Дар баробари афзудани иктисодиёт ва аҳолии мамлакати мо талабот ба энергия меафзояд. Барои қонеъ гардондани ин эҳтиёҷот дар баробари тамоми захираҳои энергетикӣ истихроҷи ангишт низ вусъат меёбад. Дар давоми панҷ соли охир истеҳсоли ин ашёи хом дар як сол аз 4 миллион тонна ба 5 миллиону 300 ҳазор тонна расид.
Мувофиқи ҳисобҳо захираи ангишт дар мамлакати мо қариб 2 миллиард тонна мебошад. Сарвари давлатамон вазифа гузошт, ки аз ин иқтидор самаранок истифода бурда, ҳаҷми истеҳсолро пайваста афзун гардонем.
Зимни муаррифӣ масъулин дар бораи корҳои дар ин самт анҷом додашуда ҳисобот доданд.
Аз ҷумла, соли ҷорӣ лоиҳаи навсозии ҷамъияти саҳҳомии «Шарғункӯмир» ба анҷом мерасад. Ин имконият медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ то 900 ҳазор тонна зиёд ангишти хушсифат истеҳсол карда шавад.
Президент имкони тавсеаи минбаъдаи истихроҷи ангишти хушсифатро аз ҳисоби азхудкунии конҳои Шарғун ва Бойсун қайд кард. Зарурати ҷалби сармоягузорон ба коркарди конҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нав таъкид гардид.
Дар мамлакати мо истихроҷи уран соҳаи муҳими саноати маъдани кӯҳӣ мебошад. 14 июли соли 2022 қарори Президент дар бораи зиёд гардондани ҳаҷми истихроҷ ва азнавкоркарди уран дар корхонаи давлатии “Навоийуран” қабул гардид. Аз ҷумла, то соли 2030 ду баробар афзоиш дода, ба 7,1 ҳазор тонна расондани истеҳсоли он тадбирҳо муайян карда шудаанд.
Дар ҷамъомад ба иҷрои ин тадбирҳо диққати махсус дода шуд.
Дар бораи лоиҳаҳое, ки дар якҷоягӣ бо ширкати фаронсавии «Orano Mining» амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд. Президент оид ба суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истихроҷ ва коркарди уран, иктишофи конҳои нави уран дар доираи ин ҳамкорӣ дастур дод.