Нишасти сарони Ӯзбекистон ва Туркманистон ба анҷом расид
Сафари Роҳбари миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба шаҳри Самарқанд ба поён расид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Роҳбари миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов аз намоишгоҳи «Саробҳои замон», ки дар маркази байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳри Самарқанд ташкил шудааст, боздид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Роҳбари миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳмедов якҷоя дар хиёбони меҳмонони фахрии Маркази Конгрессии шаҳри Самарқанд дарахти дуб шинонданд.
Дар арзёбии имсол шумораи идораҳои давлатӣ, ки ба тоифаи “сабз” арзёбӣ шудаанд, дар муқоиса бо соли гузашта 21 дарсад афзоиш ёфта, ниҳодҳои тоифаи “сурх” 15 дарсад (бар асоси нишондодҳои мусбати афзоиш) коҳиш ёфтааст.