Президенти Ӯзбекистон барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои туркизабон пешниҳодҳои муҳим дод

    Ҳукумат 12 Noyabr 2021 6638

     Имрӯз, 12 ноябр, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши ҳаштуми Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон иштирок кард.

    Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған чорабинӣ дар ҷазираи Демократия ва озодии ҷанубу шарқи Истамбул, ки аз нигоҳи таърихӣ яке аз ҷойгоҳҳои барҷастаи Туркия ба шумор меравад, баргузор шуд.

    Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин президентҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, инчунин Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Сарвазири Венгрия Виктор Орбан иштирок доштанд.

    Мувофиқи рӯзнома масъалаҳои васеъ гардондани ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи савдо, сармоя, иқтисодиёти "сабз", технологияҳои рақамнок, нақлиёт ва коммуникатсияҳо, таълим ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.

    Сарвари давлатамон дар оғози суханронии худ изҳор дошт, ки Ӯзбекистон қарорҳои таърихиро дар бораи табдили номи Шӯрои туркӣ ба Созмони давлатҳои туркӣ ва ба Туркманистон додани мақоми давлати нозирро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Таъкид шуд, ки ин иқдомҳо фаъолияти созмонро ба зинаи сифатан нав бардошта, нақш ва нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ ба таври қатъӣ афзоиш медиҳанд.

    Қайд гардид, ки равандҳои босуръат дар ҷаҳони имрӯза, чолишу таҳдидҳои гуногун, озмоишҳое, ки пандемия ба миён оварданд, мушкилоти амнияти озуқаворӣ, экология ва тағйирёбии иқлим дар назди кишварҳои узви ин созмон вазифаҳои наву таъхирнопазир мегузорад.

    Ба ин муносибат роҳбари Ӯзбекистон ташаббусҳоеро изҳор намуд, ки ба пурратар истифода бурдани иқтидори бузурги ҳамкории кишварҳои мо ва таҳкими созмон нигаронида шудаанд.

    Афзалияти асосӣ фароҳам овардани шароити мусоид ва ҷолиб барои тавсеаи равобити тиҷории кишварҳост.

    Дар солҳои охир ду баробар афзудани муомилоти умумии моли Ӯзбекистон бо мамлакатҳои бародар махсусан қайд карда шуд. Дар баробари ин нишондиҳандаҳои мазкур ба иқтидори мавҷуда мувофиқ нестанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2020 ҳаҷми умумии воридоти кишварҳои мо 420 миллиард доллар ва ҳаҷми умумии муомилоти мутақобила миёни кишварҳои узв 21 миллиард долларро ташкил медиҳад.

    Аз ин рӯ вазифаи муҳимтарин ин аст, ки маҳсулоти мамлакатҳои сеюм бо молҳое, ки дар давлатҳои аъзои ташкилот истеҳсол карда мешаванд, иваз карда шаванд.

    Бо мақсади аз ҳар ҷиҳат омӯхтани имконоти мавҷудаи соҳаи мазкур таъсис намудани Маркази тадқиқотҳои ҳамкории тиҷоратии давлатҳои туркӣ пешниҳод гардид, ки бо таҳияи пешниҳодот дар заминаи бартарафсозии мамониатҳои савдо, васеъ татбиқ намудани тиҷорати электронӣ ва афзоиши ҳаҷми содирот ва воридот машғул хоҳад гардид.

    Президенти Ӯзбекистон рушди нақлиёт ва тронзитро чун самти муҳими ҳамкорӣ номид, ки барои минбаъд васеъ намудани ҳамкории тиҷоративу иқтисодии мамлакатҳои Созмон ҳамдастӣ хоҳад намуд.

    Таъкид ёфт, ки вазъияти ҷорӣ минбаъд рушд бахшидани даҳлезҳои нақлиётии фароқитъавии мавҷуда ва ба вуҷуд овардани даҳлезҳои нав аз Чин ба Аврупоро, ки аз тариқи ҳудуди мамлакатҳоямон мегузарад, тақозо менамояд.

    Бо мақсади роҳандозии ҳамдастии низомнок дар ин самт таҳия намудани «Барномаи равобити ҳамдигарии мамлакатҳои иштирокдори Созмони давлатҳои туркӣ дар соҳаи нақлиёт» пешниҳод гардид.

    Роҳбари давлатамон инчунин ба пурзӯр намудани кооператсияи саноатӣ даъват намуд. Барои ин пешниҳод дар бораи дар пойгоҳи ташкилотҳои соҳавии давлатҳои аъзо ташкили Марказҳои инжиниринг ва технология бо мақсади таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар самти мазкур баён гардид. Дар бобати омодагӣ барои соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор намудани Ҳафтаи саноати давлатҳои туркӣ эълон гардид.

    Бо назардошти он ки мавзӯи ҳамоиши ҷорӣ «Технологияи сабз ва шаҳрҳои оқил дар асри рақамӣ» ба ҳисоб меравад, Президенти Ӯзбекистон ташаббусро дар бораи ба вуҷуд овардани Платформаи доимоамалкунандаи экспертҳо ва мутахассисони IT барои табодули таҷриба ва мубодилаи инноватсия дар бобати ба вуҷуд овардани шаҳрҳои оқил баромад кард. Чун қадами аввал дар самти мазкур соли 2022 баргузор намудани анҷумани экспертҳо пешниҳод гардид.

    Мавзӯи тағйироти иқлим, нармсозии таъсири он ба мамлакатҳои Созмон, инчунин масъалаи хушк гардидани баҳри Арал дар нутқи сарвари Ӯзбекистон зикр гардиданд. Бо мақсади коҳиш додани оқибатҳои манфии фоҷиаҳои экологӣ ва бартарафсозии паҳн гардидани онҳо Шавкат Мирзиёев дар бобати ба вуҷуд овардани ниҳоди ҳифзи муҳити зисти мамлакатҳои туркӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҷойгир кардани қароргоҳи он дар яке аз ноҳияҳои ҳавзаи Арал, ки аз ин фоҷиаи экологӣ бештар аз ҳама зарар дидааст, таклиф намуд.

    Президенти Ӯзбекистон ба мавзӯи инкишофи рушди сайёҳӣ эътибори алоҳида нигаронд ва таҳия намудани «Нақшаи роҳ»-ро пешниҳод намуд, ки он ба татбиқ намудани лоиҳаҳои «Сайёҳӣ ба дунёи турк» ва «Сайёҳии табаррук» мусоидат менамояд ва масъалаҳои баргузор намудани намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандон ва озмунҳои варзишии этникиро фаро гирифта, барои муҳофизат ва барқарор сохтани объектҳои мероси маданӣ ҳамдастӣ менамояд ва ҳамчунин ба рушди ҳамкорӣ дар заминаи самтҳои дигар мусоидат хоҳад кард.

    Роҳбари давлатамон барои қабул гардидани қарорҳои ҳамоиши ҷорӣ дар бобати таъсиси Ҷоизаи байналхалқии ба номи Алишери Навоӣ изҳори сипос намуда, аҳамияти омӯзиш ва тарҷумаи асарҳои нодирро таъкид кард, ки дар хазинаи мамлакатҳои иштирокдор ҳифз мешаванд, ба вуҷуд овардани пойгоҳи ягонаи электронии маълумотҳоро таъкид кард.

    Фонди дастхатҳое, ки танҳо дар Ӯзбекистон вуҷуд доранд, шомили қариб 200 ҳазор нусхаи хаттии нодир буда, марбути таърих ва маданияти муштаракамон мебошад. Бинобар ин пешниҳод гардид, ки Маркази пажӯҳишии омӯзиши мероси таърихӣ, илмӣ ва мадании давлатҳои туркизабон таъсис гардад.

    Таъкид шуд, ки ҷавонон қисми зиёди аҳолии мамлакатҳои иштирокдори созмонро ташкил менамоянд, нақши насли ҷавон дар ҳаёт ва тақдири халқҳоямон, инкишофи муносибати мамлакатҳоямон ҳарчи бештар меафзояд.

    Раҳбари Ӯзбекистон таъкид кард, ки яке аз вазифаҳои муҳим дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, рағбатноксозии ташаббус ва лоиҳаҳои эҷодӣ, ҳифзи онҳо аз ғояҳои барои арзишҳои миллиамон бегона иборат мебошад.

    Бинобар ин роҳбари давлатамон пешниҳод намуд, ки соли 2022 дар Ҷаҳони туркӣ «Соли дастгирии ташаббусҳои ҷавонон» эълон карда шавад. Дар доираи он пешниҳод карда мешавад, ки Барномаи муштараки чорабиниҳои дақиқ таҳия ва татбиқ гардида, масъалаи мазкур ба рӯзномаи маҷлиси ҳамоиши оянда ба сифати мавзӯи асосӣ дохил карда шавад.

    Зимни суханронӣ роҳбари давлат ба вазъияти ҷории мураккаб дар Афғонистон дахолат намуд, ки дар маркази диққати ҳамагон қарор дорад.

    – Хеле муҳим аст, ки дар ин мамлакат буҳрони гуманитарӣ ба вуҷуд наояд, ба ҷудо сохтани байналхалқии он ва ба макони террористон табдил додани ин кишвар роҳ дода нашавад. Бархурдҳои мо дар гуфтугӯ бо ҳукумати нави Афғонистон бояд дар ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагӣ зоҳир гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар поёни ҳамоиш қарор дар бораи гузаштани раёсат дар созмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва соли оянда дар Ӯзбекистон барпо намудани ҳамоиши якуми Созмони давлатҳои туркӣ қарор қабул гардид.

    Роҳбарони давлатҳо беш аз даҳ ҳуҷҷат – Декларатсияи ҷамъбастии ҳамоиш ва ҳамчунин «Назари ҷаҳони туркӣ – 2040» ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳимро, ки шомили рӯзномаи маҷлис буданд, қабул намуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates