баннер
30 Mar 2025
23:52

    Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии энергия маълумот дода шуд

    Президент Шавкат Мирзиёев 26 март аз рӯйи чораҳои сарфаи захираҳои барқ, афзунсозии самарадории истеъмол, инчунин, истифодаи оқилонаи онҳо ҷамъомад баргузор намуд.

    Истеъмоли аз ҳама бештари захираҳои энергия, пеш аз ҳама, ба шабакаи иқтисодиёт рост меояд. Заводҳое, ки дар гузашта сохта шудаанд, ба талаботи самарадории экология ва энергия ҷавоб намедиҳанд. Дар давоми солҳо ба азнавсозӣ диққати кофӣ дода нашудааст. Дар баъзе ҷойҳо тӯли рӯзҳо қатъи барқ ва газ мушоҳида шудааст. Дар корхонаҳои саноатӣ истеъмол ва талафот зиёд буд.

    Аз ин рӯ, солҳои охир дар соҳаҳои иқтисодиёт ислоҳоти самаранокии энергетикӣ гузаронида мешавад. Барои корхонаҳои калон ва шабакаҳои энергетика барномаҳои алоҳида татбиқ мегардад.

    То соли 2030 ба 41 миллион нафар расидани аҳолии мамлакат ва 2 баробар инкишоф ёфтани иқтисодиёт дар назар аст. Дар натиҷа талабот ба захираҳои энергия нисбат ба ҳозира 1,5 баробар зиёд мешавад. Аз ин рӯ, дар баробари роҳандозии лоиҳаҳои нав, афзунсозии иқтидорҳо, андешидани чораҳо ҷиҳати сарфаи энергия низ зарур аст.

    Дар ҷамъомад масъулин оид ба корҳо дар ин самт ва нақшаҳо маълумот доданд.

    Тибқи дастури Сарвари давлатамон таҷрибаи соли гузашта идома ёфта, имкониятҳои сарфаи энергия дар маҳалҳо бо иштироки олимон дар асоси илмӣ омӯхта мешаванд. Бахусус, дар рафти корҳои омӯзишӣ дар Самарканд, Сирдарё ва Ҷиззах имкониятҳои нави сарфа намудани 870 миллион киловатт-соат қувваи барқ ва 420 миллион метри мукааб газ муайян карда шуданд. Масалан, дар корхонаҳои хурду миёнаи саноатии ин минтақаҳо бо иваз кардани қариб 35 ҳазор таҷҳизоти куҳнашуда бо таҷҳизоти каммасраф дар як сол 385 миллион киловатт соат қувваи барқ ва 50 миллион метри мукааб газро сарфа кардан мумкин аст.

    Дар ноҳия ва маҳаллаҳо барои сарфаи энергия имкониятҳои калон мавҷуданд. Масалан, дар 300 маҳалла аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои хурди офтобии дорои иқтидори 100 мегаватӣ, танҳо дар ҳамин сол сарфа кардани 45 миллион метри мукааб газ мумкин аст. Ғайр аз ин, аз ҳисоби зиёда аз ҳазор неругоҳҳои барқии обӣ, ки дар канал ва сойҳо бунёд хоҳанд шуд, ба таври илова 175 миллион киловатт соат қувваи барқ ҳосил карда мешавад.

    Барои равшан кардани кӯчаҳо ҳар сол 200 миллион киловатт қувваи электр сарф мешавад. Насб кардани чароғҳои офтобӣ истеъмолро ду баробар кам мекунад.

    Аз ҳисоби чунин имкониятҳо, аз рӯйи сарфаи 1,1 миллиард метри мукааб гази табиӣ ва 2,6 миллиард киловатт-соат қувваи барқ дар соли ҷорӣ нақшаи иловагӣ гирифта шуд.

    Сарвари давлатамон, дар навбати аввал зарурати насби таҷҳизоти замонавии каммасраф дар корхонаҳои бузурги саноатӣ ва кам кардани исрофкории барқро таъкид кард. Дар назди ҳукумат вазифа гузошта шуд, ки дар ин соҳа аз рӯйи низоми нави иҷро ва назорат кор баранд.

    Афзунсозии маданияти сарфаи энергия дар корхона ва манзилҳои истиқоматӣ низ муҳим аст. Бидуни зарурат фурӯзон накардани барқ ва газ, истифода аз панелҳои офтобӣ ва дигар манбаъҳои алтернативӣ низ ҳаҷми зиёдеро сарфа мекунад.

    Бо назардошти зич ҷойгир шудани аҳолӣ дар вилоятҳои водии Фарғона, вазифаи таҳияи равиши алоҳида бобати таъмини онҳо бо энергия ба миён гузошта шуд. Марҳила ба марҳила дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ кардани ин таҷриба дар назар аст.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech