Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ба Самарқанд омад
Меҳмони воломақомро дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
3–4 апрели соли ҷорӣ дар Самарқанд аввалин ҳамоиши расмии «Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо» баргузор мегардад. Имрӯз, 2 апрел, Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта барои иштирок дар ин чорабинии муҳим ба кишвари мо омад.