Ҷанбаҳои амалии тавсеаи ҳамкориҳои созанда ва судманди Ӯзбекистон бо ин институти бонуфузи низоми СММ баррасӣ шуд.
Сатҳи замонавии ҳамкории судманд бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Мувофиқи Барномаи кишварӣ ва «Харитаи роҳ»-и қабулшуда барнома ва лоиҳаҳои муштарак амалӣ карда мешаванд.
Кишвари мо бори нахуст узви Кумитаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ интихоб шуд. Санъати «Бахшӣ» ва рақси «Лазгӣ» ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дохил карда шуданд.
Кумитаи байналмилалии машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи объектҳои мероси таърихӣ дар Ӯзбекистон ва «Раванди Хева» оид ба ҳамкории минтақавии башардӯстӣ ба кор сар кард.
ЮНЕСКО инчунин барои инкишоф додани низоми таълими касбӣ дар деҳоти мамлакат ёрии техникӣ мерасонад.
Ба ғайр аз ин, оид ба самтҳои устувори ҳамкорӣ чорабиниҳои муштарак баргузор карда мешаванд.
Зимни вохӯрӣ Директори генералӣ Одри Азуле ба ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон дар соҳаи дастгирии ҷавонон, тарбия ва таълими кӯдакон татбиқ мегарданд, баҳои баланд дод, инчунин таъкид намуд, ки онҳо дар муқоисаи байналмилалӣ самарабахштарин маҳсуб меёбанд.
Ӯ ба муносибати бомуваффақият гузарондани конфронси байналхалқии Тошканд оид ба масъалаҳои рушди таълими томактабӣ муборакбод намуд.
Ба татбиқи амалии Барномаи нави кишварӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Дар бораи ифтитоҳи Маркази ЮНЕСКО дар Тошканд, инчунин омода ва қабули «Харитаи роҳ»-и нав барои пешбурди ташаббусҳои муштарак ва лоиҳаҳои пешқадами ҳамкории судманд ба мувофиқа расиданд.