Дар вилояти Бухоро 11 кластери пахтаву бофандагӣ фаъолият нишон медиҳад. Дар соли 2022 онҳо дар ҳудуди 99 ҳазор гектар беш аз 358 ҳазор тонна пахта парвариш карданд. 36 лоиҳа ба маблағи 2 триллиону 36 миллиард сӯм татбиқ гардида, 3600 ҷойи корӣ созмон дода шуд. Ба маблағи қариб 77 миллион доллар маҳсулот содир карда шуд.
Дар рафти мулоқот тағйир ёфтани конюктураи бозор, масъалаҳои мубраме, ки дар назди кластерҳо қарор доранд, баррасӣ гардиданд.
– Чаро мо сарфи назар аз душвориҳо ба низоми кластерӣ гузаштем? Пештар мардуми мо пахта мерӯёнданд, вале нафъи муносиб ба даст намеоварданд. Панҷ сол аст, ки мо ба кластерҳо ғамхорӣ карда, шароит фароҳам меорем, ки онҳоро ба сатҳи имрӯза расонем. Акнун онҳо бояд ба мардум ёрӣ расонанд. Бигузор онҳо сарватманд гарданд, вале дар баробари боло рафтани сатҳи зиндагӣ, якҷоя бо мардум, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбарони кластерҳо таъкид карданд, ки натиҷаҳои имрӯза ба туфайли ислоҳоти солҳои охир ба даст омадаанд, ҷавобан ба ин онҳо барои коҳиш додани бекорӣ ба зимма масъулият мегиранд.
– Мақсади ниҳоии ҳамаи ислоҳоти мо зиёд гардондани даромади халқ аст. Агар мо камбизоатиро аз байн бардорем ва қобилияти харидории мардумро баланд бардорем, соҳибкорон ҳам пеш мераванд. Панҷ сол қабл Бухоро чи гуна буд ва ҳоло чӣ гуна аст? Агар он бо ҳамин суръат давом кунад, баъд аз панҷ сол натиҷа боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Зеро мо чунин мардуми олиҷаноб, меҳнатдӯст дорем, – гуфт Президент.
Оид ба густариши истифодаи энергияи муқобил, ба кор бурдани технологияҳои сарфакунандаи об, ҷорӣ намудани қарорҳои инноватсионӣ дар фаъолияти кластерҳо дастурҳо дода шуданд.
Сарвари давлат дар ин ҷо маҳсулоти ҳунармандони бухороиро аз назар гузаронд.