Вазифаҳо оид ба татбиқи имконоти истифоданашудаи Хоразм муҳокима гардиданд

    Ҳукумат 1 Mart 2024 3286

    1 март дар шаҳри Урганҷ оид ба муҳокимаи вазифаҳои минбаъдаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хоразм ҷамъомад баргузор гардид.

    Президент Шавкат Мирзиёев дар оғози суханронии худ таъкид кард, ки дар мамлакатамон тамоми кӯшишот барои баланд бардоштани қадри инсон, фароҳам овардани шароити муносиб барои аҳолӣ ва таъмин намудани шуғл ба кор бурда мешавад.

    Аз он ҷумла, дар ҳафт соли охир дар Хоразм 600 ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд оварда шуд. Ҳоло маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят ба 37 триллион сӯм расид, даромад ба ҳар сари аҳолӣ 19 миллион сӯмро ташкил намуд.

    Ба ғайр аз ин, талаботи тағйирёбандаи замон, дархост ва талаби одамон вазифаҳои нав ба навро ба миён мегузорад.

    Бинобар ин дар ҷамъомад имконоти нав ва чорабиниҳо оид ба кор андохтани захираҳои мавҷудаи вилоят муайян карда шуд.

    Барои дастгирии минбаъдаи тиҷорати хурд ва миёна дар Хоразм 100 миллион доллар бо шарти имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ба 5,5 ҳазор нафар соҳибкор кумак расонда шавад ва 50 ҳазор ҷойи кори доимӣ ба вуҷуд оварда шавад.

    Яке аз вазифаҳои асосӣ дар иқтисодиёт рушди саноат ба шумор меравад. Барои ин аз ҷониби давлат шароити ногузир фароҳам оварда мешавад.

    Ҳамин тариқ дирӯз пули калон аз тариқи Амударё, ки шабонарӯзе аз он 12 ҳазор автомобил ва 24 поезд убур менамояд, кушода шуд. Ин алоқаи нақлиётро беҳтар намуда, нархи боркашониро арзон мекунад ва барои рушди тиҷорат ва хидматрасонӣ рағбати изофа ба вуҷуд меорад.

    Барои саноат инчунин манбаи энергияи суботнок зарур мебошад. Бо ин мақсад дар ноҳияи Тупроққалъа якҷоя бо ширкати фаронсавии «Voltalia» сохтмони неругоҳи офтобии иқтидораш 100 мегаватт оғоз ёфт, ки то охири соли ҷорӣ ба кор андохта мешавад.

    Ғайр аз ин бо ширкатҳои пешқадами хориҷӣ доир ба сохтмони маҷмӯи калони газу кимиё дар Хоразм ба қимати беш аз 10 миллиард доллар мулоқот бурда мешавад. Агар лоиҳа татбиқ гардад, 3 ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд омада, соле истеҳсоли 2,5 миллион тонна маҳсулоти полимерии мавриди ниёз ба роҳ гузошта мешавад.

    Чорабиниҳо оид ба дастгирӣ ва тезондани лоиҳаҳои саноатӣ муайян карда шуданд. Тавре ки таъкид гардид, ба Хоразм 100 миллион доллар аз Фонди рушди саноат равона карда мешавад.

    Бонки рушди тиҷорат ба миқдори то 1,5 миллиард сӯм ба муддати то 7 сол бо 18 фоиз барои лоиҳаҳои саноатии хурд ва миёна кредит пешниҳод менамояд.

    Ғайр аз ин, аз 1 апрел таҷҳизоти хориҷӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва ашёи хом аз пардохти гумрук ба муддати то 5 сол озод карда шуда, ба дароз намудани муҳлати ААИ то 180 рӯз иҷозат дода мешавад. Фоизҳои кредит, ки барои лоиҳаҳои маҳалликунонӣ гирифта мешаванд, дар ҳаҷми то 10 банди фоиз сарпур карда мешавад.

    Имконот фароҳам оварда мешавад, ки пардохт барои объектҳои моликияти давлатӣ ва қитъаҳои замин дар зарфи 5 сол ба амал оварда шавад. Барои содиркунандагон харҷи нақлиёт дар ҳаҷми 50 фоиз дар сурати расондани ашёи хом аз дигар вилоятҳо ҷуброн карда мешавад.

    Ширкати сармоягузорие, ки бо иштироки се бонк соли 2020 ташкил гаштааст, трансформатсия карда шуда, он метавонад дар лоиҳаҳо то 30 фоиз саҳми худ иштирок намояд. Ширкат биноҳои саноатиро дар маҷмӯи «Ал-Хоразмӣ» дар шаҳри Урганҷ месозад ва онҳоро ба соҳибкорон месупорад.

    Оид ба босамар истифода намудани минтақаи озоди иқтисодии Ҳазорасп, ҷойгир намудани лоиҳаҳои саноатӣ ва ба вуҷуд овардани технопарк дар ноҳияи Урганҷ супоришот дода шуд.

    Имконот оид ба афзун гардондани истеҳсоли автомобилҳои Damas ва Labo ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, зиёд кардани дараҷаи азнавкоркарди пахта то 60 фоиз, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ муайян карда шуданд.

    Умуман то охири сол ба вилоят ҷалб намудани сармоя ба миқдори 1,5 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо 1 миллиард долларро сармояҳои хориҷӣ ташкил дода, дараҷаи содиротро дар ҳаҷми 600 миллион доллар таъмин менамояд. Роҳбари давлат дар масъалаи рушди соҳибкорӣ дар маҳаллаҳо махсус таваққуф намуд, ки барои он 11,5 триллион сӯм кредит равона карда шуда, инчунин барномаҳои рушди маҷмӯии ҳар як ноҳия ва шаҳр тасдиқ карда мешаванд.

    Дар Хоразм «саноати хонагӣ» дар асоси таҷрибаи Чин инкишоф ёфта, хусусан дар чунин ноҳияҳо мисли Боғот, Янгиариқ, Янгибозор, Қӯшқӯпир ва Урганҷ ин корҳо ба амал татбиқ мегардад. Шоҳибофӣ ва қолинбофӣ аз дастгирии иловагӣ баҳраманд мегарданд, барои насб намудани таҷҳизоти ихчам хонаводаҳо то 100 миллион сӯм кредити бидуни гаравро метавонанд ба даст дароваранд.

    Дар доираи барномаи соҳибкории оилавӣ соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 5 ҳазор хонаводае, ки бо усули интенсив моҳипарварӣ мекунанд ва инчунин 4,4 ҳазор хонаводае, ки бо дӯхтудӯз, паррандапарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ машғуланд, дастгирӣ карда мешаванд.

    Сайёҳӣ чун яке аз таҳрикдиҳандаи калидии тараққиёти Хоразм муайян карда шуда, барои рушди минбаъдаи он барномаи сесола қабул хоҳад гардид.

    Низоми визаи «Ӯзбекистон – хонаи дуюми ман» барои боздиди сайёҳон аз Хоразм бемаҳдудият дар тӯли тамоми сол ҷорӣ карда мешавад. Дар Урганҷ музейҳои «Лазгӣ» ва «Авасто» ташкил карда шуда, инчунин кредитҳои имтиёзнок барои сохтмони меҳмонхона ва маҳалҳои фароғат пешниҳод карда мешавад, ки ин ба афзоиши мавҷи сайёҳони хориҷӣ то 1 миллион ва сайёҳони маҳаллӣ то 4 миллион мусоидат намуда, ҳамзамон 20 ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд меояд.

    Барои рушди соҳаи хидматрасонӣ инфрасохтори нақлиёт бояд беҳтар карда шавад. Аз ин рӯ субсид дар ҳаҷми 30 миллиард сӯм барои коҳиши нархи авиабилет ба Урганҷ ва дигар шаҳрҳои мамлакат бо зиёд намудани парвозҳо ҷудо карда мешавад. Ҳаракати троллейбус байни Урганҷ ва Хева зиёдтар карда шуда, инчунин ҳаракати электробусҳо аз Урганҷ ба самти Хева ва Хонқа ба роҳ андохта мешаванд.

    Дар ҷамъомад вазифаҳо дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва об муайян карда шуданд. Ногузирии ворид намудан ва парвариши навъҳои пахта, ки ба хоки шӯр тобовар буда аз Чин ва мамлакатҳои дигар оварда мешаванд, таъкид шуданд. Супориш дода шуд, ки дар шаҳри Урганҷ лаборатория оид ба сертификатсияи тухмӣ ва дар ҳар як ноҳия 40 анборхонаи яхдони хурд ташкил карда шавад.

    Таъкид шуд, ки вақти татбиқ намудани бархурдҳои илмӣ ба биринҷпарварӣ расидааст. Ба ногузирии мутобиқсозии навъҳои биринҷи Филиппин, ки ба шӯрхок тобовар аст, ба шароити Хоразм, ишора гардид. Корхона оид ба тухмипарварии биринҷ дар ҳамкорӣ бо Куриёи Ҷанубӣ ташкил карда мешавад. Пешниҳод гардид, ки фермероне, ки ҳосилнокии биринҷро аз ҳар гектар то 150 сентнер расондаанд, ними маҳсулот иҷозат дода шавад.

    Имконоти нав барои вусъат додани чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ таъкид шуд.

    Татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи барқарор намудани канали Тошсоқа ва ҷараёни кор оид ба бетонпӯшии каналҳо баррасӣ гардид. Оид ба татбиқи технологияи сарфакунандаи об дар 11 ҳазор гектар, ба усули лазер ҳамворсозии 42 ҳазор гектар ва бозсозии технологии истгоҳҳои насос супоришот дода шуд.

    Барои беҳсозии фонди манзил ва инфрасохтори маҳаллаҳо эътибори алоҳида нигаронда шуд.

    Имсол 119 иморати бисёрошёна сохта мешавад, ки ба туфайли он 3,5 ҳазор хонавода шароити иқоматашро беҳтар менамояд. Дар ноҳияҳои Ҳазорасп, Шовот ва Урганҷ мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» ба вуҷуд оварда мешаванд.

    Таҳияи барномаи сесола оид ба таҷдиди шабакаҳои электрикӣ, зерстансияҳо ва тарнсформаторҳо пешбинӣ мегардад. 233 километр роҳ таъмир гардида, дар 322 маҳалла роҳҳои дохилӣ дуруст карда мешаванд.

    Дар муассисаҳои таълими олии Хоразм барномаҳои хориҷӣ татбиқ мегарданд, ки онҳо донишҷӯёнро барои дарёфти малакаи байналхалқӣ таъмин менамояд. Дар бемористон ва поликлиникаҳо ҷараёнҳои такроркунанда оптимизатсия карда мешаванд. 500 нафар кӯдаконе, ки нуқси шунавоӣ доранд бо дастгоҳҳои кохлеар ва боз 2 ҳазор нафар бо василаҳои шунавоӣ таъмин карда мешаванд.

    Умуман барои чорабиниҳое, ки дар ҷамъомад муайян карда шудаанд, 1,1 миллиард доллар ва 10 триллион сӯм равон карда мешавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates