Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стартегӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Венгрия баррасӣ шуд.

Роҳбари Ӯзбекистон ба пешвои Венгрия барои истиқболи самимонаи ҳайати Ӯзбекистон дар шаҳри Будапешт миннатдорӣ баён кард.

Рушди муттасили ҳамкориҳои амалӣ дар тамоми самтҳо бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Дар сатҳи парламент, ҳукумат, идора ва минтақаҳо робитаҳои судманд роҳандозӣ шудаанд. Дар доираи СММ, Созмони давлатҳои туркӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои наздик сурат мегирад.

Ҳаҷми тиҷорати байниҳамдигарӣ меафзояд, дар шабакаҳои гуногуни иқтисодиёт ҳамкории корхонаҳои пешқадам мустаҳкам мешавад.

Зарурати дар марҳилаи аввал то ба 500 миллион евро расонидани ҳаҷми муомилоти маҳсулот, аз ҷумла тавассути имкониятҳои ивазкунандаи воридот ва аз ҳисоби мақоми “GSP+” таъкид шуд.

Бо ин мақсад, лабораторияҳо мутобиқи талаботи Иттиҳоди Аврупо аз аккредитатсия гузаронида мешаванд, барномаи пешакӣ сертификатсия кардани маҳсулот ва платформаи муштарак барои кӯмак ба ширкатҳои содиркунанда роҳандозӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳоло бастаи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ 500 миллион долларро ташкил медиҳад. Барои ташрифи ҷорӣ лоиҳаҳои нав ба маблағи 1,5 миллиард евро омода шудаанд.

Таъкид гардид, ки ба бозори молиявии Ӯзбекистон ворид шудани бонки “OTP”-и Венгрия, рағбати пурзӯр барои соҳибкорони Венгрия ва Аврупо гардид. Аз рӯйи васеъ намудани воситаҳои маблағгузорӣ бо бонк созиш ба даст омад. Таъсиси ширкати муштарак барои рушди кредитҳои мошин ва роҳандозии барномаи дастгирии тиҷорат аз ин ҷумлаанд. Дар вилояти Сирдарё ташкили кластери паррандапарварӣ низ дар марҳилаи фаъол қарор дорад.

Дар вохӯрӣ, ки субҳ бо доираҳои соҳибкорӣ баргузор гардид, доир ба татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, сохтмони роҳҳои нақлиётӣ ва марказҳои логистикӣ, рушди шабакаҳои коммуналӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, дорусозӣ, технологияҳои рақамӣ ва моҳипарварӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Таъкид гардид, ки барои ҷойгир кардани чунин истеҳсолот дар Ӯзбекистон таҳти идораи оператори "Inpark"-и Венгрия барои ширкатҳои Аврупо минтақаи махсуси саноатӣ ташкил карда мешавад.

 Умуман, дар бораи омода ва қабули Барномаи шарикии сармоягузорӣ дар ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Будапешт доир мегардад, ба мувофиқа расиданд.

Инчунин, аз нав ташкил кардани фаъолияти Шӯрои корчаллонии Ӯзбекистон-Венгрия ва дар фурмати кӯтоҳ бо иштироки васеи намояндагони тиҷоратӣ гузаронидани ҷамъомади навбатии он пешниҳод карда шуд. 

Натиҷаҳои пурсамари нахустин Форуми минтақаҳо, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Қӯқанд баргузор гардид, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Бо мақсади рушди алоқаҳои байниминтақавӣ аз рӯйи омодагии ҳамаҷониба ба форуми дувум дар Венгрия созиш ҳосил гардид.

Бо мақсади фаъолсозии табодули тиҷорӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ масъалаҳои роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни ду мамлакат низ баррасӣ шуд.

Ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ диққати махсус дода шуд.

Моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Лакителек нимпайкараи шоири бузург Алишер Навоӣ кушода шуд. Моҳи январи соли ҷорӣ дар Будапешт Рӯзҳои кинои ҳзбек доир гардид.

Пешниҳод шуд, ки соли оянда чун Соли фарҳанги Ӯзбекистон ва Венгрия эълон шавад. Ҳоло ҷиҳати рӯйи саҳна гузоштани балети “Лазгӣ” дар саҳнаи Театри давлатии операи Венгрия ва гузаронидани намояшгоҳи маданияти ӯзбек дар Осорхонаи этнографии Будапешт корҳои омодагӣ идома доранд.

Дар доираи табодули таълимӣ ҳамкорӣ дар доираи барномаи "Stipendium Hungaricum" идома хоҳад ёфт. Инчунин, роҳандозии низоми тақдими дипломҳое, ки дар ҳар ду мамлакат эътироф мегарданд ва имкониятҳои ташкили филиалҳои муассисаҳои таълими олии Венгрия дар мамлакатамон низ баррасӣ гардиданд.

Дар ин замина пешниҳод шуд, ки имсол дар Тошканд Форуми сеюми ректорони Ӯзбекистону Венгрия баргузор шавад.

Роҳбарон доир ба масъалаҳои муҳими молики аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Аҳамияти идомаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одам ва дигар хатарҳои муосир, ки ба амният таҳдид мекунанд, таъкид гардид.

Бо мақсади роҳандозии назорат аз болои иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда ба вазоратҳои масъул вазифаи омодасозии “харитаи роҳ”-и муштарак супорида шуд.

Дар поёни мулоқот Президент Шавкат Мирзиёев сарвазир Виктор Орбанро бо сафари ҷавобӣ ба Ӯзбекистон даъват кард.