баннер
29 Mar 2025
12:07

    Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтор дар қароргоҳи «кӯксарой»

    Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ҳамватанони муҳтарам! Меҳмонони азиз!

    Бори дигар шумо, тамоми халқамон, ҳамаи уммати исломи мамлакатҳои хориҷии дуру наздикро бо моҳи муқаддаси ҷории Рамазон табрик менамоям.Барои ҳамаатон сулҳу субот, тансиҳатӣ ва фараҳмандӣ орзу дорам.

    Дар чунин як моҳи шариф мо якҷоя бо халқамон дар ин сарзамини пурнеъмат аз баргузор намудани маросими ифтор хушбахт ҳастем, ки барои ин аз марҳамати Офаридгор беҳад миннатдорем.

    Аз фурсат истифода намуда, ба меҳмононе, ки дар байнамон ҳозир мебошанд – сафирони давлатҳои хориҷӣ, вакилони ташкилотҳои байналхалқӣ, пешвоёни динҳо барои эҳтироми амиқ ва эътиборашон ба мамлакат ва халқи мо миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

    Дӯстони азиз!

    Тавре ки маълум аст, дар солҳои охир мо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва диниамон, рушди онҳо дар асоси талаботи имрӯз корҳои бисёрро анҷом медиҳем.

    Ғояи неки «Барои қадри инсон, барои бахти инсон» дар фаъолиятамон дар ин самт барномаваи амал мегардад. Дар асоси он таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як ҳамватан, сарфи назар аз миллат, забон ва дин, дар ҳаёти ҷамъият ба мадди аввал мебарояд. Ҳамин тариқ, таъмини пурраи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон дар ҷиҳати озодии виҷдон дар моҳи ҷории Рамазон равшан зоҳир мегардад.

    Дар ҷамъият арзишҳои нек, ки бароямон дини муқаддасамон муқаррар намудааст, мисли дӯстӣ ва мусолиҳа, некӣ ва дастгирӣ, таҳаммул ва тоқат, хушахлоқӣ ва интизом, азм ба илм ва маърифат рӯз то рӯз мустаҳкам мегардад.

    Ба омӯзиши амиқи моҳияти инсонпарварии дини ислом, ҷамъоварӣ ва васеъ оммавӣ намудани хазинаи таърих ва маданияти бузургамон, мероси ғании мутафаккирони бузург эътибори алоҳида нигаронда мешавад.

    Дар роҳи ин мақсади нек дар Тошканд Маркази тамаддуни исломӣ бунёд мегардад, ки он дар мамлакат ва дар хориҷ чун лоиҳаи боҳашамати илмиву маънавӣ, ки бори аввал дар Ӯзбекистон татбиқ мегардад, мавриди таваҷҷуҳи бисёриҳо қарор мегирад.

    Марказ, ки таҷассумгари дастовардҳои инкишофи ҳазорсолаҳо мебошад, собит менамояд, ки тамаддуни исломӣ дар мамлакатамон маҳз дар асоси илм, таълим ва тарбия, маданият ва маърифат рушд намудааст.

    Қобили таваҷҷуҳ аст, ки он на танҳо ёдгориҳои қадимро ҳифз менамояд, балки халқамон, ҷавононамонро барои кушоишҳои бузурги оянда илҳом мебахшад.

    Тавре ки шумо медонед, дар Самарқанд сохтмони маҷмӯи бузурги ҳамватани бузургамон, султони илми ҳадис Имом Бухорӣ бо суръати баланд идома дорад.

    Дар ин ҷо, дар шафати музей бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ, муассисаҳои илмӣ, масҷиде бо гунҷоиши то 10 ҳазор нафар бунёд мегардад.

    Имсол мо якҷоя ин ду иншооти бузург – Маркази тамаддуни исломӣ ва маҷмӯаи Имом Бухориро бо тантана мекушоем.

    Бо мақсади боз ҳам амиқтар омӯхтани саҳми беназири халқамон ба дин ва фалсафаи ислом ба қарибӣ боз як қарори муҳим қабул гардида буд. Имсол мо 1155-солагии Имом Мотуридӣ – ниёи бузург, мутафаккир, вакили бузурги илми каломамонро васеъ ҷашн мегирем.

    Аз он ҷумла, оромгоҳи ӯ дар Самарқанд боз ҳам ободтар мегардад.

    Аз ҳама муҳимаш, ин кор дар тадқиқи мероси Имом Мотуридӣ ва таълимоти мотуридӣ дар асоси илм дар ҳамкорӣ бо олимон ва уламои Ӯзбекистон ва мамлакатҳои хориҷӣ қадами нави муҳим мегардад.

    Дӯстони муҳтарам!

    Вазифаҳои мустаҳкам намудани сулҳ ва мусолиҳа дар ҷамъияти бисёрмиллати мо, дӯстӣ ва ҳамбастагии намояндагони миллат ва динҳои мухталиф дар мавриди эътибори ҳамешагии мо қарор мегирад.

    Моҳи сентябри соли ҷорӣ мо дар Тошканд ва Самарқанд анҷумани бонуфузи байналхалқӣ баргузор менамоем. Ин чорабинии калон зери унвони «Гуфтугӯйи эъломияҳо» барпо мегардад. Он идомаи мантиқии анҷумане мегардад, ки дар Тошканд, Самарқанд ва Бухоро соли 2022 баргузор гаштааст ва барои мулоқоти маърифатии намояндагони дорои эътиқодҳои динҳои гуногун чун майдони ба худ хос хидмат менамояд.

    Ин ҷо бори дигар таъкид кардан мехоҳам: сулҳ ва суботе, ки дар мамлакат ҳукмронӣ менамояд – сарвати калони мо аст. Мо қатъиян корро бобати эҳтиёткорона нигоҳ доштани ин сармояи беназир, мустаҳкам намудани фазои дӯстӣ, баробарӣ ва таҳаммул дар мамлакат идома медиҳем.

    Мо барои ин тамоми қувва ва имконотро сафарбар менамоем.

    Масъалаи мазкур, хусусан дар шароити имрӯзи мураккаб, дар татбиқ намудани сиёсати озодӣ ва шаффофият барои тамоми ҷаҳон ҷойгоҳи фавқулодда муҳимро соҳиб аст.

    Ҳамватанони муҳтарам!

    Ӯзбекистони Нав, ки молики принсипҳои нави бартаринок мебошад, аз он ҷумла мақоми давлати иҷтимоӣ, ки дақиқан дар Конститутсияамон ҷой дода шудааст, сиёсати воқеан халқӣ ва ба инсон мунҷаргардидаро татбиқ менамояд.

    Иҷозат бидиҳед, мисол биёрам. Танҳо соли гузашта ба одамони ба мадад ниёзманд ба миқдори 16 триллион сӯм кумаки моддӣ ва ёрдампулӣ пардохта шуд. 51 ҳазор нафар бачагон аз оилаҳои камтаъмин ба кудакистонҳо ҷой карда шуданд, 176 ҳазор нафар аъзои оилаҳои камтаъмин аз кумаки тиббӣ баҳраманд гардиданд, 182 ҳазор нафар бо хидматҳои иҷтимоӣ фаро гирифта шуданд.

    Тавассути фонди «Меҳрубонӣ ва дастгирӣ» хароҷоти табобат, маводи ғизоӣ, либос ва пардохтҳои коммуналии тақрибан 94 ҳазор оилаи камбизоат ба маблағи 130 миллиард сӯм ҷуброн карда шуд.

    3,5 миллион зан дар доираи «Дафтари занон» ба маблағи 5 триллиону 700 миллиард сӯм кумак дарёфт намуданд. Аз оғози татбиқи «Дафтари ҷавонон» ба 1 миллиону 300 ҳазор ҷавони ниёзманд кумаки иҷтимоӣ ба маблағи 1 триллиону 700 миллиард сӯм расонида шуд.

    Муҳимтар аз ҳама, ин кор пайваста идома дорад.

    Ҳозирини гиромии чорабинӣ!

    Яке аз афзалиятҳои дигари Ӯзбекистони Нав – рушди «сабз» мебошад.

    Дар айни замон дар кишвар як муҳити нави экологӣ барпо карда мешавад. Ҳадафи асосии лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» низ маҳз ҳамин аст.

    Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамчун Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» эълон гардида, Барномаи давлатии махсус амалӣ мешавад.

    Ба наздикӣ дар шаҳри Хива ҷаласаи Шӯрои байнидинӣ, ки бори аввал дар ҳайати васеъ баргузор гардид, доир шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони конфессияҳои динӣ ба таври фаъолона ширкат варзида, барои иштироки фаъол дар ин Барномаи давлатӣ муроҷиатнома қабул карданд.

    Албатта, мо аз саҳми фаъолонаи уламои гиромӣ, намояндагони насли калонсол ва ҷомеаи васеъ дар корҳои нек бо сипосгузорӣ ёдовар мешавем. Масалан, танҳо дар фасли баҳори соли ҷорӣ, дар доираи лоиҳаи «Макони сабз», ходимони дин зиёда аз 10 ҳазор дарахт ва тақрибан 32 ҳазор гул шинонданд. Ҳамчунин, 25 гектар замин дар назди масҷид ва маконҳои ибодат обод карда шуд.

    Хушбахтона, ҳоҷиёни кишвари мо (шахсоне, ки ҳаҷи муқаддасро анҷом додаанд) низ дар корҳои хайру саховат шахсан намунаи ибрат нишон медиҳанд.

    Соли гузашта, таҳти роҳбарии муфтӣ Нуриддин Холиқназар онҳо бо ташаббуси «Ҳамчун ватанпарварони Ӯзбекистони Нав таблиғгари маънавият мешавем» баромад карданд. Бо ташаббуси онҳо, то имрӯз ба оилаҳои камбизоат, бепарастор ва ниёзманд кумаки моддӣ ба маблағи 6 миллиарду 300 миллион сӯм расонида шудааст.

    Аз самими дил барои чунин корҳои хайрхоҳона ба онҳо арзи сипос мекунем!

    Ҳамватанони муҳтарам!

    Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди вазъияти ноустувор ва ниҳоят мураккаби ҷаҳон ҳастем. Мо аз он сахт нигаронем, ки аксари ихтилофот ва низоъҳо, мутаассифона, дар ҷаҳони ислом рӯй медиҳанд. Хатари густариши манбаъҳои таниш ва паҳншавии онҳо ба минтақаҳои бузург меафзояд.

    Имрӯз беш аз ҳарвақта таҳкими ваҳдат ва ҳамдилии уммати ислом барои таъмини сулҳу субот дар кишварҳои мусалмонӣ аҳамияти калон дорад.

    Дар маркази таваҷҷуҳи мо бояд боз як масъалаи муҳим қарор гирад – он ба таҳдидҳое, ки дилу зеҳни ҷавонони моро заҳролуд мекунанд ва зиндагии онҳоро аз байн мебаранд, алоқаманд аст.

    Дар тарғиби дониш ва маърифат дар миёни ҷавонон, инчунин ҳифзи онҳо аз таъсири ғояҳои бегона, нақши имом-хатибони гиромӣ, собиқадорони соҳибтаҷриба, фаъолони маҳалла ва ҳоҷиён бебаҳост.

    Мо ба фаъолияти шумо дар ин самт баҳои баланд медиҳем.

    Васияти ниёи бузурги мо, бахусус Баҳоваддин Нақшбанд:

    «Дил ба ёру даст ба кор», ба эътиқоди аслии зиндагии мо табдил ёфтааст. Дар тарбияи ҷавонон омӯзонидани меҳнат ва касб аҳамияти фавқулода бузург дорад.

    Итминон дорам, ки пирони гиромӣ, фаъолони маҳалла, фермерони ҳунарманд ва соҳибкорони ботаҷриба ҷавононро ба меҳнати софдилона, ҷустуҷӯи доимии некуаҳволии хонавода ва шукуфоии Ватан ҳидоят мекунанд.

    Дӯстони арҷманд!

    Дар давоми моҳи шарифи Рамазон дар 9,5 ҳазор маҳаллаи кишвар барои хонаводаҳои камбизоат ифтор ороста шуда, корҳои хайрия анҷом ёфтанд.

    Дар ин маросимҳо Ҳазрати муфтӣ ва имом-хатибон фаъолона иштирок намуда, оилаҳои ниёзмандро аёдат карданд.

    Бовар дорам, ки чунин тадбирҳои хайру саховат, ки таҳти шиори

    «Рамазон – моҳи кушодадилӣ, ваҳдат ва карам» баргузор мешаванд, барои боло бурдани арзишҳои инсонӣ ва муттаҳидии ҳамватанони мо хидмат мекунанд.

    Чунон ки ниёи бузурги мо Алишер Навоӣ фармудааст:

    «Кори некон, некӣ кардан аст».

    Маҳз бо сабаби амалҳои нек ва хайрхоҳона зиндагӣ дар рӯи замин идома ёфта, бо нур рӯшан мегардад.

    Дар ин моҳи муқаддаси Рамазон, дар арафаи Лайлатулқадр, ки ҳама орзуҳои нек амалӣ мешаванд, мо даст ба дуо мебардорем, ки дар кишварамон ва дар саросари ҷаҳон ҳамеша сулҳ, шукуфоӣ ва меҳрубонӣ ҳукмфармо бошад!

    Бигузор зиндагии мо пурсаодат ва осуда бошад!

    Бигузор падару модарони дуогӯямон сиҳату саломат бошанд!

    Бигузор хоҳарону бародарони меҳрубон пуштибони мо бошанд!

    Бигузор ҷавонони боилм, фаъол ва ташаббускори мо шуҳрати Ватанро дар ҷаҳон афзун кунанд!

    Бигузор халқи наҷибу заҳматкаши мо хушбахт бошанд!



    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech