Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ширкатҳои пешбари Чинро қабул кард
3 май дар қароргоҳи «Кӯксарой» дар доираи барномаи Форуми байналмилалии сеюми Тошканд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ширкатҳои пешбари Чин мулоқот анҷом дод.