Беҳтар гардондани сифати хизмати тиббии сатҳи аввал вазифаи асосӣ хоҳад гардид

    Дар ҷамъомади назди Президент Шавкат Мирзиёев корҳои дар соҳаи тандурустӣ анҷомдодашуда баррасӣ гардида, барои соли 2025 вазифаҳои афзалиятнок муайян карда шуданд.

    Тағйироти сифатии дар ин соҳа рухдода ба зиндагии ҳамаи сокинони кишвар: аз шаҳрҳо то дурдасттарин деҳаҳо, аз кӯдакон то калонсолон бевосита таъсир мерасонанд. Ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ, ки ба соҳаи тандурустӣ равона мегарданд, ҳар сол зиёд мешавад. Ҳамчунин, дар баробари дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ низ ба мардум наздиктар мешавад: дар сатҳи аввал зиёда аз 18 ҳазор гурӯҳи тиббӣ фаъолият мекунанд.

    Технологияҳои замонавӣ ба таври фаъол дар ташхис ва табобат ҷорӣ мешаванд. Дар хизматрасониҳои тиббии махсусгардонидашуда зиёда аз 500 усули нави ташхис ва зиёда аз 800 усули табобат аз худ карда шуданд. Дастгирии бахши хусусӣ интихоби хизматрасониҳои тиббиро васеъ намуд.

    Дар соли 2024 ба соҳаи тандурустӣ 36 триллион сӯм ҷудо карда мешавад, ки ин нисбат ба соли гузашта 25 фоиз зиёд аст.

    Дар сатҳи аввал шаш намуди ташхисҳои скринингӣ ҷорӣ гардиданд. Дар натиҷа, ташхиси бармаҳали диабети қанд дар 106 ҳазор нафар беморон, бемориҳои дилу раг дар 194 ҳазор нафар, бемориҳои саратон дар зиёда аз 2 ҳазор зан, бемориҳои онкогематологӣ дар тақрибан ҳазор кӯдак ба даст омад.

    Ба сифати табобат диққати махсус дода мешавад. Бо ин мақсад зиёда аз 2 ҳазор мутахассисон дар хориҷи кишвар бозомӯзӣ карданд. Ин имконият дод, ки ҳиссаи ҷарроҳии баландтехнологӣ дар минтақаҳо то 61 фоиз зиёд гардад. Дар 43 самт 191 протоколи клиникӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ нав карда шуд.

    Дар марказҳои махсусгардонидашуда ва филиалҳои онҳо дар соли ҷорӣ тибқи роҳхатҳо зиёда аз 100 ҳазор бемор табобат гирифтанд. Ҳафт чунин муассиса бо муваффақият аз аккредитатсияи байналмилалии назорати сифат гузаштанд.

    Дар соли 2025 ба соҳаи тандурустӣ ҷудо намудани 41 триллион сӯм ба нақша гирифта шудааст. Ба воситаи ин маблағҳо беморхонаҳои нав сохта ва бо таҷҳизоти замонавӣ муыащщаз сохта, имкониятҳои мавҷуда васеъ ва фарогирии ташхисҳои профилактикӣ зиёд карда мешавад.

    Сарвари давлат таъкид намуд, ки вазифаи асосӣ – баланд бардоштани сифати тиб дар сатҳи аввал мебошад. Ба Вазорати тандурустӣ супориш дода шуд, ки дар минтақаҳо низоми самараноки идоракуниро ташкил намояд ва ба ноҳияҳои дурдаст ва мушкил таваҷҷуҳи зиёдтар диҳад.

    Мутахассисони турк дар шаш минтақа тадқиқоти муассисаҳои тиббӣ ва хизматрасониҳои пешниҳодшаванда гузарониданд. Дар натиҷа оид ба ислоҳоти системавии хизматрасонии тиббии сатҳи аввал пешниҳодҳо таҳия мешаванд.

    Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки вазъро ҳамаҷониба таҳлил намуда, оид ба трансформатсияи сатҳи аввал қарори дахлдор омода кунанд.

    Барномаи такмили ихтисоси кормандони тибби сатҳи аввал такмил дода мешавад. Гузариши ҳамвор аз омодагии назариявӣ ва ба даст овардани малакаҳо ба ташаккули компетенсияҳо ба нақша гирифта шудааст.

    Дар соли оянда инчунин маоши вазифавии кормандони тиббӣ зиёд карда мешавад. Барои табибони оилавӣ низоми пардохти мукофотпулиҳо дар асоси нишондиҳандаҳои самаранокӣ ҷорӣ карда мешавад.

    Таваҷҷуҳи бештар ба минтақаҳо идома хоҳад ёфт. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, инчунин дар вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд, Бухоро, Хоразм ва Қашқадарё лоиҳаҳои пилотӣ оид ба суғуртаи давлатии тиббӣ ҷорӣ карда мешаванд. Шабакаи озмоишгоҳҳои марказонидашуда васеъ карда мешавад. Бо таъсиси «Маркази харид» ва 13 филиали он дар минтақаҳо назорати истифодаи таҷҳизоти тиббӣ тавассути низоми электронӣ амалӣ карда мешавад.

    Тибқи 35 самти нав 400 протоколи клиникӣ бознигарӣ карда мешаванд. Илова бар ин, ҳафт маркази махсусгардонидашуда ва ду донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ хоҳанд гузашт.

    Ба масъалаҳои омодасозии кадрҳо диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати қисми амалии таълим дар мактабҳои олии тиббӣ, таҳкими пайвастагии байни назария ва амалия, ташкили таҷрибаомӯзии хатмкунандагон дар муассисаҳои сатҳи аввал муҳим мебошад.