Дар доираи чорабинӣ раиси Кумитаи давлатии экология маърӯза кард. Саъю талошҳои ҳукумат барои беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ ва иҷтимоии минтақаи баҳри Арал, корҳои густурдаи ҷангалсозӣ дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал ва фаъолияти Фонди бисёршарикии трастӣ оид ба амнияти башарии баҳри Арал кайд карда шуд.
Ташаббуси умумимиллии «Макони сабз» оиди ҳар сол шинондани 200 миллион ниҳол дар тӯли панҷ сол ва то соли 2030 то 30 фоиз зиёд кардани майдони сабз дар шаҳрҳо махсусан қайд карда шуд.
Ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ иттилоот оиди корҳои тадриҷан ба принсипҳои «иқтисоди сабз», «рушди сабз» гузаштани ҷумҳурӣ, баланд бардоштани самаранокии энергия ва афзоиши ҳиссаи манбаҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла Ифтитоҳи нахустин намояндагии Институти рушди ҷаҳонии сабз дар байни кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон расонда шуд.
Иштирокчиёни чорабинӣ даъват карда шуданд, ки дар Форуми байналмилалӣ таҳти шафоати СММ оид ба "иқтисодиёти сабз" ва ғайра дар Нуқус иштирок кунанд.
Пайравӣ ва омодагии мамлакат дар таҳким ва васеъ гардондани ҳамкории байналмилалӣ бо ташкилотҳои СММ ва мамлакатҳои иштирокдор баён гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Кумитаи давлатии экологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.