Ин масъала дар тамоми барномаҳои иҷтимоӣ мавқеи аввалиндараҷа дорад. Дар давоми панҷ соли охир ба ин самт 10 триллион сӯм, ё назар ба солҳои гузашта 5 баробар зиёд маблағ ҷудо шудааст. Дар ин давра 6,5 миллион нафар одамон бори аввал ба оби мутамаркази нӯшокӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Аз ҷумла, дар соли 2021 474 иншоот сохта, қариб 6,3 ҳазор километр шабакаҳои обрасонӣ кашида шуданд. Таъминоти оби бештар аз 2 миллион нафар сокинони 592 маҳалла беҳтар карда шуд.
Аммо дар соҳа масъалаҳои ҳалнашуда боқӣ мондаанд. Ҳамин тариқ, сатҳи таъмини оби нӯшокӣ дар вилоятҳои Қашқадарё, Сурхондарё ва Ҷиззах аз 60 дарсад камтар аст. Дар ноҳияҳои Гӯзор, Деҳқонобод, Косон, Шеробод, Ангор, Ғаллаарал ва Хатирчӣ ин нишондод аз 30 дарсад камтар аст.
Аз ин рӯ, дар панҷ соли наздик ба соҳа сармоягузорӣ намудани 40 триллион сӯм, ба 90 фоиз расондани таъминот бо оби нӯшокӣ, ба 35 фоиз расондани фарогирӣ бо канализация ба нақша гирифта шудааст. Имсол барои ин мақсадҳо аз буҷет 2 триллион сӯм ҷудо шуда, 245 миллион доллар ҷалб карда мешавад.
Сарвари давлат таъкид кард, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба минтақаҳое дода мешавад, ки сатҳу сифати об паст аст.
Ҳамин тавр, дар 1545 маҳалла низоми марказонидашудаи таъминоти об мавҷуд намебошад. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки имкониятҳои дар онҳо мавҷудбударо омӯзанд ва оид ба ташкили таъминоти оби онҳо бо яке аз се усулҳои зерин чораҳо андешанд. Якум, дар маҳаллаҳое, ки инфрасохтори зарурӣ доранд, таъминоти марказонидашудаи обро ташкил кардан мумкин аст. Усули дуюм – кандани чоҳҳо дар он ҷое, ки захираҳои оби тозаи зеризаминӣ мавҷуданд. Сеюм – дар деҳаҳое, ки барои иншооти чоҳ ва кашидани шабакаҳо имконият вуҷуд надорад, зарфҳои гунҷоишашон калон сохтан мумкин аст, ки аз оби воридотӣ пур карда мешаванд.
Барои ба ин корҳо ҷалб намудани сектори хусусӣ тадбирҳо муайян карда шудаанд. Барои сохтмони иншооти хоҷагии об, харидани техника ва таҷҳизоти махсус ба соҳибкорон барои пӯшонидани хароҷоти қарз дар қисмати зиёда аз 14 фоизи меъёри ставка субсидия дода мешавад. Боҷҳои гумрукӣ барои таҷҳизот ва мошинҳои воридотӣ бекор карда мешаванд. Меъёри андози даромад, амвол, замин ва андози иҷтимоӣ барои корхонаҳои обтаъминкунӣ бо иштироки бахши хусусӣ ба миқдори 1 фоиз муқаррар карда мешавад. Андозаи ҳаққи адои хизмати хусусии таъминоти об дар маҳаллаҳо бо розигии Шӯроҳои маҳаллӣ муайян карда мешавад.
Дар асоси ин вазифа гузошта шуд, ки тартиби ҷойгиркунии фармоишҳои иҷтимоӣ, интихоби шарикони хусусӣ ва маблағгузории лоиҳаҳо содда карда шавад.
Супориш дода шуд, ки барои вилояти Қашқадарё барномаи алоҳида таҳия карда шавад, ки нишондиҳандаи таъмини оби нӯшокӣ – 42 фоиз дар ҷумҳурӣ аз ҳама паст аст.
Зарурати бо оби нӯшокӣ таъмин намудани 2000 кӯдакистону мактаб ва муассисаҳои тиббӣ дар ду соли оянда таъкид гардида, манбаъҳои маблағгузории ин корҳо муайян карда шуданд.
Тавре маълум аст, дар ин самт лоиҳаҳо асосан аз ҷониби корхонаҳои инжинирингии ширкатҳои ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» таҳия карда мешаванд. Минбаъд, барои фаъолсозии корҳо, ширкатҳои инжинирингӣ дар минтақаҳо ба ихтиёри ҳокимиятҳои вилоятӣ дода мешаванд. Тартиб додани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ, муайян намудани пудратчиён ва кушодани маблағгузорӣ низ дар минтақаҳо ба роҳ монда мешавад. Вазорати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» талаботи техникии лоиҳаҳоро муайян намуда, экспертиза мегузаронанд ва барои истифодабарии объектҳо масъул мебошанд.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои муҳофизати дарёҳо ва захираҳои оби зеризаминӣ дахл карда шуд.
Аз 8 ҳазор чоҳе, ки имрӯз кор мекунанд, 1,5 ҳазораш дар ҳолати фарсуда қарор доранд. Дар натиҷа дар қариб 800 маҳалла таъминоти 2 миллион нафар аҳолӣ бо об бад шуд. Сатҳи обҳои зеризаминӣ дар ин маҳаллаҳо дар натиҷаи парма кардани чоҳҳо дар конҳои Зомин, Нурота ва Қӯшработ, истихроҷи беназорат ва бесарусомонӣ қуму шағал аз рӯдхонаҳои Зарафшону Чирчиқ аз сатҳи замин то 30 метр поин рафтааст.
Ба ин муносибат муайян карда шуд, ки минбаъд муайян ва пармакунии чоҳҳои обро танҳо Кумитаи давлатии геология анҷом медиҳад. Ба идораҳои масъул супориш дода шуд, ки инвентаризатсияи чоҳҳоро гузаронда, дар соҳилҳои дарёҳо тартиботи қатъӣ ҷорӣ кунанд.
Беҳтар гардондани низоми истифодабарӣ дар маҳалҳо низ масъалаи таъхирнопазир мебошад. Дар бисёр ноҳияҳо техникаи махсус мавҷуд нест.
Дар ин бобат аҳамияти васеъ намудани имкониятҳои ташкилотҳои обтаъминкунии ноҳиявӣ нишон дода шуд. Ҳамин тавр, ваколати муайян кардани номгӯи хидматҳои пулакӣ ва маблағи аз онҳо бадастоянда ба ихтиёри ташкилотҳои обтаъминкунии ноҳияҳо дода мешаванд. Барои таъмири шабакаҳои оби ошомиданӣ, рафъи садамаҳо ва харидани техникаи махсус низоми ҷудо кардани маблағ аз буҷети ноҳияҳо ва шаҳрҳо ба корхонаҳои маҳаллии “Сувтаъминот” ҷорӣ карда мешавад.
Дар бобати вусъат бахшидани шабакаҳои канализатсия дар 28 шаҳри калон ва миёна, аз он ҷумла Бухоро, Ҷиззах, Гулистон, Ширин ва Янгиер супоришот дода шуданд. Зарурати дар мавзеъҳои «Янги Ӯзбекистон» сохтани иншоотҳои обполии алоҳида нишон дода шуд.
Шахсони масъули соҳа ва ҳокимон бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда маълумот пешниҳод намуданд.