Ин комплекс соли 1972 сохта шуда буд. 5 дегхонае, ки дар ин ҷо кор мекунанд, 400 Гкал гармӣ ҳосил карда, 491 хонаи истиқоматӣ ва зиёда аз 150 муассисаи иҷтимоиро бо гармӣ таъмин мекунад.
Зимистони соли гузашта дар натиҷаи сармои шадид фишори интиқоли гази табиӣ ба маркази гармидиҳӣ паст шуда, ба таъмини гармии истеъмолкунандагон таъсири манфӣ расонд. Ба ин муносибат имсол имкони тавлиди гармӣ аз сӯзишвории алтернативӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, иншооти мазут сохта шуд, ки дар он ду дег барои кори гибридӣ — бо истифода аз газ ва мазут мувофиқ гардонда шудааст. Ҳамаи дегхонаҳо таъмир карда шуданд. Барои таъмини фишори муътадили газ ба стансияи гармидиҳӣ газопроводи алоҳидаи дарозиаш 4,6 километр пайваст карда мешавад.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдода имкони дар мавсими тирамоҳу зимистон бефосила таъмин намудани истеъмолкунандагон бо гармӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, сетҳои гармидиҳӣ дар ҳарорати то 30 дараҷа муътадил кор карда метавонанд. Дар ин раванд захираи мазут истифода мешавад. Изолятсияи қубурҳо мустаҳкам карда шуд, ки ин талафи гармиро кам кард. Дар натиҷа аҳолӣ дар ҳарорати камаш 65 дараҷа бо энергияи гармӣ таъмин карда мешавад. Маркази гармидиҳии рақами 5 низ ҳамин тавр нав карда шуд.
— Бояд иқрор шуд, ки солҳои зиёд ба ин система диққати даркорӣ дода намешуд. Корхонаҳои гармидиҳӣ аз рӯи захираҳои куҳна бо усулҳои куҳна кор мекарданд. Ва ҳаҷми гармии истеҳсолшуда хароҷотро намепӯшонд. Одамонро қонеъ гардондан, қобилияти кори корхонаҳоро таъмин кардан мумкин набуд. Озмоиишҳои соли гузаштаро ба назар гирифта, аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, таҷҳизоти гармиро нав мекунем. Ҳоло бояд барои нигоҳ доштан ва сарфа кардани гармӣ чораҳо андешид, — гуфт Шавкат Мирзиёев.












