Барои пурзӯр намудани кор оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ, вусъат додани дастгирии соҳаи моҳидорӣ супоришот дода шуданд

    Ҳукумат 20 Dekabr 2021 7672

    Президент Шавкат Мирзиёев 20 декабр оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ, аз он ҷумла тавассувти рушди яке аз соҳаҳои муҳим – моҳипарварӣ, баланд бардоштани самарабахшии тайёркунии моҳӣ дар асоси кооператсия  ҷамъомад баргузор намуд.

    Сарвари давлатамон дар оғози мулоқот эътиборро ба масъалаҳои мушкили дар соҳаи таъмини бехатарии озуқаворӣ сарфи назар аз ҳалли масъалаҳои молиявӣ ва фароҳам овардани тамоми имкониятҳо барои таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ боқимонда ҷалб намуд. Зикр гардид, ки масъалаҳои барҳам додани камбудиҳои зикршуда, дар ҳудуди боваришуда ташаккул додани захираҳои хӯрокворӣ ва таъмини устувории нархҳо бояд дар маркази эътибори ҳокимони тамоми дараҷаҳо қарор дошта бошад.

    Дар зарфи панҷ соли охир дар натиҷаи татбиқи 1 016 лоиҳа ба маблағи 2,2 триллион сӯм соҳаи моҳипарварии ҷумҳурӣ ҳаҷми тайёр кардани моҳӣ 6 баробар афзуда, имсол ба 400 ҳазор тонна мерасад. Истеъмоли моҳӣ нисбат ба соли 2016 5,7 баробар афзуд.

    – Болоравии нархи озуқаворӣ дар ҷаҳон, хатарҳои таваррумӣ равшан гувоҳӣ медиҳад, ки бехатарии озуқаворӣ дар соли оянда ҳам мубрамтарин масъала мемонад. Аз ин рӯ, ҳокимони вилоятҳо бояд ҳолати моҳипарвариро дар минтақаи худ таҳлил намояд ва бобати фароҳам овардани тамоми шароит барои соҳибкорон ва аҳолӣ пайваста кор кунанд, – гуфт Президент.

    Дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки ин нишондиҳандаҳо кифоя нестанд, имкониятхои мавҷуда пурра истифода намешаванд. Чунончи, дар вилоятҳои Навоӣ, Намангон, Сирдарё, Фарғона ва Тошканд ҳосилнокии моҳӣ аз ҳар гектар ҳамагӣ 3-4 тоннаро ташкил медиҳад. Сабаб он аст, ки хаҷми моҳипарварии интенсивӣ дар ин минтақаҳо аз 10 фоизи маҳсулоти умумӣ зиёд нест.

    Ба ин муносибат масъалаҳои фаъолгардонии обанборҳои сунъӣ, рушди кластерҳо ва ҳамкорӣ дар соҳа баррасӣ шуданд. Вазифа гузошта шуд, ки соли оянда истеҳсоли моҳӣ ба 600 ҳазор тонна расонда шавад.

    Бо ин мақсад соли оянда дар асоси таҷрибаи ноҳияи Шароф Рашидов дар 10 ҳазор хоҷагӣ мохидорӣ ба роҳ монда мешавад. Кластерҳои дар асоси кооператсия дар як сол зиёда аз 80 тонна моҳӣ парваришкарда ба мӯҳлати се сол аз андоз озод карда мешаванд. Як қисми хароҷоти кластерҳое, ки мутахассисони хориҷиро ҷалб кардаанд, ҷуброн карда мешавад.

    Ҳаҷми қарзҳое, ки дар доираи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» ба ширкатҳои моҳипарварии ватанӣ ҷудо карда мешаванд, ду баробар зиёд шуда, соли оянда ба ин мақсад 400 миллиард сӯм ва 20 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

    Меъёрҳои андози замин ва амвол барои соҳибони хоҷагиҳои моҳипарварӣ 50 фоиз кам карда шуда, онҳо соҳиби шуғли мустақил мегарданд. Супориш дода шуд, ки аз 1 июни соли оянда барои ба аҳолӣ омӯзондани моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Янгийӯл ва Қуйичирчиқ таҷриба гузаронда, натиҷаҳои он дар вилоятҳои Навоӣ, Сирдарё ва Фарғона ҷорӣ карда шавад.

    Ҳамчунин, ҷалби 20 миллион евро барои лоиҳаҳои бузург дар соҳаи моҳипарварӣ дар назар аст.

    Зарурати баланд бардоштани ҳосилнокии 21 ҳазор гектар обанборҳои сунъии камҳосил ва дар онҳо ба таври илова 190 ҳазор тонна моҳӣ гирифтан таъкид карда шуд. Бо ин мақсад супориш дода шуд, ки 2,2 ҳазор хоҷагиҳо бо 50 ҳазор аэратор таъмин карда шавад.

    Ба шахсони масъул дастур дода шуд, ки бо истифода аз ин имконот теъдоди лоиҳаҳои навро афзун намуда, истеҳсоли маҳсулотро зиёд гардонанд, то таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва пур кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти моҳӣ таъмин карда шаванд.

    Роҳбарони соҳа ва минтақаҳо аз корҳои дар соҳаи моҳидорӣ анҷомдодашуда ҳисобот дода, аз нақшаҳои худ барои соли 2022 маълумот доданд.