Дар кишвари мо конҳои зиёда аз 30 металли нодир, аз қабили волфрам, молибден, магний, литий, германий, графит, ванадий ва титан кашф шудаанд. Пештар ба ин соҳа диққати кофӣ дода намешуд, ба ҷустуҷӯи минералҳои нодир, коркарди партовҳои техногенӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр сармоягузорӣ сурат намегирифт.
Дар солҳои охир дар ин самт асосҳои ташкилии зарурӣ фароҳам оварда шуда, корҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти гаронбаҳои арзиши иловагиаш баланд оғоз гардиданд. Дар ҷараёни муаррифӣ вазири саноати кӯҳӣ ва геология имкониятҳои ин самтро пешниҳод намуд.
Дар се соли наздик татбиқи 76 лоиҳа, ки 28 минерали нодирро дар бар мегиранд ва арзиши умумии онҳо 2,6 миллиард долларро ташкил медиҳад, ба нақша гирифта шудааст. Барои васеъ кардани пойгоҳи ашёи хом ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ барои корҳои геологӣ-ифтишофӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид шуд, ки вазифаи асосӣ аз истихроҷи бевоситаи ашёи хоми гаронбаҳо аз маъдан бо истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи покии минералҳо ва истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиашон баланд иборат мебошад. Масалан, ғанигардонии консентрати волфрам аз кони "Ингичка" имконият медиҳад, ки арзиши иловашуда ду баробар афзоиш ёбад. Дар айни замон 18 лоиҳаи ба ин монанд таҳия шудааст.
Бо мақсади тавсеаи занҷираи «ашёи хом – коркард – илм ва технология – маҳсулоти тайёр» пешниҳод шуд, ки дар вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд, ки аз ҷиҳати захираи молибден ва волфрам бой мебошанд, технопаркҳо ташкил карда шаванд.
Сарвари давлат дастур дод, ки дар ин соҳа интиқоли технологияҳо ва таҷрибаи пешқадам амалӣ гардида, лабораторияҳо ва марказҳои таълимии замонавӣ таъсис дода шаванд. Зикр гардид, ки дар шароити «инқилоби чоруми саноатӣ» зарур аст, ки барои ишғоли мавқеи шоиста дар ин бозор заминаи устувор фароҳам оварда шавад.