Зеҳни сунъӣ фишори хунро аз рӯи овоз муайян мекунад

    Мутахассисони ширкати "Klick Labs"-и Амрикои Шимолӣ модели зеҳни сунъиро офаридаанд, ки аломатҳои гипертонияро тавассути овоз дақиқ муайян мекунад.

    Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) тахмин мезанад, ки гипертония ба ҳаёти ҳар чаҳор нафар дар саросари ҷаҳон таҳдид мекунад. Олимони лабораторияи Klick Labs нейрошабакаеро офариданд, ки барои ташхиси фишори баланди хун садҳо биомаркерҳои овозиро истифода мебарад.

    Коршиносон қайд карданд, ки аксари биомаркерҳоро, ки метавонанд мавҷудияти гипертонияро нишон диҳанд, бо гӯшҳо ташхис кардан ғайриимкон аст. Ба гуфтаи намояндаи ширкат Ян Фоссат, шабакаи нейрон инчунин офаридани моделҳои пешгӯиро дар асоси ҷинси бемор омӯхтааст.

    Дар доираи таҷриба, 245 бемор бояд дар тӯли ду ҳафта ва то шаш маротиба дар як рӯз овози худро сабт карда, ба замимаи фирмавӣ фиристанд. Маълум шуд, ки модели таҳиякардаи олимон қодир аст фишори баланди хунро бо дақиқии 84 дарсад дар занон ва 77 дарсад дар мардон ташхис кунад, хабар медиҳад lenta.ru.

    "Технологияи овозӣ имкон дорад, ки нигаҳдории тиббиро боз ҳам дастрастар ва арзонтар гардонда, беҳтар созад" гуфт корманди илмии Klick Labs Ҷейси Кауфман. Ба гуфтаи ӯ, шабакаи нейронӣ ба ҷуз гипертония, имкони ташхиси диабети қанд ва дигар бемориҳоро хоҳад дошт.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates