Роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон" дар давоми панҷ сол бунёд мешавад

    Нақлиёт 27 Sentabr 2024 1071

    Роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон" дар давоми панҷ сол сохта мешавад. Дар ин бора раиси Девони Вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷапаров зимни конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Рушди тафаккури иқтисодӣ: тадқиқот ва ҳалли онҳо» изҳор дошт.

    А.Ҷапаров ёдовар шуд, ки татбиқи ин лоиҳаи бузург аллакай оғоз шудааст. Қирғизистон дар бунбаст қарор дорад ва бо роҳҳои транзитӣ ба бозори миллиардии Чин пайваст нест.

    «Пешомадҳо пас аз ба итмом расидани роҳи оҳан кушода мешаванд. Тибқи ҳисобҳои мо, он дар давоми панҷ соли оянда сохта мешавад», - гуфт ӯ.

    Дарозии ин масир беш аз 450 километр буда, роҳи оҳани Чину Ӯзбекистонро тавассути қаламрави Қирғизистон ба ҳам мепайвандад ва баъдан аз Туркманистон, Эрон ва Туркия мегузарад. Он ин кишварҳоро ба шабакаи роҳи оҳани Аврупо ҳамчун як қисми системаи нақлиёти Роҳи нави абрешим (Пули заминии Авруосиё) мепайвандад.

    Арзиши сохтмони роҳи оҳан дар қаламрави Қирғизистон 1 миллиарду 340 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Азбаски Қирғизистон манбаи маблағгузории худро барои ин шоҳроҳ надорад, тахмин меравад, ки сохтмон бо пули ҷониби Чин анҷом шавад. Арзиши тахминии лоиҳа тақрибан 8 миллиард долларро ташкил медиҳад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates