Президенти Ӯзбекистон самтҳои бартариноки минбаъд вусъат додани шарикиро бо Бонки ҷаҳонӣ муайян намуд

    Ҳукумат 30 Sentabr 2022 5510

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 сентябр ҳайати Бонки ҷаҳониро бо сарпарастии ноиб-президент Анна Берде, ки дар мамлакати мо бо ташрифи корӣ қарор дорад, қабул кард.

    Ҷанбаҳои амалии рушди шарикии стратегии Ӯзбекистон бо ин институти байналхалқии бонуфузи молиявӣ ва инчунин вусъат додани ҳамкорӣ дар пеш бурдани барномаи ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодии муҳим дар мамлакатамон муҳокима гардиданд.

    Дар оғози мулоқот роҳбари давлат Анна Берде ва ҳайати Бонки ҷаҳониро бо 30 солагии ҳамкории босамар самимона табрик намуд.

    Суръати баланд ва натиҷабахшии шарикӣ дар солҳои охир махсус таъкид гардид. Ҷузъбанди лоиҳаҳои муштарак дар ин давра қариб 4 баробар афзуда, аз 8 миллиард доллар зиёд гардид.

    Танҳо дар тӯли соли гузашта, бинобар «нақшаи роҳ», Бонки ҷаҳонӣ таъмини молиявии 6 лоиҳаи бартаринокро ба қимати 1 миллиард доллар дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, энергетика, экология, бахши молиявӣ ва дигар самтҳо дастгирӣ намуд.

    Таҳти дастгирии фаъолонаи Бонк ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон бозсозиҳои маҷмӯӣ дар соҳаҳои аграрӣ, энергетикӣ ва нақлиёт бомуваффақият татбиқ мегардад. Бонки ҷаҳонӣ Барномаи мамлакатро то соли 2026 қабул кард, ки он бо Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав мутобиқ гардонда шудааст.

    Ноиб-президент Анна Берде пешрафти ислоҳотро дар мамлакатамон олӣ арзёбӣ намуд ва моилии Бонкро барои минбаъд вусъат додани шарикии доманфарох собит намуд.

    Омодагӣ ба минбаъд вусъат додани дастгирии экспертӣ ва молиявӣ барои тезондани бозсозӣ дар самтҳои калидӣ, мисли беҳсозии дараҷаи ҳаёт дар деҳот, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, трансформатсияи ҳоҷагии қишлоқ, баланд бардоштани самарабахшии энергетикии иқтисодиёт, такомули таълим ва тандурустӣ, муҳити кор ва сармоягузорӣ таъкид гардид.

    Ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии стратегӣ, ки барои таъмини суботнокӣ ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ нигаронда шудааст, эътибори алоҳида нигаронда шуд.

    Дар охири мулоқот дар бобати қабул намудани «нақшаи роҳ»-и таҷдидёфта дар заминаи вусъат додани шарикии Ӯзбекистон ва Бонки ҷаҳонӣ аз рӯйи самтҳои калидӣ аҳду паймон ба вуҷуд омад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates