Президенти Ӯзбекистон сафирони навтаъиншударо қабул кард

    Ҳукумат 27 Dekabr 2021 5017

    27 декабр маросими ботантанаи супурдани эътимодномаи сафирони навтаъйини хориҷӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд.

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев эътиборномаҳои сафирони навтаъиншудаи Ҷумҳурии Латвия Рейнис Трокша, Венгрия Дюла Ковач, Ҷумҳурии Франция Орелия Бушез ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Юсуф ал-Утайбиро қабул кард.

    Сарвари давлат сафирони навтаъйинро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатӣ дар кишвари мо самимона табрик гуфт.

    Таъкид гардид, ки Ўзбекистон ба рушди мулоқоти конструктивӣ, васеъ гардондани шарикии ба ҳамдигар муфид бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ эътибори муҳим медиҳад.

    Президент қайд намуд, ки мамлакатамон тарафдори идома додани дигаргунсозиҳои демократӣ, таъмини пай дар пайӣ дар гузарондани ислоҳоти маҷмӯъгӣ дар асоси Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав мебошад.

    Ҳадафи асосӣ дар Стратегияи рушд таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар як шаҳрванди кишвар, бунёди ҷомеаи кушоду озод ва давлати адолатпарвар муайян шудааст.

    Вазифаи асосӣ ин аст, ки то соли 2030 Ӯзбекистон ба кишвари дорои даромади аз ҳисоби миёна боло табдил ёбад. Дар ин росто ба амиқсозии ислоҳоти бозор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии сектори хусусӣ, ба таври васеъ ҷалб намудани сармоя ва технологияҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

    Сиёсати мутавозин, амиқ андешидашудаи хориҷӣ ва дипломатияи иқтисодӣ идома хоҳад дод.

    Таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятнок боқӣ мемонад.

    Ўзбекистон ҳамкории бисёрҷанбаро бо Русия, Хитой, АҚШ, инчунин, мамолики Аврупо, Осиёи Ҷанубӣ, минтақаи Осиёву океани Ором ва Шарқи Наздик ба сатҳи сифатан нав мебарорад.

    Чунон ки Президент изҳор кард, мо бояд ба рӯи олам кушода бошем, ҷаҳон ба рӯи мо боз аст, — ин аст талаби тараққиёти муосир. Консепсияи нави фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда мешавад.

    Сарвари давлат рафъи вазъ дар Афғонистонро, ки ҷузъи ҷудонашавандаи минтақаи мо маҳсуб мешавад, муҳимтарин омили таъмини амният унвон кард. Ӯзбекистон омода аст бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ ва башардӯстона, мусоидат ба истиқрори сулҳ дар кишвари ҳамсоя васъ ҳамкорӣ намояд.

    Раҳбари Ӯзбекистон ба дурнамои ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва дарозмуддат бо кишварҳое, ки сафирони нав тайин кардаанд, таваҷҷуҳ кард.

    Латвия шарики боэътимод ва муҳими Ӯзбекистон ва Аврупо мебошад, дар тӯли солҳои зиёд бобати ба бозорҳои Балтия ва Скандинавия баромадани мумлакат мусоидат мекунад.

    Дар байни давлатҳои мо муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ба ҳамдигар фоидабахш инкишоф ёфтанд. Ҷумҳурии Латвия ба Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва Иттиҳоди Аврупо кумак мерасонад.

    Дар баробари ин барои инкишофи ҳамкорӣ ҳанӯз имкониятҳои калони ба кор бурданашуда мавҷуданд. Зарурати самарабахш истифода бурдан аз иқтидори муносибатҳои тиҷоратӣ байни ду мамлакат, фаъол пеш бурдани лоиҳаву барномаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, дорусозӣ, саноати нассоҷӣ, сайёҳӣ таъкид гардид. Сафарҳои ба нақша гирифташудаи ҳайатҳои баландпояи Латвия ба Ӯзбекистон дар соли 2022 барои густариши ҳамкорӣ имкониятҳои навро боз мекунанд.

    Роҳбари Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ қайд кард, ки муносибатҳои дуҷониба бо Венгрия дар солҳои охир, ки ба қаробати чандинасраи таърихӣ ва робитаҳои наздики халқҳои мо асос ёфтаанд, бо рушди босуръат хосанд.

    Дар ҷараёни сафари Сарвазири Венгрия Виктор Орбан ба Ӯзбекистон дар моҳи марти соли равон ҳамкориҳои Ӯзбекистону Венгрия ба сатҳи шарикии стратегӣ расида буданд.

    Изҳори боварӣ карда шуд, ки идомаи муколамаи созандаи раҳбарони ду кишвар ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ мусоидат хоҳад кард.

    Дар солҳои охир ҳаҷми муомилоти тарафайни мол ду баробар афзуд. Лоиҳаҳои якҷоя бо фирмаҳои пешқадами Венгрия бомуваффақият ба амал бароварда мешаванд.

    Механизми ҳамкории байниминтақавӣ таъсис дода шудааст. Моҳи июни соли ҷорӣ нахустин Форуми ректорони донишгоҳҳои ду кишвар бомуваффақият баргузор гардид. Аз моҳи сентябр донишҷӯёни Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби барномаи "Хунгарикум" дар мактабҳои олии Венгрия таҳсили худро оғоз карданд.

    Зарурати васеъ гардондани ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳои муҳим, ба мисли кишоварзӣ, чорвопарварӣ, мошинсозӣ, дорусозӣ, логистика ва сайёҳӣ таъкид гардид.

    Фаронса, ки дар арсаи байналмилалӣ нуфузи калон дорад ва дорои иқтидори назарраси иқтисодӣ мебошад, яке аз шарикони асосии Ӯзбекистон дар Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад.

    Сафари расмии сатҳи олӣ ба Фаронса дар соли 2018 ва гуфтугӯҳои телефонӣ бо Президент Эммануэл Макрон моҳи августи соли ҷорӣ ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои Ӯзбекистону Фаронса мусоидат кард.

    Дар Ўзбекистон якҷоя бо ширкактҳои Фаронса як қатор лоиҳаҳои ба ҳамдигар муфид, аз ҷумла оид ба истеҳсоли автомобилҳои Renault дар вилояти Ҷиззах, навсозии энергоблокҳо бо EDF, инфрасохтори коммуналӣ бо иштироки Veolia, сохтмони нерӯгоҳи офтобии барқӣ бо Total Eren татбиқ мегарданд.

    Президенти Ӯзбекистон ба ҳамкорӣ бо Агентии рушди Фаронса, ки ба кишвари мо дар татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ мусоидат мекунад, баҳои баланд дод.

    Онҳо ҳавасмандии худро ба татбиқи лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои инноватсионӣ, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, тиб, маориф, сайёҳӣ ва густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ тасдиқ намуданд. Тавре зикр гардид, соли 2022 дар осорхонаи Лувр намоишгоҳи мероси фарҳангии Ӯзбекистон баргузор мешавад.

    Сарвари давлат изҳори итминон кард, ки дар давраи раёсати Фаронса дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар нимаи аввали соли 2022 робитаҳои гуногунҷанбаи ҷумҳурии мо бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо боз ҳам таҳким хоҳанд ёфт.

    Арабистони Саудӣ шарики муҳими на танҳо дар мамлакатҳои арабу мусулмон, балки дар тамоми ҷаҳон дорои нуфузи баланд ва зарфияти молиявию иқтисодии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.

    Мулоқотҳо бо Вазири Масҷиди Муқаддас – Шоҳ Салмон Ал Сауд ва шоҳзода Муҳаммад Ал Сауд ба рушди муносибатҳои дуҷониба такони иловагӣ бахшиданд, таъкид кард Президент.

    Ташрифҳои вазири корҳои хориҷӣ шоҳзода Файсал ва вазири сармояҳо Халид ал-Фолиҳ ба Ӯзбекистон, ки соли ҷорӣ ба амал омад, ба васеъ ва амиқ гардондани ҳамкории Ӯзбекистону Арабситони Саудӣ ҳиссаи муҳим ҳароҳ намуд.

    Президент аз татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо ширкати саудии ACWA Power изҳори қаноатмандӣ кард.

    Фонди рушди Арабистони Саудӣ дар татбиқи ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвари мо низ кумаки назарраси молиявӣ мерасонад.

    Аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, пешбурди лоиҳаҳои нав бо ширкатҳои Саудӣ қайд карда шуд.

    Президенти Ӯзбекистон дар анҷоми маросими супоридани эътимоднома ба сарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар иҷрои рисолати масъулиятнок ва пуршарафи онҳо ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваффақиятҳои калон таманно намуд.

    Дипломатҳо барои истиқболи гарм, шароит барои фаъолияти пурсамари онҳо изҳори сипос намуда, ҳамчунин қайд карданд, ки тамоми нерӯ, дониш ва таҷрибаи касбии худро барои рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд сарф хоҳанд кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates