Дар мамлакати мо, инчунин дар тамоми ҷаҳон, мушкилоти экологӣ афзоиш меёбад. Ин ҳам аз омилҳои табиӣ ва ҳам аз фаъолияти худи инсон вобаста аст.
Ҳамин тариқ, дар 4 соли охир шумораи корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи чанголудӣ ва газолудӣ дар шаҳрҳо аз меъёр 4 маротиба зиёдтар аст. Дар минтақаҳои кишвар масоҳати дарахтзор 3-4 маротиба кам шудааст. Сатҳи обҳои сатҳизаминӣ ва зеризаминӣ коҳиш ёфтааст.
Далелҳои сохтмон дар қитъаҳои холии байни биноҳои бисёошёна, буридани дарахтон, сарфи назар аз мораторияи эълоншуда, кам кардани майдонҳои сабз норозигии аҳолиро ба вуҷуд меорад.
Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист, мақомоти маҳаллӣ ташаббус нишон намедиҳанд ва дар ин самт кори амалӣ намебаранд.
Ба ин муносибат дар маҷлис мушкилоти соҳа аз нуқтаи назари танқидӣ дида шуданд. Раиси Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист Алишер Мақсудов барои дар маҳалҳо корро низомнок ташкил карда натавонистанаш аз вазифа сабукдӯш карда шуд.
Дар ҷаласа оид ба беҳтар намудани вазъи экологӣ ва васеъ намудани майдонҳои кабудизор вазифаҳои муҳим муайян карда шуданд.
Вазифа гузошта шуд, ки баҳори соли ҷорӣ дар канори шоҳроҳҳои автомобилӣ, периметри киштзорҳо ва дар ҳама маҳалҳои аҳолинишин 55 миллион, баҳори соли оянда 70 миллион ниҳоли тут, павловния, чинор, дуб, чормағз, санҷид, сафедор ва дигар дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда шаванд.
Кайд карда шуд, ки барои нигоҳубини дарахтон ба ҳар маҳалла як коргар, инчунин ба шуъбаҳои ободонии ноҳия ва шаҳр камаш 5 нафар коргар ҷудо кардан лозим аст.
Ба ҳокимони вилоятҳо супориш дода шуд, ки 4,5 ҳазор километр шабакаҳои дохилии ирригатсионии шаҳрҳо ва марказҳои ноҳиявиро барқарор кунанд.
Захираи ниҳолҳо дар беҳтар намудани экология ва васеъ намудани майдонҳои сабз нақши муҳим дорад. Масалан, дар ноҳияҳои Андиҷон, Пахтабод ва Марҳамат хоҷагиҳои парвариши павловния ташкил карда шудааст. Дар деҳаҳои Хӯҷаидук ва Омонқӯтони ноҳияи Ургут дар ҳар хонавода 2 ҳазор ниҳоли дарахтони ороишӣ рӯёнда мешаванд.
Ба мақсади дастгирии чунин хоҷагиҳо, бо ниҳолҳои хушсифат таъмин намудани аҳолӣ дар як минтақа, бунёд намудани фондҳои «Замини сабз» ба нақша гирифта шудааст.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки ба ниҳолхонаҳо дар асоси озмун қитъаҳои замин ҷудо кунанд, аз ҳисоби маблағҳои фондҳои «Замини сабз» ба аҳолӣ бепул ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ тақсим карда диҳанд.
Ба бунёди майдонҳои сабз ва боғҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳо эътибори алоҳида дода шуд.
Масалан, 11 ва 27 гектари боғи ба номи Алишер Навоии шаҳри Қаршӣ ба «минтақаи осоишта» -и бидуни аттраксионҳо табдил дода шуданд. Гӯшаҳо барои хониш, роҳҳои пиёдагард ва велосипедронӣ ташкил карда шуданд.
Баробари ин, қариб 300 боғҳои фароғатии кишвар дар ихтиёри вазорату идораҳои гуногун қарор доранд, ки аксари онҳо бепарасторанд.
Аз ин рӯ, ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки дар ҳамаи боғҳои фароғатӣ инвентаризатсияи пурраи дарахтонро анҷом дода, шумораи боғҳои ҷамъиятиро зиёд намоянд. Зикр гардид, ки 70 фоизи боғҳои истироҳатӣ бояд минтақаҳои кабудизор бошанд, ки дар онҳо сохтани ҳама гуна бино ва иншоот манъ аст.
Зарурати дар ҳар як ноҳияи Тошканд созмон додани яктогӣ ҷойи сайру гашт ва ҳар як маҳалла бо манзилҳои бисёрошёна ташкил кардани яктогӣ ҳудуди сабз қайд гардид. Инчунин, бояд дар шафати 60 километр каналҳо ва 250 километр роҳравҳо дарахтони манзаравӣ шинонда шаванд. Ба ҳокими шаҳри Тошканд супоришоти дахлдор дода шуданд.
Чӣ хеле ки маълум аст, мувофиқи Консепсияи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давраи то соли 2030, ки бо фармони Президент тасдиқ шудааст, барои буридани дарахтони нодир ва буттаҳо мораторӣ ҷорӣ шудааст. Ба туфайли ин чорабинӣ, ки то 31-декабри соли 2020 эътибор дорад, 316 ҳазор дарахт аз буридан наҷот дода шуд. Аммо, ба ин нигоҳ накарда, тақрибан 5 ҳазор дарахт ғайриқонунӣ бурида шудааст.
Ба ин муносибат Сарвари давлат супориш дод, ки чораҳои ҳифзи дарахтон пурзӯр гардонда шавад. Аз ҷумла, мораторӣ барои буридани дарахтон то соли 2024 дароз карда шуда, масъулият барои вайрон кардани он ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт. Буридани дарахтон дар майдонҳои сабз ва боғҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ аст.
Дар Тошканд ва марказҳои вилоятҳо полиси экологӣ таъсис дода мешавад. Ба зиммаи ӯ вазифаҳои мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи экология, аз ҷумла, худсарона буридани дарахтон, партофтани партовҳо дар ҷойҳои номақбул, қӯруқшиканӣ ва ғайра вогузор карда мешаванд.
Бо ин ҳаҷми ҷарима дар соҳаи экология 5 маротиба ва ҳаҷми ҷуброн барои зарари расондашуда 2 маротиба зиёд карда мешавад.
Инчунин, ба масъалаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо дахл карда шуданд. Таъкид гардид, ки кор бо идоракунии партовҳо дар минтақаҳое, ки шарикии давлатию хусусӣ ба роҳ монда шудааст, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Аз ҷумла, дар шаҳри Намангон, ноҳияҳои Тӯрақӯрғон, Мингбулоқ ва Намангон фарогирии маҳалҳо бо хидмати санитарӣ ба 92 фоиз расида, даромад бошад, ду баробар зиёд шуд. Дар Фарғона бо ҷалби сармоя ба маблағи 7 миллиард сӯм бори аввал заводи хел-хелкунии партовҳо ба кор даромад.
Муҳим будани паҳн кардани таҷрибаи мазкур дар дигар минтақаҳо, татбиқи лойиҳаҳои нав дар асоси шарикӣ бо сектори хусусӣ зикр гардид.
Зарурати рушди илми экология ва инноватсия таъкид карда шуд. Имрӯз аз беш аз ду ҳазор корманди низоми Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ҳамагӣ 10 фоизашон мутахассисони махсус мебошанд.
Ба ин муносибат оид ба такмил додани фаъолияти Донишкадаи илмию тадқиқотии назди кумита, рушди тайёркунии кадрҳо, хусусан, илмӣ супориш дода шуд.
Барои ин донишкада бо техникаҳои замонавӣ, таҷҳизоти лабораторӣ муҷаҳҳаз карда мешавад. Квота барои таҳсил дар докторантура ду баробар зиёд карда мешавад. Дар донишкада шурои илмӣ таъсис дода мешавад, ки ба онҳо дараҷаҳои илмӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист дода мешаванд.
Шахсони масъул бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда ҳисобот доданд.