Дар мулоқот масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои Ӯзбекистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Сарвари давлатамон дар оғози суҳбат меҳмони олиқадрро самимона пазироӣ намуда, махсусан қайд кард, ки солҳои охир ба шарофати саъю кӯшиши муштарак ҷиҳати тавсеаи куллии ҳамкориҳои гуногунҷанба барои дурнамои дарозмуддат заминаи хуб фароҳам оварда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар ҷараёни ин сафар ба имзо расидани Баёнияи муштарак оид ба минбаъд амиқ ва васеъ гардондани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ хоҳиши тарафайнро бобати ба сатҳи баландтар баровардани муносибатҳои дуҷониба тасдиқ мекунад.
Зарурати баланд бардоштани самаранокии робитаҳо дар сатҳи парлумонҳо, ҳукуматҳо, идораҳои сиёсати хориҷӣ ва соҳавӣ, идомаи дастгирии мутақобила дар доираи майдончаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз он ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, СҶТ, Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои минтақа, форматҳои “Осиёи Марказӣ плюс” қайд карда шуд.
Аҳамияти ташаккули рӯзномаи нави ҳамкории иқтисодӣ зикр гардид.
Аҳамияти таҳияи чораҳои комплексӣ оиди дар солҳои наздик ба 2 миллиард доллар расондани ҳаҷми муомилоти мол таъкид гардид. Як рӯз пеш форуми соҳибкорон бомуваффақият баргузор гардид, ки дар натиҷа маҷмӯи созишномаҳои нав қабул карда шуданд.
Дар ҷараёни боздиди ҷорӣ лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, саноати мошинсозӣ ва саноати нассоҷӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Ба татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаҳои стратегии минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон ва НБО-1-и Қамбарота таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дод шуд.
Пешниҳодҳои нави лоиҳавӣ дар соҳаи рушди инфрасохтори нақлиёт ва энергетика баррасӣ шуданд.
Президентҳо аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавиро, аз ҷумла дар доираи Шӯрои ҳокимони вилоятҳои наздисарҳадӣ изҳор доштанд.
Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об, экология, амният ва ғайра низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вусъат ёфтани мубодилаи маданию башардӯстӣ бо қаноатмандй қайд карда шуд. Дар ин ҳафта дар мамлакати мо Рӯзҳои маданияти Қирғизистон гузашта истодаанд. Як рӯз пеш дар Самарқанд Анҷумани дуюми ректорон бомуваффақият баргузор гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тақвими чорабиниҳои фарҳангиро барои солҳои оянда омода кунанд.
Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.