Масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии муносибатҳои шарикии махсуси стратегии Ӯзбекистону Корея, ки тамоми соҳа ва самтҳои ҳамкории байнидавлатиро фаро гирифтаанд, муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
– Сафари давлатии шуморо ба Ӯзбекистон таҳти ҳайати намояндагӣ далели боз як таваҷҷуҳи бузург ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Ӯзбекистон ва минтақа мешуморем, – қайд кард Президенти кишварамон.
Ҷумҳурии Корея дар рушди муназзам ва инноватсионии Ӯзбекистон шарики калидӣ ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо 726 корхонаи муштарак дар соҳаҳои энергетика, кимиё, автомобилсозӣ, электротехникӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба кор андохта шудаанд. Ҳаҷми сармоягузории Корея аз 7,5 миллиард доллар мегузарад, гардиши мол дар соли гузашта ба 2,5 миллиард доллар расид.
Дар рафти музокирот муҳим будани ташаккул додани рӯзномаи нави баландтехнологии шарикии махсуси стратегии Ӯзбекистону Корея барои се соли оянда қайд гардид.
Сарвари давлатамон ташаббус нишон дод, ки ин давра «Замони нави ҳамкориҳои баландтехнологӣ ва инноватсионӣ байни ду кишвар» эълон карда шавад.
Дар ин ҷанба ба ҳукуматҳо супурда шуд, ки Барномаи стратегии дар Ӯзбекистон созмон додани хаби минтақавии баландтехнологиро таҳия кунанд.
Ҳамзамон ба сифати самти «лангар»-и Стратегия як қатор соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ пешниҳод шуданд.
Якум, ин шарикӣ дар соҳаи захираҳои ниҳоят муҳими маъданӣ. Сухан дар бораи коркарди амиқи пойгоҳи захираҳо бо ташкил кардани занҷири пурраи арзиши иловагӣ меравад.
Дуюм. Ҳамкории стратегӣ дар соҳаи нимноқилҳо, ки дар он Ҷумҳурии Корея ба тарзи анъанавӣ яке аз пешсафҳои ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин ҷо бобати дар кишварамон ташкил намудани кластери дар минтақа аввалини мукаммали илмию истеҳсолии маҳсулоти нимноқил ба нақша гирифта шудааст.
Сеюм. Шарикии васеъмиқёс дар саноати кимиё. Оид ба истеҳсоли водороди сабз ва аммиак, инчунин истеҳсоли маҳсулоти тайёри каучук лоиҳаҳои нав тайёр карда шудаанд.
Чорум. Амиқсозии кооператсия дар мошинсозӣ. Баҳори имсол дар вилояти Ҷиззах хати васлкунии автомобилҳои KIA ба роҳ монда шуд. Соли оянда оғози истеҳсоли пурраи седани иқтидораш беш аз 60 ҳазор адад дар як сол ба нақша гирифта шудааст.
Панҷум. Интиқоли технология дар офаридани кишоварзии «оқил», аз он ҷумла аз ҳисоби рақамисозии сектори кишоварзӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои «смарт» ва «сабз».
Оид ба созмон додани хоҷагиҳои замонавии гармхонавӣ ва маҷмӯъҳои боғҳо дар минтақаҳои кишварамон дар асоси манбаъҳои барқароршавандаи энергия созишномаҳо ба даст омаданд.
Шашум. Модернизатсияи инфрасохтор ва барномаи шаҳрсозӣ. Баланд бардоштани шавқу рағбати бонку ширкатҳои Корея ба модернизатсияи инфрасохтори нақлиётӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳои мулки ғайриманқули истиқоматӣ ва тиҷоратӣ дар асоси тамоюлҳои шарикии давлатию хусусӣ қайд гардид.
Ҳафтум. Энергетикаи замонавӣ ва бехатар. Барои таҳияи лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи энергетикаи «сабз» ва баланд бардоштани самарабахшии энергетикӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи стратегиро дар сатҳи вазирони энергетика аз сар гирифта, мулоқоти навбатии онро дар рӯзҳои наздик дар Ӯзбекистон баргузор кунанд.
Шарикии бомуваффақият бо Эксимбонки Корея ва Фонди «EDCF», ки портфели лоиҳаҳои муштарак бо онҳо аллакай аз 3 миллиард доллар гузаштааст, бо қаноатмандӣ қайд гардид.
Оиди лоиҳаҳои нав бинобар хати фонди EDCF ба 2 миллиард доллар, аз ҷумла интиқоли поездҳои барқии тезгард, татбиқи марҳилаи дуюмии лоиҳаи «Ташкент Фарма Парк» ва ҷиҳозонии муассисаҳои таълимӣ мувофиқа ҳосил шуд.
Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ин ҳамоиш портфели нави лоиҳаҳо дар самтҳои дар боло зикршуда ба маблағи 9,6 миллиард доллар ташаккул ёфтааст.
Роҳбарон ба вусъати минбаъдаи мубодилаи маданиву гуманитарӣ эътибори ҷудогона доданд.
Мисоли барҷастаи шарикии пурсамар клиникаи замонавии серсоҳаи кӯдакона, ки якҷоя бо ҷониби Корея созмон дода шудааст, ба ҳисоб меравад.
Дар рафти музокирот дар бораи тезондани омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои кластери тиббӣ, ки ташкил кардани донишгоҳ, беморхонаро барои калонсолон ва бемориҳои саратон фаро мегирад, мувофиқа ҳосил шуд.
Бар замми ин барномаи дарозмуҳлат оид ба баланд бардоштани ихтисоси кормандони тиб дар марказҳои махсуси Корея ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар соҳаи таълим таҷрибаи назарраси ҳамкорӣ андӯхтаем. Дар моҳи марти соли гузашта форуми якуми ректорони Ӯзбекистону Корея баргузор гардид. Соли оянда мулоқоти навбатӣ баргузор хоҳад шуд.
Пешниҳодҳо оиди дар Ӯзбекистон созмон додани донишкада дар асоси модели Донишкадаи илм ва технологияи Корея (KAIST) дастгирӣ карда шуд.
Ба ғайр аз ин, дар шарикӣ бо донишкадаи идоракунии давлатии Корея ва Донишкадаи миллии захираҳои инсонӣ кушодани Маркази омӯзиши технологияҳои рақамӣ ва интеллекти сунъии назди Академияи идоракунии давлатӣ дар Тошканд корҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ба васеъ гардондани барномаи омӯзиши забони корейсӣ, аз он ҷумла бо ҷалби коршиносон аз Корея таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд.
Омодагии бомуваффақияти шаҳрвандони ӯзбекистонӣ дар марказҳои таҳсили касбии Тошканд, Самарқанд, Шаҳрисабз, Фарғона ва Урганҷ, ки бо мусоидати KOICA созмон дода шудаанд, қайд гардид.
Ҷониби Корея аз таъсиси шабакаи чунин марказҳо дар дигар минтақаҳои Ӯзбекистон бо ҷалби кумаки молиявию техникӣ изҳори пуштибонӣ кард.
Ба мақсади боз ҳам наздик гардондани халқҳои ду кишвар пешниҳод карда шуд, ки соли оянда «Соли мубодилаҳои тарафайни Ӯзбекисон ва Корея» эълон карда, чорабиниҳои тарафайни фарҳангӣ баргузор карда шаванд.
Илова бар ин дар соли 2027 90-солагии истиқомати диаспораи корейс дар Ӯзбекистон ба таври васеъ таҷлил карда мешавад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то ин санаи муҳим дар шаҳри Тошканд дар Хонаи маданият ва санъати Корея музей ва китобхона кушода шаванд.
Сарвари давлатамон саҳми бузурги ҷониби Кореяро дар рушди «Ҳукумати электронӣ», мусоидат дар коркарди стратегияи «Ӯзбекистони рақамӣ», таҳкими иқтидори IT-парк ва офаридани инкубаторҳои тиҷоратии «U-Enter» қайд намуд.
Дар робита ба ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки шарикиро дар соҳаи зеҳни сунъӣ, аутсорсинги равандҳои тиҷорат ва технологияҳои рақамӣ васеъ гардонанд.
Инчунин пешниҳодҳои дақиқ дар соҳаи мубориза бо коррупсия, эколгия, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар самтҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои музокирот сарони давлатҳо супориш доданд, ки оид ба ҳар як самт бо муҳлату механизмҳои дақиқи татбиқ «харитаҳои роҳ» қабул карда шаванд.