Дар Ӯзбекистон 14 корхонаи нави истеҳсолӣ дар технопарки “Чирчиқ”, ки дар ҳамкорӣ бо технополиси “Химград”-и Тотористон таъсис ёфтааст, ба кор медарояд. Дар ин бора директори генералии “Химград” Айрат Гиззатуллин ба мухбири ТАСС гуфт.
Президенти Тотористон Рустам Миннихонов имрӯз, 27 март бо сафари корӣ ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон омад. Дар фурудгоҳи байналмилалии Термиз ӯро ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов пешвоз гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси Ҷумҳури Тотористон.
Аз 21 феврал то 3 марти соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия аввалин мусобиқаи байналмилалии маҷмӯии «Бозиҳои оянда» баргузор мешавад. Дар ин чорабинии варзишӣ, ки ҳудуди ду ҳазор варзишгар аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд, ҳайати Ӯзбекистон низ намояндагӣ мекунад.
6 ноябри соли равон Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов бо сафари расмии корӣ ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба Ӯзбекистон омад. Дар ин бора дафтари матбуоти сарвари Тотористон хабар додааст.
Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия дар шаҳри Қазон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов мулоқот анҷом дод.
Дар идомаи барномаи сафар ба Ҷумҳурии Тотористон Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба музей-мамнӯъгоҳи давлатии таъриху меъморӣ ва бадеии “Кремли Қазон” ташриф овард.
Холдинги давлатии “Ўзкимёсаноат” якҷоя бо технополиси “Химград”-и Тотористон 24 апрел дар Ҷиззах таҳти ин ном технопаркро боз намуд. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷашмид Хоҷаев ва Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов иштирок доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 октябр ҳайатро таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов қабул кард.
Аз 17 то 20 май дар Қазон озмуни байналмилалии қироати Қуръон баргузор мешавад, ки ҳадафаш таблиғи он миёни ҷавонони мусалмон аст. Дар чорабинӣ беҳтарин қориҳо аз миёни ҳофизи Китоби муқаддас муайян ва қайд карда мешаванд. Озмун бо дастгирии Президенти Тотористон Рустам Миннихонов баргузор мегардад.
25 апрели соли 2022 дар Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳайат таҳти роҳбарии муовини Сарвазир – вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Тотористон Алберт Каримов музокирот ба амал омад.