Дар фурудгоҳи ба номи Ҳайдар Алиеви пойтахт Сарвари кишварамонро муовини якуми Сарвазири Озарбойҷон Яғуб Эюбов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони баландмақом парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрошта шуда, қаровули фахрӣ саф кашид.
Тибқи барнома, имрӯз ҷаласаи дуюми Шӯрои олии байнидавлатӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи олӣ баргузор мегарданд.