Дар вилояти Сурхондарё барои соҳибкорӣ имкониятҳои васеъ кушода мешаванд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 ноябр оид ба чораҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Сурхондарё, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва муҳити соҳибкорӣ ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар натиҷаи кори мунтазам, ки ба рушди минтақаҳо равона шудааст, дар ин вилоят низ имкониятҳои васеъ кушода мешаванд. Соли оянда дар Сурхондарё ҷалби 2 миллиард доллар сармоя, таъмин намудани шуғли 425 ҳазор нафар ва расондани содирот ба 320 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

    Масалан, дар минтақаи савдои байналмилалии «Айритом» ҳар моҳ ба ҳисоби миёна маҳсулот ба маблағи 5 миллион доллар фурӯхта мешавад. Бо васеъ кардани масоҳати он то 150 гектар, имкон аст лоиҳаҳо ба маблағи 250 миллион доллар амалӣ гарданд.

    Сармоягузорони чинӣ пешниҳод доранд, ки 2,7 миллиард доллар ба кони мису нуқраи ҳудуди Боботоғ сармоягузорӣ кунанд ва 2 ҳазор ҷойи корӣ созанд. Дар натиҷа, имкони содироти маҳсулоти тайёр ба маблағи 600 миллион доллар дар як сол пайдо мешавад.

    Минтақаҳои Вандоб ва Чорбоғи Шеробод дорои захираҳои маъданӣ, аз қабили волфрам, ангишт, намак, реги кварсӣ мебошанд. Ба ин конҳо ҷалби 320 миллион доллар сармоягузорӣ ва таъсиси 1,5 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳудуди 50 гектар дар ноҳияи Бандихон кушодани филиали Минтақаи озоди иқтисодии Тирмиз ба нақша гирифта шудааст.

    Дар соҳаи кишоварзӣ низ имкониятҳои истифоданашуда зиёданд. Масалан, табиати ноҳияҳои Бойсун ва Узун барои парвариши ферула мусоид аст. Ба аҳолӣ ҷудо кардани 18 ҳазор гектар заминҳои чарогоҳу ҷангал барои ин мақсадҳо, шуғли 4 ҳазор нафарро таъмин мекунад. Дар чарогоҳҳои шабеҳи ноҳияҳои Узун, Шӯробод ва Қумқӯрғон имкони ташкили комплексҳои гӯсфандпарварӣ ва чорводорӣ мавҷуд аст.

    Об, ки дар 17 коллектори ноҳияи Музрабод ҷамъ мешавад, имкон медиҳад, ки дар майдони қариб 4 ҳазор гектар шолӣ парвариш карда шавад. Ба шарофати ин, дар як сол 8,5 ҳазор тонна шолӣ истеҳсол гардида, 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва боз 4,5 ҳазор нафар бо кори мавсимӣ таъмин мегарданд.

    Сохтани гармхонаҳо дар масоҳати 300 гектар дар ноҳияи Қизириқ ва токзорҳо дар масоҳати 1 ҳазор гектар дар ноҳияи Олтинсой ба самаранокии иқтисодӣ аз ҳисоби парвариши маҳсулоти серталаб мусоидат мекунад.

    Барномаи беҳтар кардани шароити туризм дар Сангардак, Амонхона, Бойсун ва ҷалби ҳадди ақал 1 миллион сайёҳ таҳия мегардад.

    Дар ҷаласа ҳокими вилояти Сурхондарё нақшаҳои худро оид ба истифодаи чунин имкониятҳо пешниҳод намуд.

    Сарвари давлат дастурҳо дод, ки ташаббусҳои соҳибкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар асоси конҳо, рушди савдо ва хидматрасонӣ амалӣ гарданд. Таъкид шуд, ки ҳар як порчаи замине, ки барои кишоварзӣ ҷудо шудааст, бояд ба таъмини шуғли аҳолӣ ва амнияти озуқаворӣ хизмат кунад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates