Президенти Ӯзбекистон дар Мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ нутқ эрод кард

    Ҳукумат 6 Avgust 2021 13202

    6 август Мулоқоти машваратии сеюми роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барпо гардид.

    Он дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза»-и Туркманистон баргузор гардид.

    Дар ҳамоиш таҳтии раёсати Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин Вакили махсуси Котиби генералии СММ оид ба Осиёи Марказӣ, сарпарасти Маркази минтақавии дипломатияи превентив барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман ширкат намуданд.

    Осиёи Марказӣ минтақаи молики аҳамияти калони геостратегӣ ва геоиқтисодӣ мебошад. Дар ин ҷо беш аз 74 миллион нафар аҳолӣ иқомат мекунад. Таърих ва маданияти халқҳо, иқтисодиёт ва инфрасохтори мамлакатҳои минтақа баҳам алоқамандии зич доранд.

    Тавре ки роҳбари Ӯзбекистон чандин бор таъкид намудааст, дар назди мамлакатҳои минтақа мақсади асосӣ – бо кӯшиши умумӣ Осиёи Марказиро ба минтақаи суботнок, аз лиҳози иқтисодӣ мутараққӣ ва шукуфон табдил додан қарор дорад. Барои даст ёфтан ба ин мақсад ва ҳамчунин комилан ба амал татбиқ намудани зарфияти минтақа, мустаҳкамсозии муносибати боэътимоди тарафайн, некҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ Президент Шавкат Мирзиёев соли 2017 ташаббуси ташкили Мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказиро иброз намуд.

    Ин ташаббус, ки ҷавобгӯи аниқи манфиатҳои халқҳои бародари мамлакатҳоямон мебошад, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ ёфт ва зуд ба воқеият табдил гардид. Ҳамоиши якуми роҳбарон моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон – Нурсултон, дуюмаш моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд ба вуқӯъ пайваст.

    Ҳамоиши навбатӣ дар «Аваза» инчунин пурмуҳтаво ва пурмазмун гузашт.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нутқи худ таъкид кард, ки ба туфайли иродаи ягонаи сиёсӣ ва кӯшиши муштарак имрӯз минтақаамон ба фазои некҳамсоягӣ, ҳамкории муфиди ҷонибҳо ва рушди суботнок табдил меёбад.

    – Дар ба вуҷуд омадани муҳити нави сиёсӣ дар ин ҷо нақши Мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ беназир аст. Мулоқотҳои мунтазами мо дар дараҷаи баланд имкон медиҳад, ки зарфияти нодири минтақа комилан ба амал татбиқ гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Роҳбари давлатамон доир ба масъалаҳои муҳим назари худро иброз кард ва чандин пешниҳодро изҳор намуд.

    Таъкид шуд, ки воқеияти имрӯз қадамҳои қатъиро барои ташаккули модели нави ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ тақозо менамояд. Муҳим аст, ки нуқтаҳои нави пешрафт, драйверҳои нави тараққиёт барои ояндаи дарозмуддат муайян карда шавад.

    Ногузирии афзудани савдои дохилии минтақа таъмин гардида, бо мақсади ба режими пурраи савдои озод гузаштан мамониатҳои мавҷуда бартараф карда шаванд. Аз ҳисоби инкишофи кооператсияи саноатӣ, инноватсия ва технологияи рақамӣ занҷири тӯлонии арзиши иловагиро ба вуҷуд овардан имкон дорад.

    Таъкид шуд, ки барои ин робитаҳои бевоситаи тиҷоратиро байни соҳибкорон ва минтақаҳои мамлакатҳоямон рағбатнок гардонда, зуд-зуд анҷуманҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баргузор карда шавад.

    Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки барои қабули Муоҳида дар бораи самтҳои умумии ҳамкории минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ фаро расидааст.

    Босамар ба кор андохтани потенсиали нақлиёту транзити минтақа ба манфиатҳои умумии стратегии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ кор мекунад. Низоми вусъатёфта ва ҳамгароии нақлиёт дар қитъаи Евроосиё метавонад хаби транзитии ҳалқавӣ гардад.

    Бинобар ин роҳбари давлат барои ҳарчи пурратар ба кор андохтани даҳлезҳои дарамали нақлиётӣ ва инфрасохтор, аз он ҷумла бандарҳои баҳри Каспий, марказҳои бузурги логистикии фаромарзӣ баромад намуд. Ғайр аз ин дар оянда Ӯзбекистон барои аз имконоти даҳлези фарогири Афғонистон «Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар», роҳҳои автомобилгард ва оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» истифода намудан умедвор аст.

    Инчунин аҳамияти барқарорсозии алоқаҳои пурраи нақлиётӣ бо риояи талаботи санитарӣ таъкид ёфт.

    Масъалаҳои бехатарии энергетикии минтақа бо назардошти инкишофи иқтисодиёти миллӣ ва аҳолӣ аҳамияти боз ҳам муҳим касб менамояд. Бинобар ин кӯшиш дар бобати ташаккули фазои умумии ягонаи энергетикӣ бояд идома дода шавад ва ҳамзамон ба татбиқи таъҷилии энергетикаи «сабз» ва технологияи сарфакунандаи энергия эътибори алоҳида нигаронда шавад.

    Президенти Ӯзбекистон фаъолсозии фаъолияти Шӯрои танзимгари электроэнергетикаи мамлакатҳои Осиёи Марказиро пешниҳод намуд ва ҳамзамон бо васеъ намудани мандат ва ваколати он ва ҳамчунин дараҷаи намояндагии мамлакатҳо ибрози назар намуд.

    Эътибори иштирокдорони мулоқот дар шароити пандемия ба тезутунд гардидани масъалаи таъмини аҳолӣ бо амволи озуқаворӣ нигаронда шуд. Дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон афзоиши нарх ва норасоии озуқавории асосӣ ба назар мерасад.

    Роҳбари давлат ташаббусро дар бораи баргузор намудани мулоқотҳои мунтазами вазирони хоҷагии қишлоқи мамлакатҳои минтақа пешниҳод кард, ки ба рӯзномаи маҷлиси якум масъалаи татбиқи низоми минтақавии мониторинги бехатарии озуқаворӣ дохил карда шавад.

    Ин имкон медиҳад, ки самтҳои дақиқ ва барномаҳои муштарак оид ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва назорати сифати онҳо, инчунин ба бозори ҷаҳон гузоштани онҳо муайян карда шавад.

    Инчунин ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии зич ва кӯмаки ҳамдигар дар мубориза бо пандемия дахолат карда шуд.

    Бо ин мақсад Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуд, ки низоми ягонаи иттилоотӣ дар бобати шинохтани санҷиш ва сертификатҳои ваксинатсия, васеъ намудани табодули таҷриба дар соҳаи профилактика, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сирояткунанда, тарбияи ходимони тиббӣ, роҳандозии ҳамкории илмӣ дар соҳаи фармакология ва кооператсия доир ба истеҳсоли дорувории аз лиҳози барои ҳаёт муҳим роҳандозӣ гардад.

    Роҳбари мамлакат таъкид кард, ки масъалаҳои экологии минтақа ҳамеша дар маркази эътибор бояд қарор дошта бошад. Домани ҳамкориҳо бояд васеъ карда, тамоми чораҳо доир ба нармсозии оқибатҳои фоҷиаи баҳри Арал андешида шавад.

    Ба ин маъно Президенти Ӯзбекистон таҳияи барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз»-ро барои Осиёи Марказӣ» пешниҳод намуд, ки он ба мусоидати мамлакатҳоямон ба тағйироти иқлим ва ҳамчунин татбиқи ҳарчи бештари технологияи сарфакунандаи захира мусоидат менамояд.

    Роҳбари Ӯзбекистон аҳамияти муҳими мустаҳкамсозии алоқаҳои минтақаамонро бо дигар минтақаҳои бузурги ҷаҳон таъкид кард. Ӯ аз роҳбарони давлатҳо барои дастгирӣ ва иштироки фаъоли ҳайатҳои мамлакатҳояшон дар кори Анҷумани байналхалқӣ оид ба вобастагии ҳамдигарии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки ба қарибӣ дар Тошканд баргузор гардид, изҳори миннатдорӣ намуд.

