Духтарони Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби барномаи байналмилалии таълимӣ наноспутники худро ҷамъоварӣ намуда, ба кор медароранд

    Насли оянда 2 Noyabr 2021 923

    ЮНИСЕФ, СҒҒ Tech4Impact ва Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барномаи байналмилалии таълимии UniSat-ро барои духтароне, ки ба фан, технология, кори муҳандисӣ ва математика (STEM – Science, Technology, Engineering and Mathematics) таваҷҷӯҳ доранд, расман роҳандозӣ карданд. Барномаи мазкур, ки ба афзоиши таваҷҷӯҳи духтарон ба омӯзиши кайҳон нигаронида шудааст, бо дастгирии намояндагиҳои кишварҳои ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон гузаронда мешавад.

    «Дар Ӯзбекистон, чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон, бо сабабҳои гуногун байни писарону духтарон дар самти саводнокии компютерӣ, таҳсилоти техникӣ ва касбу кор фарқияти ҷиддӣ боқӣ мондааст. Барномаи таълимии UniSat барои коҳиш додани ин тафовут, ҳавасмандкунӣ ва ба духтарон омӯзондани малакаҳои дахлдори илм ва технология кӯмак хоҳад кард "гуфт Мунир Мамедзода, директори ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон. «UniSat барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи васеъ ба масъалаи гендерӣ дар соҳаҳои технологӣ дар байни ҷавонони Ӯзбекистон кӯмак хоҳад кард», - таъкид кард ӯ.

    Дар рафти барнома духтарони 15-24-сола аз тамоми вилоятҳои Ӯзбекистон, ки аз интихоб гузаштаанд, метавонанд дониши худро дар бахшҳои барномасозӣ ва муҳандисӣ такмил диҳанд, инчунин малакаҳои корро дар даста ва идоракунии лоиҳаҳо такмил диҳанд. Иштирокчиён бо дастгирии гурӯҳи муҳандисон ва барномасозони касбӣ як моҳвораи наносфераро тарҳрезӣ, ҷамъоварӣ ва ба стратосфера сар хоҳанд дод.

    «Вазорати рушди инноватсионӣ аз дастгирии барномаи UniSat хушҳол аст. Духтарони Ӯзбекистон барои рушд дар соҳаи илм, муҳандисӣ ва технологияҳои пешқадам иқтидори бузург доранд ва мо духтаронро даъват мекунем, ки дар сар додани наноспутник қувваи худро санҷанд”, - гуфт Шаҳло Турдиқулова, муовини вазири рушди инноватсионӣ. «Мо дар вазорат озмоишгоҳе дорем, ки барои тарҳрезӣ ва васл кардани наномоҳвораҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва дарҳои вазорат ҳамеша ба рӯи ҷавонон боз аст. Шояд соҳаҳои STEM касби ояндаи шумо шаванд!”

    Дар марҳалаи хотимавии барномаи таълим духтарони се ҷумҳурӣ барои васл кардани наномоҳвора дар институти Ал-Форобии Алмаато чамъ мешаванд. Сар додани наномоҳвора дар Ӯзбекистон 12 апрели соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Худи духтарон нақшаи парвозро тартиб дода, наноспутникро аз як макони дар Ӯзбекистон мавҷуда таҳти назорати мутахассисони хидмати аэронавигатсия ба кор меандозанд.

    Наноспутники ба стратосфера сардодашуда ба духтарон имкон медиҳад, ки тасвирҳои баландсифати Замин ва ситораҳоро бигиранд. Сенсорҳои дарунсохт маълумотеро ҷамъ мекунанд, ки метавонанд дар оянда барои тадқиқоти илмӣ муфид бошанд.

    «Мо хушҳолем, ки якҷо бо шарикони худ чунин як барномаи беназирро барои духтарони Ӯзбекистон роҳандозӣ менамоем», - гуфт Саида Юсупова, роҳбари СҒҒ Tech4Impact. «Иштирок дар барномаи UniSat барои духтарон як имконияти хубест барои гирифтани донишҳои нав дар соҳаи STEM, омӯхтани тарзи кор дар гурӯҳ, бештар донистан дар бораи кайҳон ва моҳвораҳо, гирифтани таҷрибаи беруназсинфӣ барои дохил шудан ба донишгоҳҳои беҳтарини Ӯзбекистон ва ҷаҳон, шинос шудан бо занони машҳури соҳаи кайҳон ва инжиниринг. Сабти ном барои барномаи UniSat то 10 ноябр идома дорад ва мо ҳамаи духтаронеро, ки ба фанҳои STEM таваҷҷӯҳ доранд, даъват мекунем, ки сабти ном шаванд!”

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates