Сарвари давлатамон ба мулоқот ифтитоҳ бахшида, алоҳида таъкид намуд, ки дар тӯли солҳои гузашта муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Беларус ба дараҷаи сифатан нав, баланд бардошта шуданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба сафари кунунии Президенти Ҷумҳурии Белорус як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, анҷуманҳои вилоятҳо, ректорон, кормандони соҳаи тиб ва ғайра бомуваффақият гузаронида шуданд.
Муҳимияти идомаи робитаҳои фаъол дар сатҳи роҳбарони ҳукуматҳо, вакилони парлумон, вазоратҳо ва вилоятҳо қайд карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи сиёсӣ ва дастгирии мутақобиларо дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ИДМ ва СҲШ идома диҳанд.
Динамикаи мусбати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Муомилоти мол дар охири соли гузашта 15 фоиз афзуд.
Ҳукуматҳо вазифадор шудаанд, ки дар солҳои наздик ин рақамро ба беш аз 1 миллиард доллар расонанд.
Бо ин мақсад дар бораи таъсиси ширкати муштараки тиҷорати хориҷӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои дастгирии содироту воридот ва системаи электронии сертификатсияи молҳо мувофиқа ҳосил шуд.
Илова бар ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳамлу нақл мутақобилан шароити мусоид фароҳам оварда, тайёр кардани ҳаракати нақлиёти байналмилалии автомобилиро амалӣ намоянд ва аз долонҳои мултимодалӣ дар самти бозорҳои пуриқтидори Осиёи Ҷанубӣ самаранок истифода баранд.
Ба инкишофи алоқаҳои кооператсионӣ диққати махсус дода мешавад. Дар солҳои охир шумораи корхонаҳои муштарак чор баробар афзуд.
Дар рафти гуфтушунид сарони давлатҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ: кишоварзӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ ва электротехникӣ, дорусозӣ, шаҳрсозӣ, коммуникатсия ва ғайраро муайян намуданд. Мо ба мувофиқа расидем, ки аз рӯи ҳамаи соҳаҳо гурӯҳҳои алоҳидаи корӣ ташкил кунем.
Роҳбарон аз фаъол шудани табодули байниминтақавӣ истиқбол карданд. Натиҷаҳои судманди Форуми дуюми минтақаҳои Ўзбекистон ва Белорус, ки ба қарибӣ баргузор гардид, махсусан қайд карда шуд, ки дар натиҷаи он ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар шартномаву созишномаҳо ба имзо расонида шуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки табодули фаъоли фарҳангӣ ва башардӯстонаро идома диҳанд. Барномаҳои рушди шарикӣ дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ қабул карда мешаванд.
Дар рафти ҷамъомад оид ба рӯзномаи гуфтушунид маърӯзаи аъзои ҳайатҳои вакилони расмӣ бо таклифҳои конкретӣ шунида шуд.
Дар натиҷаи мулоқот оид ба омода намудан ва қабули «харитаи роҳ»-и муштарак бобати татбиқи қарорҳои қабулшуда ва созишномаҳои имзошуда тавофуқ ҳосил шуд.