Роҳбари давлати мо дар ибтидои суханронии худ халқи дӯсти муғулро бо фарорасии ҷашни миллӣ – Рӯзи Инқилоби халқӣ самимона муборакбод кард.
– Мо аз комёбӣ ва муваффақиятҳои назарраси дӯстони муғулистонии худ бобати татбиқ сохтани ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ самимона хурсанд мешавем, сиёсати сулҳхоҳонаи хориҷии шуморо куллан дастгирӣ менамоем, – гуфт сарвари кишвари мо.
Таъкид гардид, ки алҳол Муғулистон суръати мунтазам баланди пешрафти иқтисодиро намоиш медиҳад. Дар мамлакат соҳаҳои саноат, сектори аграрӣ, инфрасохтор бозсозӣ мешаванд.
Таҷдиди васеъмиқёси шаҳри Хархорин оғоз ёфтааст. Ба шарофати сиёсати мустақим, пурмуҳтаво ва фаъол нуфузи байналхалқии мамлакат боло меравад.
Махсус таъкид шуд, ки сафари аввалини Президенти Ӯзбекистон ба Муғулистон дар рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ду мамлакат ҳодисаи таърихӣ гардид.
Сарвари Ӯзбекистон таъкид намуд, ки яке аз натиҷаҳои асосии ташриф ин имзо шудани ҳуҷҷати муҳим – Баённомаи муштарак дар бораи шарикии фарогир гардид, ки дар ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Муғулистон давраи навро оғоз бахшид.
Изҳор гардид, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо тамоми масъалаҳои асосӣ ва самтҳои бартариноки ҳамкориҳои тарафайни амалӣ ҳамаҷониба баррасӣ шуданд, вазифа ва нақшаҳои мушаххас барои пешомад муайян гардиданд.
Зикр шуд, ки пас аз ҳамоиши порсола дар Тошканд робитаҳо бинобар тамоми самтҳо фаъолтар мешаванд. Моҳи феврали соли равон ҷамъомади нахустини Комиссияи байниҳукуматӣ пурмаҳсул гузашт.
Қарор шуд, ки корҳои қарин ва дастгирии тарафайн дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои бисёрҷанба идома дода шаванд.
Бинобар суханони Президенти Ӯзбекистон дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба кооператсияи иқтисодӣ эътибори асосӣ дода шуд. Бобати чандин карат афзудани ҳаҷми мубодилаи мол дар солҳои наздиктарин, пеш аз ҳама, аз ҳисоби вусъат додани номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти харидоргир вазифаҳо гузошта шуданд. Таъкид гардид, ки кушода шудани хонаи савдо бо маҳсулоти ӯзбекистонӣ дар Улан-Батор барои ин кор пойгоҳи воқеӣ хоҳад шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки дар арафаи сафар анҷумани тиҷоратӣ ва мулоқоти соҳибкорони Ӯзбекистону Муғулистон бомуваффақият баргузор шуданд, қарордод ва муоҳидаҳои нав имзо гардиданд. Роҳбарони давлат ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ барои тиҷорат тамоми шароитҳоро фароҳам оваранд ва ташаббусҳои корочаллонии онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд.
Ба ин маънӣ, бобати дар муҳлатҳои кутоҳтарин қабул кардани муоҳида дар бораи савдои преференсиалӣ ва ҳифзи тарафайни сармояҳо шартнома ба даст омад.
Ғайр аз ин дар ҷараёни гуфтушунидҳо самтҳои мушаххаси кооператсияи саноатӣ дар соҳаҳое, ки иқтисодиёти ду мамлакат метавонанд якдигарро ба тарзи самарабахш пурра намоянд, муайян гардиданд.
Сухан дар бораи татбиқсозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди захираҳои менералӣ, кишоварзӣ, чорвопарварӣ, кооператсия дар саноати сабук, аз ҷумла коркарди амиқи мӯина, пӯст ва бисёр дигар самтҳо меравад.
Ба сифати кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳр надоранд, дар бораи рушди муштараки хатсайрҳои самарабахши нақлиётӣ бо ҷалби васеъи коршиносон қарор ба даст омад. Қайд гардид, ки аз тирамоҳи соли равон хатсайрҳои бевоситаи авиатсионии байни пойтахтҳо ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар бораи идома додани мубодилаи фаъол дар соҳаҳои фарҳанг, таълим ва сайёҳӣ шартномаҳо имзо шуданд. Алҳол дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон, вохӯрии созмонҳои сайёҳии ду мамлакат баргузор мешаванд.
Ҷонибҳо барои мунтазам гузаронидани консертҳо, намоишгоҳҳо, намоиши киноҳо, иштирок дар ҷашнвораҳои тарафайн ба мувофиқа расиданд.
Роҳбари давлати мо ҳамчунин изҳор дошт, ки ба аз нав ба роҳ мондани таълими ҷавонони муғулистонӣ дар мактабҳои олии пешқадами Ӯзбекистон дар доираи квотаҳои ҷудогардида омода аст.
Таъкид гардид, ки барои саривақт ва босифат татбиқ намудани муоҳидаҳои имзошуда ва шартномаҳои бадастомада аз ҷониби ҳукумати ду мамлакат «харитаи амалиёт»-и маҷмӯӣ қабул карда хоҳад шуд.
Дар анҷоми суханронӣ сарвари мамлакати мо Президенти Муғулистонро даъват намуд, ки бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон ташриф оварад.