    Изҳори боварӣ гардид, ки бо кӯшиши умумӣ резолютсияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оид ба ин масъала қабул гардида, инчунин иштироки фаъоли Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентив барои Осиёи Марказӣ изҳор гардид.

    – Ҳамаи мо дарк менамоем, ки ҷавонон дар инкишофи мамлакатҳоямон чӣ андоза нақши муҳим доранд, ки аксарияти аҳолии минтақаро ташкил менамоянд. Имрӯз, вақте ки дар тамоми ҷаҳон мубориза барои ақлу қалби насли ҷавон идома дорад, мо ҷавононамонро бояд тарбия намоем, ки аз онҳо ояндаи Осиёи Марказӣ вобаста мебошад, ки онҳо дар рӯҳи ватанпарварӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ парвариш ёбанд, – изҳор намуд Шавкат Мирзиёев.

    Роҳбари давлат пешниҳод кард, ки соли оянда дар Ӯзбекистон Анҷумани ҷавонони Осиёи Марказӣ баргузор гардад, ки он дар ташаккули пойгоҳ барои мустаҳкамсозии боварӣ ва дӯстӣ, гуфтугӯи фаъоли намояндагони ҳукуматҳо ва ҷавонони мамлакатҳоямон қадами муҳим мегардад.

    Омили муҳими мустаҳкамсозии муносиботи бародарии халқҳоямон инкишофи фазои умумии маданиву тамаддунӣ дар оянда ба шумор меравад.

    Президенти Ӯзбекистон аҳамияти ташкили мунтазами ҷашнвора, рӯзҳои маданият ва кино, нашри муштараки китобҳоро бахшида ба мероси мадании Осиёи Марказӣ таъкид кард.

    Боз як омили таъсирбахше, ки ба наздиксозии халқҳоямон мусоидат менамояд, соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Муҳим аст, ки рағбатноксозии иловагӣ барои афзудани табодули сайёҳии дохилиминтақавӣ фаъолона корбурд гардад.

    Роҳбари давлат оғоз намудани татбиқи амалии барномаи муштараки «Як саёҳат – тамоми минтақа»-ро бо фарогирии тамоми рангорангии маҳсулоти сайёҳӣ пешниҳод намуд.

    – Анҷумани имрӯза боз барои он молики аҳамияти махсус мебошад, ки он дар арафаи рӯйдоди муҳим – 30-солагии истиқлолияти давлатҳоямон баргузор мегардад. Ин замон солҳои бароямон мураккаб буд. Хулосаи асосӣ – фақат якҷоя, шарикона, бо дастгирии ҳамдигар мо метавонем масъалаҳои дар наздамон қарордоштаро ҳал намоем, рушди суботноки минтақа ва боло бурдани некаҳволии мардумро таъмин намоем. Дигар роҳ нест! – таъкид кард Президент Шавкат Мирзиёев.

    Аҳамияти рӯҳияи суботнок ва бебозгашт бахшидан ба ҷараёнҳои ҳамкории минтақавӣ, ҳарчи бештар истифода намудани зарфияти «дипломатияи халқӣ», парлумонҳо, инстиутҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва фазои расонавӣ барои ин мақсадҳо таъкид гардид.

    – Инкишофи минбаъдаи гуфтугӯи занони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, васеъ гардидани робитаҳоро дар заминаи даст ёфтан ба мақсадҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи баробарии ҷинсӣ истиқбол менамоем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Бо назарошти мақоми афзояндаи парламентаризм Президенти мамлакатамон дар Тошканд баргузор намудани Анҷумани минтақавии парлумониро таклиф намуд.

    Дар поёни нутқи худ роҳбари давлат изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои Мулоқоти машваратӣ дар кори мустаҳкамсозии минбаъдаи бисёрҷанбаи шарикии халқҳои бародари Осиёи Марказӣ саҳми муносиб мегардад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates