сухан ронданд. Таъкид гардид, ки ҳар як вазорат ва ҳокимият бояд хостагирии кадрҳоро аз муассисаҳои олии таълим оғоз намояд.

    Барои роҳандозии кори мунтазам дар ин самт барномаи интихоби мутахассисони ҷавон эълон карда мешавад. Дар доираи барнома донишҷӯёни боистеъдоди хатмкунанда интихоб карда мешаванд, ки дар системаи вазорату ҳокимиҳо аз коромӯзӣ мегузаранд ва пас аз омӯзиш ба кор қабул карда мешаванд. Барнома инчунин ҷавононеро, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, фаро мегирад.

    Чи тавре ки таҳлил нишон дод, 40 фоизи роҳбарони дастгоҳҳои марказии вазоратҳо дар миқёси ноҳия кор накардаанд, 60 фоизи роҳбарони сатҳи ноҳиявӣ таҷрибаи кор кардан дар идораҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро надоранд.

    Аз ин рӯ, Президент таъкид кард, ки ба пешбарии кадрҳо дар хидмат аз рӯи принсипи “аз маҳалла ба сатҳи ҷумҳуриявӣ” таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.

    Барои ин аз 1 ноябр маълумотнома-объективкаи намунаи кӯҳна бекор карда шуда, системаи баҳодиҳии тахассус ва дастовардҳои корманд дар асоси технологияҳои пешрафта истифода мешавад. Оддӣ карда гӯем, ҳеҷ кас тасодуфан вазифаи роҳбариро ишғол карда наметавонад.

    Инчунин, захираи кадрҳои салоҳиятдор барои вазифаҳои роҳбарикунанда дар сатҳи ноҳия ва шаҳр ташкил карда мешавад, ки онҳо аз сафи ёварони ҳокимон ва пешвоёни ҷавонон дар маҳаллаҳо пурра карда мешаванд. Вобаста ба салоҳияташон барои онҳо курсҳои тахассусии мақсаднок ташкил карда мешаванд.

    Дар назди Агентии рушди хидмати давлатӣ, Агентии кор бо ҷавонон вазифа гузошта шуд, ки дар якҷоягӣ бо фонди «Ватандошлар» барномаи “100 пешвои пешсаф”-ро амалӣ созанд. Дар чаҳорчӯби ин барнома дар ҳар ду сол як маротиба аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорони фаъол ва ҳамватанони бурунмарзӣ 100 нафар кадрҳои ҷавони ояндадор интихоб карда мешаванд.

    Чунон ки маълум аст, дар мамлакати мо тамоюли «Инсон — чамъият — давлат» афзалият дорад. Тадбирҳо андешида мешаванд, ки одамон дар тамоми соҳаҳо худро бароҳат ҳис кунанд. Аз ҷумла, гирифтани иҷозатнома, фармоиш додани хидматҳо, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мақомоти гуногун ва истифодаи системаҳои пардохт хеле осонтар шуд.

    Аммо дар бисёр соҳаҳо бюрократизм нигоҳ дошта мешавад. Масалан, барои гирифтани субсид хулосаи ба ҳисоби миёна 10 вазорату идора лозим аст. Пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ бо хароҷоти иловагӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ алоқаманд аст. Дар соҳаи тиб ба шаҳрвандон маълум нест, ки кадом хидмат ройгон аст ё пулакӣ, системаи дақиқи ҳисоб кардан ва аз давлат расонидани доруҳо вуҷуд надорад. Дар соҳаи сохтмон, нақлиёт, хоҷагии коммуналӣ, стандартизатсия ва карантин бисёр ҷараёнҳое мавчуданд, ки барои аҳолӣ ва соҳибкорон ноқулайанд.

    Аз ин рӯ, ба Сарвазир супурда шуд, ки раванди хидматрасониро дар ҳар як вазорат ва ҳокимият фаҳмо ва қулай гардонда, хароҷот ва ҳуҷҷатҳои зиёдатиро кам кунад.

    — Талаби асосӣ ин қонеъ гардондани мардум аст, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар байни мардуми мо майлу хоҳиши фаъолона иштирок кардан дар рушди мамлакат, ободонии маҳалла торафт зиёд мешавад. Масалан, ба шарофати портали “Буҷети кушод” ташаббусҳои шаҳрвандӣ ба ҳаёт татбиқ карда мешаванд. Дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 2000 чунин лоиҳа ба роҳ монда шуд. Муҳимтар аз ҳама, мардум аз дахлдории худ дар онҳо огоҳанд ва аз инфрасохтори сохташуда эҳтиёткорона истифода мебаранд.

    Пешбинӣ шудааст, ки дар шаш моҳи оянда барои ин гуна лоиҳаҳо боз 1 триллион сӯм ҷудо карда шавад. Бинобар ин дар назди шахсони масъул вазифа гузошта шудааст, ки доираи буҷети ташаббуснокро васеъ намоянд.

    Дар баробари афзоиши сектори хусусӣ дар иқтисодиёт, талабот ба кадрҳои соҳибихтисос меафзояд. Дар ин бозори рақобат хизмати давлатӣ низ бояд ҷолиб бошад.

    Аз ин рӯ, Президентт таъкид кард, ки кафолати фаъолияти хизматчиёни давлатӣ низ пурзӯр карда хоҳанд шуд.

    Аз ҷумла, аз соли оянда низоми ҳавасмандгардонӣ вобаста ба таҷриба, тахассус ва натиҷаи корманд ҷорӣ карда мешавад. Ҳаёт ва саломатии онҳо аз тарафи давлат суғурта карда мешавад. Ба хидматчиёни давлатие, ки вазифаи худро ҳалол ва софдилона ба ҷо меоранд, пиронсолии сазовор кафолат дода мешавад.

    Ба масъалаи тайёр кардан ва баланд бардоштани ихтисоси хизматчиёни давлатй низ дахл карда шуд.

    То ҳол танҳо 20 фоизи хидматчиёни давлатӣ аз такмили ихтисос гузаштаанд. Ба талабот ва сифати таълим ҷавоб дода наметавонад. Ба ин муносибат аҳамияти таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ бо марказҳои таълимии хориҷӣ қайд карда шуд. Дастурҳо дода шуданд, ки фаъолияти 110 маркази таълимии системаи вазоратҳо бознигарӣ карда, нақшаву методикаи таълимӣ нав карда, ба таълим мутахассисони соҳибихтисос ҷалб карда шаванд.

    Дар ҷамъомад ахбори Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо, шарикони хориҷӣ шунида шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates