Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия баррасӣ шуданд. Ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса дода шуд.
Дар оғози суҳбат раҳбарони ду кишвар ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ якдигарро самимона табрик гуфта, ба собиқадорон, ба мардуми дӯсти ҷаҳон рӯзгори обод ва шукуфоӣ таманно карданд.
Президенти Русия ҳамчунин сарвари давлати моро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик намуд.
Дар мулоқот аҳамияти дастгирӣ ва пешбурди лоиҳаҳои ояндадори кооператсияи корхонаву ширкатҳои бонуфузи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ таъкид гардид.
Ба натиҷаҳои пурсамари Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром», ки моҳи гузашта дар Тошканд баргузор шуд, баҳои баланд дода шуд.
Зарурати андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати таъмини динамикаи табодули моли мутақобила қайд карда шуд. Муносибатҳои фаъол дар сатҳи минтақаҳои Ӯзбекистон ва Русия дастгирӣ ёфтанд.
Илова бар ин, ба идомаи табодули пуршиддати фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, илм ва таълим, маданият ва санъат изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи байналмилалӣ низ баррасӣ шуд.