Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳбари давлатамонро бо баргузории бомуваффақият ва пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфт.
Махсусан қайд карда шуд, ки натоиҷи овоздиҳӣ бори дигар ҷонибдории васеи аҳолии кишварро аз татбиқи стратегияи рушди Ӯзбекистони нав ва роҳи сиёсати хориҷӣ, ки ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони хориҷӣ нигаронида шудааст, намоиш дод.
Раиси Чин самимона ба раҳбари Ӯзбекистон барори кор ва муваффақиятҳои нав, ба халқи дӯсти ӯзбек саодат ва шукуфоӣ таманно кард.
Сарони давлатҳо масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Чинро баррасӣ карданд.
Сатҳи кунунии муколамаи эътимодбахш, рушди бемайлони равобити дуҷониба ва фаъол шудани табодули мутақобила тибқи тавофуқҳое, ки дар ҷараёни мулоқотҳои сатҳи олӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, бо қаноатмандии амиқ қайд гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар арсаи сиёсӣ аз «сиёсати ягонаи Чин» ва муборизаи қатъӣ бар зидди «се қувваи шарир» – терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм ҷонибдории бемайлон изҳор намуд.
Илова бар ин, ба ҷониби Чин барои кӯмаки бузурги амалӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус, аз ҷумла таҳвили саривақтӣ ва истеҳсоли муштараки ваксинаҳо изҳори сипос карда шуд.
Дар навбати худ, Раис Си Сзинпин таъкид кард, ки Чин аз соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тақсимнопазирии арзи Ӯзбекистон, инчунин барномаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии кишвар қатъиян ҷонибдорӣ мекунад.
Дар соҳаи савдою иқтисодӣ роҳбарон афзоиши назарраси нишондиҳандаҳои гардиши молро қайд карданд. Барои интиқоли маҳсулоти серхаридор ба бозори Чин, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзӣ, оиди иштироки фаъоли Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи чоруми байналмилалии молҳои воридотӣ, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Шанхай баргузор мегардад, созишнома ба даст омад.
Ба таҳияи Барномаи панҷсолаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои стратегӣ, аз ҷумла дар соҳаи инноватсия, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва тиҷорати электронӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Мубодилаи таҷриба ва дониш дар масъалаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамчун самти асосии ҳамкорӣ муайян карда шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии муқаррароти Меморандум, ки аз ҷониби идораҳои ваколатдори ду кишвар моҳи равон ба имзо расидаанд, зоҳир карда мешавад.
Сарони Ӯзбекистон ва Чин тарафдори рушди системаи масирҳои самарабахши нақлиётӣ, ки Чинро бо минтақаи мо мепайвандад ва ташаккули долони транзитии трансконтиненталии Авруосиё дар чаҳорчӯбаи ташаббуси “Як макон, як роҳ” шуданд.
Имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва эмгузаронии аҳолӣ, варзиш, сайёҳӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо қайд карда шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба ҳамкасби худ ва халқи дўсти Чин бомуваффақият гузарондани Бозиҳои зимистонаи олимпиро дар Пекин дар соли 2022 орзу кард. Тавофуқ шуд, ки ҷаласаи навбатии Кумитаи байниҳукуматии Ӯзбекистону Чин то охири соли ҷорӣ, ҳамчунин тайёркунии барномаи муштараки таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ баргузор мегардад.
Президенти Ӯзбекистон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин доир ба рӯзномаи байналмилалӣ ва масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Сарвари давлатамон Ташаббуси рушди глобалиро, ки роҳбари Чин дар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба миён гузоштааст, дастгирӣ намуд.
Илова бар ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи зичро дар чаҳорчӯби фаъолияти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва дигар ниҳодҳои СММ идома диҳанд.
Раҳбари Чин аз раисии кишвари мо дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай комилан ҷонибдорӣ кард.
Сарони давлатҳо ҳамчунин масъалаҳои истиқрори сулҳи пойдор ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Ба мувофиқа расиданд, ки муколамаро дар чаҳорчӯбаи СҲШ ва дигар шаклҳо бо мақсади расонидани кумак ба мардуми Афғонистон идома медиҳанд.
Дар хотимаи суҳбат Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Си Сзинпин ба ду халқи дӯст ва кишвар сулҳ, некӯҳолӣ ва пешрафт таманно намуданд.
Сухбат дар вазъияти анъанавии ошкоро, эътимодбахш ва дӯстона гузашт.