Корҳое, дар соҳаи муҳими геология анҷом дода мешаванд, баррасӣ шуданд

    Президент Шавкат Мирзиёев 13 май бо тақдимот оиди нақшаҳои зиёд кардани истеҳсоли ангишт шинос шуд.

    Барои қонеъ гардондани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва хоҷагии халқ ҳамаи соҳаҳои энергетика тараққӣ мекунанд. Аз ҷумла, ангишт дар соҳаҳои алоҳидаи саноат манбаи оптималии энергия мебошад. Мувофиқи ҳисобҳо захираи ангишти мамлакати мо қариб ба 2 миллиард тонна мерасад.

    Ин захираҳо тадриҷан азхуд карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли ангишт пай дар пай меафзояд. Аз ҷумла, агар дар соли 2016 ин рақам дар як сол камтар аз 4 миллион тонна бошад, соли 2023 ба 6 миллиону 550 ҳазор тонна расид.

    Қаблан сарвари давлатамон зарурати ҷалби сармоягузоронро ба конҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нав таъкид карда буд. Натиҷаи ҳамин аст, ки соли гузашта дар бобати ҷалб намудани соҳибкорон 369 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд.

    Дар презентатсия инчунин дар бораи корҳое, ки дар саноат ба нақша гирифта шудаанд, маълумот дода шуд. Зимнан зикр гардид, ки имсол истихроҷи ангишт ба 8 миллион тонна расонида мешавад, ки 900 ҳазор тоннаашро соҳибкорон истеҳсол мекунанд. Ҷамъияти саҳҳомии «Шарғункӯмир» корхонаи ғанисозии ангиштро бо иқтидори 500 ҳазор тонна дар як сол ба кор медарорад.

    Дар вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё ва Тошканд дар чор қитъа корҳои геологӣ ба роҳ монда шуда, соли оянда дар онҳо истихроҷ ба нақша гирифта шудааст.

    Илова бар ин, бо истифода аз таҷрибаи пешқадами хориҷӣ корҳо оид ба арзёбӣ ва пармакунии қабатҳои ангишт идома доранд. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо то соли 2025 истихроҷи ангишт ба 10 миллион тонна расонида мешавад.

    Ба масъулин оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳа, беҳтар намудани сифати ангишт ва суръат бахшидан ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates