Диққати давлат ба ин зинаҳои таълим, ки асоси ташаккули шахсият мебошанд, пайваста меафзояд. Ҳар сол муассисаҳои нави таълимӣ сохта мешаванд, иқтидори мутахассисон баланд бардошта мешавад, китобҳо ва васоити таълимӣ мутобиқи талаботи замонавӣ нав карда мешаванд.
Таҳсилоти томактабӣ ба таҷрибаи пешқадами хориҷӣ такя карда, ба марҳилаи нави рушд мегузарад. Дар солҳои охир шумораи боғчаҳо 8 маротиба зиёд шуда, ба 38 ҳазор расид ва фарогирӣ бо таҳсилоти томактабӣ аз 27 фоиз то 76 фоиз зиёд гардид.
Рушди таҳсилоти мактабӣ дар кишвари мо аҳамияти умумимиллӣ пайдо кардааст. Дар ҳафт соли охир корҳои сохтмон ва таъмир дар зиёда аз 5 ҳазор мактаб анҷом дода шуданд, ки аз онҳо танҳо дар соли равон дар 608-тои онҳо корҳо иҷро шуданд. Аввалин бор таълими фарогир (инклюзивӣ) дар 530 мактаб ҷорӣ карда шуд.
Вазири таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ дар бораи нақшаҳои минбаъда иттило дод.
Қайд гардид, ки соли оянда зиёда аз 100 мактаб ташкил карда шуда, 257 ҳазор ҷой барои хонандагон кушода мешавад. Барномаҳои давлатии таълимӣ ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонда мешаванд. Шумораи мактабҳое, ки дар онҳо забони дуюми хориҷӣ таълим дода мешаванд, ба 420 ва мактабҳое, ки касбомӯзиро пеш мебаранд, ба 400 расонда мешавад.
Таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва методҳои муосир дар амал татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, имсол дар 1,5 ҳазор мактаби умумӣ низоми нави баҳогузорӣ ҷорӣ гардид. Бо дарназардошти натиҷаҳои таҳлил, соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ки онро ба шумораи бештари мактабҳо густариш диҳанд.
Ҳангоми додани тоифаҳои тахассусӣ ба омӯзгорон низоми рақамӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳоло омӯзгороне, ки категорияи худро муваффақона баланд бардоштанд, вобаста ба холҳои гирифтаашон то 70 фоизи маоши мансабӣ иловапулӣ мегиранд.
Сарвари давлат зарурати такмил додани тартиби гузаронидани имтиҳонҳои тахассусӣ, ба вуҷуд овардани рақобати солим ва таъмин намудани шароити баробар барои ҳамаи омӯзгоронро қайд кард.
Бо ин мақсад, аз соли оянда дар марказҳои минтақавии такмили ихтисос барномаҳои таълимӣ тағйир дода мешаванд. Барои ҳар як омӯзгор низоми мукаммали такмили ихтисос амал хоҳад кард. Муаллимоне, ки дар имтиҳонҳои тахассусӣ ноком мешаванд, барномаи иловагии омӯзиширо хоҳанд гузашт. Дар минтақаҳо 5 маркази маҳоратомӯзии педагогии замонавӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Ҳама марказҳо бо техника барои омӯзиши вазъиятӣ ва озмоишгоҳҳои виртуалӣ таъмин карда мешаванд.
Бо мақсади ҷалби роҳбарони босалоҳият ба ташкилотҳои таълимӣ ва дастгирии фаъолияти онҳо пешниҳод шуд, ки ҳавасмандсозии моддии директорони мактабҳо ва боғчаҳо, инчунин муовинони онҳо тавассути манбаъҳои иловагӣ ба роҳ монда шавад.
Дар авлавият масъалаи ҳамоҳангии равандҳои таълим ва тарбият қарор хоҳад дошт. Мувофиқи қарори Президенти Ӯзбекистон аз 15 ноябри соли равон ба системаи омодагии ибтидоии пешазхизматӣ диққати бештар дода мешавад. Дар синфҳои болоӣ шумораи соатҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ зиёд карда шудааст ва барои баланд бардоштани нуфузи омӯзгорони ин самт тартиби додани унвонҳои ҳарбӣ ҷорӣ карда мешавад.
То оғози соли хониши оянда таҳияи китобҳои дарсӣ барои ин фанҳо ва ҷалби омӯзгорони баландихтисос ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиа дар 208 муассисаи таълимӣ "Мактабҳои шуҷоат" ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо низ ноболиғони хулқашон душвор таҳсил хоҳанд кард.
30 сентябри соли равон боз як ҳуҷҷати муҳим қабул шуд, ки ба баланд бардоштани сифату самаранокии таҳсилоти томактабӣ нигаронида шудааст. Мувофиқи он аз соли 2025 вазифаи муовини директори муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҷорӣ карда мешавад. Ҳамчунин форматҳои нави такмили ихтисос, аз қабили "Соати маҳорати услубӣ" ва "Рӯзи маҳорати услубӣ" ҷорӣ карда мешаванд.
Соли оянда бунёди 162 муассисаи томактабӣ, кушодани 100 боғчаи хусусӣ ва 1 ҳазор боғчаи оилавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки фарогирии таҳсилоти томактабиро то 78 фоиз мерасонад.
Ҳамбастагии барномаҳои таълимии гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб ва синфҳои ибтидоӣ тақвият дода мешавад.
Президент супориш дод, ки соҳа дар тамоми минтақаҳо ба таври банақшагирифта рушд дода, сифати таҳсилоти умумӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба минтақаҳои дурдаст баланд бардошта шавад.