Аз рӯи лоиҳаҳои нав тавсияҳо дода шуд

    Ҳукумат 8 Iyun 2021 6560

    Президент Шавкат Мирзиёев 8 июн бо тақдимоти лоиҳаҳои соҳаи маданият ва маориф шинос гардид.

    Китобхонаи замонавӣ, ки дар ҳудуди Боғи миллии ба номи Алишер Навоӣ бунёд мегардад, аз ҷумлаи онҳост. Аз рӯи лоиҳа китобхона аз се ошёна иборат гардида, дар ҳудуди он қитъаи сабз ба вуҷуд оварда мешавад. Дар ошёнаи якум адабиёт дар бораи санъат ва технологияи иттилоотӣ ҷой гирифта, дар ошёнаи дуюм адабиёти таърихӣ ва филологӣ, китобҳо дар бораи дин, дар ошёнаи сеюм адабиёт оид ба илмҳои гуманитарӣ ҷой хоҳанд гирифт. Фонди китобхона аз беш аз 1,5 миллион китоб, аз он ҷумла нашрия ва ҳуҷҷатҳои электронӣ доир ба соҳаҳои гуногуни илм иборат хоҳад буд.

    Роҳбари давлат ба ногузирии зимни сохтмони китобхона татбиқи пешқадамтарин дастовардҳои шаҳрсозӣ ва ба назар гирифтани тамоми шароит барои боздидкунандагон ишора кард.

    Инчунин лоиҳаи гузоштани ёдгории нави Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар шаҳри Урганҷ ва бунёди хиёбон дар атрофи он рӯнамоӣ карда шуд.

    Бинобар қарори Президент аз 2 декабри соли 2020 соли ҷорӣ 85-солагии таваллуди Артисти халқии Ӯзбекистон Ботир Зокиров ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин сана дар шаҳри Тошканд гузоштани ҳайкал ба ҳунарпеша ба нақша гирифта шудааст.

    Дар тақдимот инчунин эскизҳои ин ёдгориҳо, ки аз ҷониби Академияи бадеӣ аз тариқи озмун интихоб гаштаанд, аз назар гузаронда шуданд. Дар бобати ободонии майдонҳои барои ёдгориҳо интихобгардида, тавсияҳо дода шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates