Дар мамлакати мо шабакаи нақлиёти роҳи оҳан пай дар пай тараққӣ мекунад. Хусусан, соли 2018 хати “Бухоро-Мискин” сохта шуд, ки масофаро то Хева то 242 километр кутоҳ кард. Бо назардошти 4,5 баробар зиёд будани самараи кори поездҳои электрикӣ электриконидани роҳҳо давом дорад. Дар солҳои охир хатҳои “Қаршӣ — Китоб”, “Поп — Намангон — Андиҷон” ва “Қарши — Тирмиз” электриконида шуданд.
Сарвари давлат дар мулоқот бо сокинони Хоразм қайд кард, ки соли 2024 қатораи баландсуръат ба Хива ба роҳ монда мешавад. Ин нақша ба барномаи сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2026 ворид карда шудааст. Мувофиқи он электриконидани роҳи оҳани “Бухоро-Урганҷ-Хева” оғоз ёфт.
Дар тақдимот дар бораи рафти кор ва натиҷаҳои пешбинишуда ахборот дода шуд. Арзиши лоиҳа 445 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 270 миллион доллар аз ҳисоби Бонки осиёии рушд ва Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё ҷалб мешавад. Дар доираи лоиҳа аз Бухоро то Хева 465 километр роҳи оҳан электриконида, истгоҳҳо, зеристгоҳҳои ёрирасон ва дигар объектҳо сохта мешаванд.
Суръати ҳаракат хеле зиёд мешавад. Масалан, суръати баландтарини ҳаракати поездҳо дар як соат то 250 километр хоҳад шуд. Дар натиҷа вақт дар роҳ аз Тошканд то Урганҷ аз 14 то 6 соат, аз Бухоро ба Хева аз 8 то 3 соат коҳиш меёбад. Ин барои аҳолӣ бароҳатӣ фароҳам оварда, дар рушди сайёҳӣ омили муҳим мегардад.
Мувофиқи он иқтидори гузарониши роҳи оҳан ҳам меафзояд. Ҳаҷми кашондани бор дар як сол ба 11 миллион тонна, шумораи мусофирон – то ба 2,3 миллион нафар меафзояд. Аз ҳисоби ҳаракати поездҳо бо қувваи барқ дар як сол 18 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ сарфа карда мешавад.
Сарвари давлат ба сифати татбиқи лоиҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
– Мутахассисони мо дар лоиҳаҳои қаблӣ таҷрибаи зиёд ҷамъ кардаанд, мушовирони хориҷӣ низ ҷалб карда шуданд. Аз ҳама муҳимаш — хушсифат иҷро кардани кор. Роҳ ҳамон қадар беҳтар бошад, барои халқ, сайёҳон қулай, барои иқтисодиёт фоиданок хоҳад буд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба ҳокимони вилоятҳои Бухоро ва Хоразм супурда шуд, ки дар ноҳияҳо ва шаҳрҳо, ки ба воситаи онҳо қатораҳои тезгард ҳаракат мекунанд, хидматгузориҳои наздироҳӣ ташкил намоянд.
– Ба он ҷое, ки роҳи оҳан меояд, маданият меояд, ҳаёт зинда мешавад. Аз ин рӯ, мисли қад-қади роҳҳои автомобилгард бояд шумораи нуқтаҳои савдо ва хизмати маиширо дар истгоҳҳо зиёд кард. Вазифаи дигар дар қад-қади роҳҳои оҳан шинондани дарахту буттаҳои ба иқлими биёбон мувофиқ аст. Ин ба вазъи экологии минтақа таъсири мусбат расонда, шафати роҳҳоро ҷолиб мегардонад, – таъкид намуд раҳбари давлатамон.
Президент дастур дод, ки дар баробари лоиҳаи ҷорӣ, лоиҳаи электриконии роҳи оҳан то шаҳри Нуқусро оғоз кунанд. Дар натиҷа вақт дар роҳ байни Тошканд ва Нуқус аз 16 соат то 7 соат кутоҳ мегардад.
Дар чорабинӣ ҳамчунин доир ба густариши истифодаи манобеи барқароршавандаи энергия, насби панелҳои офтобӣ дар биноҳои муассисаҳои давлатӣ ва фароҳам овардани имтиёзҳо барои аҳолӣ дар ин самт дастуру супоришҳо дода шуд.