Дар шаҳри Тошканд роҳи нав ва чорсӯҳо кушода шуданд

    Ҳукумат 19 Oktabr 2021 9443

    Роҳбари давлат аз роҳи наве боздид намуд, ки дар ноҳияҳои Яккасарой ва Сергелии Тошканд сохта шудааст.

    Иқтисодиёт ва аҳолии пойтахт меафзояд. Дар солҳои охир теъдоди мошинҳои шахсӣ 2-3 баробар афзуд, ҳар рӯз дар кӯчаҳои шаҳр беш аз 700-800 ҳазор автомобил ҳаракат мекунад, ба пойтахт беш аз ним миллион одам равуо мекунад. Ҳамаи ин тақозо менамояд, ки инфрасохтори роҳ бо назардошти омил ва тамоилҳои мазкур инкишоф дода шавад.

    Сохтмони роҳи иловагӣ, ки Сергелиро бо ноҳияи Яккасарой мепайвандад, ким-кай боз тақозо мегардид. Ин лоиҳа дар ду марҳала татбиқ мегардад. То ҳоло ҳозир сохтмони роҳи дукилометра аз кӯчаи Чӯпонато то роҳи автомобилии ҳалқаи Тошканд ба анҷом расидааст. Аз тариқи Роҳи ҳалқаи хурд путепроводи 788 метрӣ ва 2 роҳи гиреҳкушо 270 метрӣ дар бурриши Роҳи автомобилии ҳалқаи Тошканд сохта шудааст.

    Ҳоло ин иншооти нақлиётӣ ба баҳрабардорӣ супурда шудааст.

    Роҳи нав ва путепроводҳо барои он зарур ҳастанд, ки сарбории ҳаракат коҳиш ёбад. Аввал ин ки кӯчаи нав роҳҳои бузурги нақлиётии Тошканд – роҳҳои ҳалқаи калон ва хурдро бурида мегузарад. Дуюм ин ки роҳҳои гиреҳкушо чунин сохта шудаанд, ки воситаҳои нақлиёт аз пули бидуни светофор ва гардишҳо ба ҳаракати дигар қитъаҳои роҳ халал надода, ҳаракат менамояд.

    Ҳоло ҳозир корҳои фаъолона дар доираи марҳалаи дуюми лоиҳа бурда мешавад. Роҳ дар фосилаи беш аз 4 километр аз Роҳи ҳалқаи автомобилии Тошканд то кӯчаи Қипчоқ сохта мешавад.

    Умуман ин роҳҳои шаштасмагӣ ва путепроводҳо иқтидори соате убури 12 ҳазор автомобилро доранд. Ҳамин тариқ аз ноҳияи Сергели то маркази шаҳр ба ҷойи 40-50 дақиқаи пешин дар 40 дақиқа расидан мумкин мегардад. Сарбории кӯчаи Янги Сергели ду баробар кам мегардад.

    Дар ҳамин ҷо намоиши техникаи махсус баргузор гардид, ки дар сохтмони роҳ, ободонсозӣ ва соҳаи коммуналӣ истифода намудани он дар назар дошта шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates