Ин звеноҳои нигаҳдории тандурустӣ дар нигаҳдории саломатӣ ва ҳаёти инсон дар давраи «соати тиллоӣ» — дар даврае, ки имкон расондани ёрии аввалини самарабахшро фароҳам меорад, нақши муҳим мебозад. Дар панҷсолаи гузашта дар бобати беҳтар намудани таъминоти моддӣ ва иқтидори кадрии ин хидматҳо бисёр корҳо ба ҷо оварда шуданд.
Аз ҷумла, 2224 мошини нави ёрии таъҷилӣ харида шуда, шумораи мошинҳои ёрии таъҷилии замонавӣ аз 24 адад ба 435 адад расид. Аз ин ҳам зиёд стансияҳо ва отрядҳои ёрии таъҷилӣ ташкил карда шуданд.
Дар баробари ин маблағи барои дору дар ҳисоби барои як занг ҷудо кардашуда 16 баробар афзуда, номгӯи дору аз 20 то ба 45 адад расид.
Ба мустаҳкам намудани низоми ёрии таъҷилӣ дар маҳалҳо диққати махсус дода мешавад. Дар вилоятҳо 21 маркази байниноҳиявии осеби омехта ва бемориҳои шадиди рагҳо ташкил карда шудааст. Дар натиҷа сокинони ноҳияву шаҳрҳо ба марказҳои вилоятҳо камтар муроҷиат мекардагӣ шуданд.
Масалан, дар гузашта бемороне, ки дар садамаҳои нақлиётӣ дар ағбаи Қамчик ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд, ба марказҳои ёрии таъҷилии Тошканду Намангон, ки масофаи дар 100 километр дур аз ҷои ҳодиса воқеъанд, интиқол дода мешуданд. Имрӯз марказҳои дар шаҳри Ангрен ва ноҳияи Поп ташкилшуда ба ҳаллу фасли ин мушкилот мусоидат мекунанд.
Аммо масъалаҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳал кардан лозим аст. Дар мулоқоти ошкорои сарвари давлат бо кормандони соҳа, ки 18-уми март баргузор гардид, низ дар ин бора изҳори назар карда шуд.
Инак, соли гузашта дар бораи дер омадани мошинҳои ёрии таъҷилӣ бештар аз 50 ҳазор шикоят расидааст.
Яке аз сабабҳои ин набудани идораи ягонаи хидматрасонӣ мебошад. Аз ҷумла, масъалаҳои ба кор қабул кардан ба системаи ёрии таъҷилӣ, бо дору, нақлиёт, сӯзишворӣ таъмин кардан, мутобиқ намудани кори ронандагон дар ихтиёри идораҳои гуногун мебошанд. Аз ин гуна бесарусомонӣ дар раёсат расондани ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҳудуди ноҳия маҳдуд карда шудааст. Стансияи ёрии таъҷилӣ гарчанде ки бо ноҳияи ҳамсоя ҳамсарҳад бошад ҳам, зангҳои онҳоро қабул намекунад.
Бисёр мошинҳои ёрии таъҷилӣ системаи навигатсионӣ надоранд, 10 000 кӯча то ҳол ном надоранд ва тақрибан 500 000 хона рақамгузорӣ карда нашудааст.
Ёрии таъҷилӣ ба бемор на дар наздиктарин муассисаи тиббӣ, балки танҳо дар беморхонаҳои башумори қаблан таъиншуда расонида мешавад. Ин тартиб дар ҷамъомад мушкилоти асосии соҳа номида шуд.
Ба ин муносибат барномаи алоҳидаи такмили системаи ёрии оҷилӣ ва ёрии таъҷилии тиббӣ тартиб дода шудааст.
Дар ҷамъомад оид ба татбиқи амалии барномаҳо вазифаҳо муайян шуданд.
Аз ҷумла, аз 1 июли соли ҷорӣ Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббии «103» ва филиалҳои минтақавии он бо як амудии идоракунанда таъсис дода мешаванд. Натиҷаи ҳамин аст, ки ёрии таъҷилии тиббӣ бо назардошти таҷрибаи шаҳри Тошканд минбаъд на дар ҳудуди як ноҳия, балки дар тамоми вилоят расонда мешавад.
Хидматҳои диспетчерии ноҳиявӣ оид ба қабули зангҳо барҳам дода шуда, дар минтақаҳо марказҳои ягонаи тамос пайдо мешаванд. Дар маркази тамос дар баробари операторон гурӯҳи алоҳидаи тиббӣ ва машваратӣ кор хоҳад кард.
Дармонгоҳҳои хусусии дорои хадамоти ёрии таъҷилӣ низ метавонанд ба марказҳои тамоси минтақавӣ пайваст шаванд.
Ин амалиёт аввал дар вилояти Сирдарё тавассути Фонди суғуртаи тиббӣ, баъд, зина ба зина дар ҳамаи минтақаҳо ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Қайд карда шуд, ки дар солҳои 2022-2025 ҳама мошинҳои кӯҳнашудаи ёрии таъҷилӣ ба мошинҳои замонавӣ иваз карда мешаванд, ки дар натиҷа вақти омадани бригадаҳо 3 маротиба кам мешавад.
То имрӯз 2 695 бригадаи ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст. Дар 500-тои онҳо духтурҳо намерасанд, умуман зиёда аз 6 ҳазор нафар духтурон нимавақт кор мекунанд.
Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, на дар ҳама ҳолатҳо табибон бояд ба даъват бароянд. Ба ин муносибат вобаста ба мураккабӣ, аҳамият ва намуди зангҳо низоми мураттабсозӣ ҷорӣ карда мешавад.
Ба бригадаи ёрии таъҷилӣ имрӯз духтур, фелдшер ва ронанда дохиланд. Чунон ки таҷрибаи хориҷӣ нишон медиҳад, фелдшери ёрии таъҷилӣ дар як вақт ҳам ронанда аст.
Аз ин рӯ, аз соли нави таҳсил ба ҷавононе, ки фелдшерӣ мехонанд, низ ронандагиро меомӯзанд. Барои ин мактабҳои ронандагӣ ба коллеҷҳои тиббӣ вобаста карда мешаванд.
Ҳамзамон, низоми рағбатноксозии кормандони ёрии таъҷилӣ дар асоси баҳодиҳии кори онҳо бо беморон таъсис дода мешавад. Дар охири ҳар семоҳа кормандони бригадаҳо, ки меҳнаташон аз тарафи беморон баҳои баланд гирифтааст, ба андозаи 50 фоизи музди корашон мукофотонида мешавад.
Шумораи зангҳо ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ дар мамлакати мо 352-ададро ташкил медиҳад. Ин назар ба мамлакатҳои тараққикарда 6-7 баробар зиёд аст. Аз сабаби дар қишлоқу маҳаллаҳо набудани хизмати тиббӣ аҳолӣ ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат мекунад.
Ба ин муносибат доир ба таъсиси пунктҳои тиббӣ дар маҳаллаҳо супоришҳо дода шуданд.
Ба тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳои ёрии таъҷилӣ эътибор дода шуд. Бо ин мақсад Маркази ҷумҳуриявии таълимию амалии ёрии таъҷилии тиббии назди Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббӣ дода шуда, ба Мактаби такмили ихтисоси коргарон табдил дода мешавад. Мутахассисон аз кишварҳои дорои системаи ёрии таъҷилӣ, аз қабили Туркия, Корея ва Фаронса ҷалб карда мешаванд.
Зарурати вусъат додани фарогирии ёрии таъҷилии тиббӣ дар сатҳи ноҳия нишон дода шуд.
Барои ин, пеш аз ҳама, дар тамоми беморхонаҳои ноҳияву шаҳр шуъбаҳои планӣ ва ёрии таъҷилӣ, ки якдигарро такрор мекунанд, дар соҳаи терапия, педиатрия ва ҷарроҳӣ ягона карда мешаванд. Дар онҳо қабулгоҳҳои 24 соатаи ёрии таъҷилӣ ташкил карда хоҳанд шуд.
— Агар мо ин вазифаҳоро ба тартиб дарорем, тибро ба аҳолӣ боз ҳам наздиктар мегардонем, дар роҳи баланд бардоштани шаъну шарафи инсон қадами дигар мегузорем, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад ба ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо супурда шуд, ки татбиқи барномаҳои минтақавии рушди ёрии оҷилӣ ва таъҷилии тиббии худро қабул ва ташкил намоянд.