Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои ширкатҳои амрикоиро оид ба васеъ гардондани тиҷорат дар киш...
3 май дар доираи барномаи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ва ҷамъомади Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати вакилонро таҳти сарварии раиси Палатаи савдои Амрико – Ӯзбекистон Кэролин Лэмм қабул кард. Дар рафти мулоқот инчунин роҳбарони ширкатҳои «Air Products», «CNH Industrial» ва «Silverleaf» иштирок карданд.